Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Мирзо Турсунзода яке аз бузургтарин адибони асри ХХ эътироф шуда, бо шоҳасарҳои ҷовидонааш дар байни халқҳои дунё шуҳрати хосса дорад. Ӯ соли 1911 дар деҳаи зебои Қаротоғи водии Қисор чашм ба олам кушод. Дар тифлӣ модараш вафот кард. Дар ин рӯзгор, ки ӯ ҳанӯз хурд буд, дарду доғи модарро камтар ҳис намуд. Баъдтар Мирзо ёди модар мекунад, симои модари мушфиқу меҳрубонашро пеши назар меорад. Аммо рӯю мӯй, умуман симои модар, барояш ноаён мемонад. Ин эҳсосоти самимиро адиб дар шеъри «Модар» баъдтар ба сад дарду алам баён кардааст:
Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз, модар, кӯйи ту дар ёд нест.
Хушбахтона, шоир аз ҳаводис ноумед ва руҳафтода намегардад.
Дар анҷоми шеър боз модарро ситоиш карда, садои модарро дар шеъраш, деҳааш, дар симои занони солхӯрдаи кишвараш мебинад:
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
Мирзо дар хонаи бачагон камол ёфта, соҳибмаълумот мегардад ва дар матбуоти тоҷик кор мекунад. Пас аз он раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, то охири умр адои вазифа менамояд. Ӯ соли 1977 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм мепӯшад. Ӯро дар ҷойи хушманзараи водии Ҳисори Шодмон, доманакӯҳи Лучоб, болотар аз Душанбе ба хок супурданд. Имрӯз дар баландии Лучоб мақбараи устод бисёр зебо қомат афрохтааст. Гирду атрофи он ҳамеша сабзу хуррам ва гулпӯш аст. Махсусан, баҳорон, ки устод бисёр ин фаслро ситоиш мекард ва дӯст медошт, боз ҳам ин мавзеъ рангинтар, назарработар мегардад. Имрӯз садҳо нафар мухлиси абёти шӯрангези устод Турсунзода аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ ба зиёрат омада, аз шеъри дилангезаш қироат мекунанд, ба сари қабраш гулчанбар мегузоранд. Доир ба ҳамин лаҳзаҳо шоир Гулназар Келдӣ бисёр воқеӣ гуфтааст:
Дар сари қабри ту гиряд аз ҷудоиҳо баҳор,
Нола хезад аз дили ҳар санги хомӯши Ҳисор.
Ман чӣ гӯям, ки ту худ боре ба ҳасрат гуфтаӣ:
«Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳори бешумор».
Эҷодиёти Мирзо Турсунзода рангин ва пурарзиш аст. Ҳоло чун муште аз хирвор чанд асари устодро бароятон пешкаш менамоем.