Абдумалик Баҳорӣ

Аз ёддоштҳои адиб: «Ман баробари адабиёти бадеӣ аз хурдӣ мусиқиро дӯст медоштам, дутору ғижаку дойра менавохтам. Орзуям композитор шудан буд. Бо ҳамин мақсад, баробари мактаби миёна дар омӯзишгоҳи мусиқӣ низ таҳсили илм мекардам, ҳатто узви оркестри симфонӣ будам.

Вале соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду роҳи ҳаёти аксари наврасон низ тағйир ёфт. Омӯзишгоҳи мусиқӣ баста шуд, бинои мактабамонро ба госпитал доданд. Ман, ки ҳанӯз синфи ҳаштумро ба охир нарасонида будам, ба курси ҳаштмоҳаи муаллимтайёркунӣ даромадам ва баъди он ба институти педагогӣ.

Адабиёти бадеӣ ба илми мусиқӣ аз чанд ҷиҳат монанд аст. Ҳар дуяш ҳам образ меофарад ва эҳсосоти инсонро ифода мекунад. Ба мутолиаи адабиёти бадеӣ ман аз бачагӣ шавқ пайдо карда будам. Ҳафтае як бор ба китобхонаи шаҳрӣ рафта китоб мегирифтам. Кор ба дараҷае расид, ки раҳми модарам омада гуфт: «Писарам, ин қадар шабу рӯз сил шуда китоб нахон. Рав, ту ҳам дигар бачаҳо барин дар кӯча бозӣ карда биё».

* * *

Агар аз нашри шеъри нахустинам (соли 1945) ҳисоб кунем, ман зиёда аз 62 сол аст, ки бо кори эҷодӣ машғулам. Дар ин муддат чандин асар навиштам ва чандин китоби нависандагони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам. Як қатор драмаҳои навиштаи ман дар саҳнаи театрҳо ва телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, повестҳои «Гирдоб», «Модархонд», «Ду моҳи пурмағал», «Қаймоқи гирди коса», «Ҷабрдида» ва қиссаву ҳикояҳои фантастикии «Ҷасорати доктор Мансур», «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Сунбула», ки ин жанр дар адабиёти тоҷик падидаи нав аст, иншо кардам. Дар тӯли ин солҳо шеърҳои зиёдам, манзумаву достонҳоям нашр шуданд.

Нависандагӣ кори масъулиятнок ва пурмашаққат аст. Барои иншои китоб бисёр донистан ва заҳмат кашидан лозим. Аз асари бадеӣ хонанда бояд ҳам лаззат бараду ҳам дарс омӯзад, ба суолҳои бисёре, ки дар майнааш пайдо мешавад, ҷавоб гирад. Аз ин рӯ, ман ҳар боре, ки қалам ба даст мегирам, худро аз нав шогирд ҳис мекунам».

Чун муште аз хирвор бароятон пораеро аз қиссаи «Ду моҳи пурмағал» пешкаш менамоем.