САРСУХАН

Хонандагони азиз!

Шумо дар синфҳои 8 ва 9-ум фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқро омӯхта, дар бораи сохти давлатии мамлакатамон, вазифаҳо ва масъулияти ҳар як инсон ва шаҳрванд дар назди давлат ва ҷомеа дониши зиёд андухтед. Дар соли таҳсили мазкур шумо фанни нав – «Ҳуқуқи инсон»-ро меомӯзед. Таъкид менамоем, ки идомаи он дар синфи 11 таълим дода мешавад.

«Ҳуқуқи инсон»... Шумо бо ин мафҳуми ҳуқуқӣ бори аввал дучор мешавед. Ин мафҳум дар барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радио садо медиҳад, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ зуд-зуд ба чашм мерасад. Он ба инсон нигаронида шуда, ба ӯ хизмат мекунад. Конститутсияи мамлакати моро кушоед. Дар боби якуми он «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» шумо хоҳед хонд, ки «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (моддаи 5). Ба инъикоси ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд боби дуюми Конститутсия бахшида шудааст. Ба масъалаҳои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бисёр созишномаҳои байналмилалӣ низ бахшида шудаанд. Воқеан «ҳуқуқи инсон» чист ва чаро дар айни замон, сарфи назар аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар байни халқҳои мамлакатҳои гуногун ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон чун яке аз муҳимтарин арзишҳои тамаддуни инсонӣ дониста мешавад?

Умедворем, ки китоби дарсии мазкур ба шумо барои пайдо кардани ҷавоб ба ин саволи ҳамагонӣ кӯмак мерасонад.

Ҳарчанд қисми зиёди китоби дарсӣ ба масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ бахшида шудааст, тасдиқ кардан хатост, ки ҳуқуқи инсон танҳо ба мас- ъалаҳои қонунгузорӣ ва истифодаи он дахл мекунад. Мафҳуми ҳуқуқи инсон саршор аз ақидаҳои амиқи фалсафию ахлоқист. Асоси онро арзишҳои ахлоқие ташкил медиҳанд, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ, ривоятҳои қадимаи халқҳои гуногун, ғояҳои маорифпарварони гузашта, аз ҷумла тоҷику форс сарчашма мегиранд.

Аммо дар дунё муносибат ба ҳуқуқҳои инсон якранг нест ва ин зуҳурот пеш аз ҳама бо он сабаб арзи вуҷуд кардааст, ки ба ҷуз арзишҳои умумии ахлоқӣ дар ҳар ҷомеа арзишҳои алоҳидаи танҳо ба вай хоси дар раванди инкишофи пешинааш ташаккулёфта мавҷуданд. Ба ин тариқ, дар паси ин ҳар кадоме аз фарқиятҳо дар муносибат ба ҳуқуқҳои инсон ҳамеша фарқиятҳо дар муқаррароти арзишӣ мавҷуданд ва дарку фаҳмиши моҳият ва сабабҳои онҳо барои ҳар касе, ки ғамхорӣ ба ватан – Тоҷикистонро қарзи худ меҳисобад, басо муҳим аст.

Эҳсоси масъулият боз аз он ҷиҳат басо муҳим аст, ки ҳуқуқҳои инсон на ҳама вақт пурра риоя карда мешаванд. Маҳдудиятҳои махсуси ҳуқуқӣ, масалан, дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳои техногенӣ, низоъҳои мусаллаҳона, вабоҳои (эпидемияҳои) калону барои ҳаёти одамони зиёд хатарнок амал мекунанд. Вале ҳатто дар ин ҳолатҳо ҳам дараҷаи чунин маҳдудиятҳо аз доираи муқарраркардаи қонуни махсус берун буда наметавонад ва ҳуқуқҳои нисбатан муҳим дар ҳамин ҳолатҳо ҳам набояд маҳдуд гарданд. Дар ҳолати муқаррарӣ ҳам фаромӯш кардан мумкин нест, ки ҳуқуқҳои инсон ва вазифаҳои ӯ дар назди давлат ва ҷомеа ҳаргиз ҷудо нестанд ва барои аъзои ҷомеа дар байни ин вазифаҳо аз ҳама асосиаш вайрон накардани ҳуқуқҳои дигарон аст.

Ҷомеа ва ҳуқуқҳои инсон тағйирпазир ва рушдёбанда буда, дар баробари пешрафти инсоният якҷоя ташаккул ёфта буданд ва имрӯзу фардо низ инкишоф меёбанд. Шумо аз китоби дарсӣ батафсил мефаҳмед, ки он чӣ гуна ба амал омадааст ва баъд ба хулосаи муҳиме хоҳед омад, ки ҳамаи ҳуқуқҳои инсон тақсимнашаванда, вобастаи ҳамдигаранд ва ба якдигар алоқаманд мебошанд.

Амалишавии ҳуқуқҳои инсон ба ташаккули шахсият вобаста аст. «Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбишҳои муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд», - таъкид кардааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон.

Фаромӯш накунед, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту ташаккули минбаъдаи он чун давлати пуриқтидори демократӣ, риоя ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсонро барои ҳама кафолат медиҳад, ин кафолат ба мавқеи фаъолонаи шаҳрвандию ҳаётии инсон ва шаҳрванд вобаста аст.

Китоби дарсӣ аз фаслҳо, фаслҳо аз бобҳо ва бобҳо аз мавзӯъҳои алоҳида таркиб ёфтаанд. Барои ташаккули донишу малакаи шумо ба истилоҳоти асосӣ дар матни китоб, иқтибосҳо аз қонунҳою сарчашмаҳо ва аксҳо, инчунин саволу супоришҳо барои корҳои мустақилона, ки дар охири ҳар мавзӯъ оварда шудаанд, ҳамроҳ гардидаанд. Истифодаи самараноки онҳо ба ташаккули салоҳиятнокии шумо, толибилмон, аз фанни ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд.

Таваралӣ Нозимпур ЗИЁЗОДА

Реклама