§ 16. МАФҲУМИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДӢ

1. Мафҳуми шаҳрвандӣ ва раият. Мақоми ҳуқуқии шаҳрванд бо мафҳуми “шаҳрвандӣ” зич алоқаманд аст. Шаҳрвандӣ ҳолати табиии инсон буда, барои нишон додани робитаҳои ҳуқуқии одам бо давлати мушаххас истифода мешавад.

Шаҳрвандӣ алоқаи устувории сиёсӣ-ҳуқуқии одам ва давлат аст, ки дар маҷмӯи ҳуқуқҳо, уҳдарориҳо ва масъулияти байниҳамдигарии онҳо ифода мешавад.

Дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон монархӣ, одатан барои нишон додани шаҳрвандӣ истилоҳи “раият” истифода мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза раиятӣ, масалан, аз рӯйи қонунгузории Шветсия, Дания, Белгия ва мамлакатҳои дигар мавҷуд аст. Истилоҳи “раият” барои нишон додани мансубияти шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намешавад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон категорияҳои гуногуни одамон – шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси табааи ягон давлатро надошта, яъне бетабаа сукунат доранд. Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Халқи Тоҷикис- тонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷудияти шиносномаи (паспорти) Тоҷикистон, то гирифтани шиноснома бо шаҳодатнома дар бораи таваллуд ё дигар ҳуҷҷати ба шаҳрвандии шахс ишораткунанда тасдиқ карда мешавад.

Ҳамаи одамони шаҳрванди Тоҷикистон маҳсубшаванда мақоми якхелаи ҳуқуқӣ дошта, ба андозаи баробар соҳиби ҳуқуқу озодиҳо мебошанд ва уҳдадориҳои баробар доранд.

Боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт озодиҳо ва вазифаҳои чи ҳар одам ва чи танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон мансуббударо таҳким бахшидааст. Масалан, моддаи 27-и Конститутсия танҳо ба шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқҳои иштирок кардан дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат бевосита ё тавассути намояндагон ва дастрасиро ба хизмати давлатӣ додааст.

2. Асосҳои соҳибият ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Асоси ҳуқуқи соҳибият ва қатъ гардидани шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4-уми ноябри соли 1995 ва дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Мувофиқи моддаи 15-и Конститутсия “шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад”. Яъне, Конститутсия танҳо як ҳолати соҳибиятро ба шаҳрвандӣ таҳким бахшидааст. Дигар асосҳои соҳибият, ҳамчунин қатъ гардидани шаҳрвандӣ бо Қонуни конститутсионии зикршуда муайян карда мешаванд. Чунин асосҳо тибқи моддаҳои 15 ва 27-и Қонуни конститутсионии мазкур инҳо мебошанд:

Соҳибият ва шаҳрвандии ҶТ

Қатъ гардидани шаҳрвандии ҶТ

1

Аз рӯйи таваллуд

Дар натиҷаи баромадан аз шаҳрвандӣ

2

Бо тартиби аз қайд гузаштан

Гум кардани шаҳрвандӣ

3

Бо тартиби қабул ба шаҳрвандӣ

Дар натиҷаи бекор кардани қарор дар бораи қабули шаҳрвандӣ

4

Дар натиҷаи барқарорсозии шаҳрвандӣ

Дар натиҷаи маҳрум шудан аз шаҳрвандӣ

5

Бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ

(оптатсия)

Бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ

(оптатсия)

6

Аз рӯйи асосҳои дигар

Аз рӯйи асосҳои дигар

Соҳибият ба шаҳрвандии Тоҷикистон аз рӯйи таваллуд чунин маъно дорад, ки кӯдаки волидонаш шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеи буду боши онҳо, шаҳрвандии мамлакати моро соҳиб мешавад.

Дар сурати шаҳрвандони давлатҳои гуногун будани волидон кӯдак, агар дар қаламрави Тоҷикистон таваллуд шавад, соҳиби шаҳрвандии давлати мо мешавад: агар вай берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ таваллуд шавад, вале яке аз волидон ба таври доимӣ дар Тоҷикис- тон зиндагӣ дошта бошад, кӯдак шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб мешавад. Кӯдаке, ки яке аз волидонаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаваду волиди дигар шахси бетабаа бошад, сарфи назар аз ҷойи таваллуд, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Агар ҳар ду волид ашхоси бетабаа бошанд, вале ба таври доимӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Кӯдаконе, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранду волидонашон маълум нестанд, низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар сурати муқаррар кардани падархондии кӯдак, вақте падар шаҳрванди мамлакати мо эътироф шаваду модар шахси бетабаа бошад, кӯдаки ба синни 14-солагӣ нарасида, сарфи назар аз ҷойи таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешавад, ки волидайни ӯ дар шаҳрвандии дигар давлатҳо қарор доранду аммо ин давлатҳо ба ӯ шаҳрвандии худро надодаанд.

Бо тартиби аз қайд гузаштан ашхосе соҳиби шаҳрвандӣ мешаванд, ки ҳамсар ё хешовандашон аз рӯйи шаҷараи бевосита (бобояш, бибияш) шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ин маврид ба имконияти ақди никоҳ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси хориҷӣ басташуда диққат додан лозим аст, зери тартиби одии соҳибият ба шаҳрвандӣ ба андозаи муайян метавонад барои бастани ақди никоҳи бардурӯғ асос шавад.

Дар қонунгузории мамлакати мо нуктаи муҳимми қабул ба шаҳрвандӣ (натурализатсия) мебошад. Дар ин маврид шарти қабул ба шаҳрвандӣ зиндагии доимӣ дар мамлакат аст.

Шаклҳои нисбатан одӣ ва сабуки қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи асосҳои зерин пешбинӣ мешавад:

  1. дар шаҳрвандии собиқ ИҶШС буд;
  2. ба фарзандӣ қабул кардани кӯдаке, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст;
  3. мавҷудияти комёбиҳои барҷаста дар соҳаҳои илм, техника ва фарҳанг, ё вақте шахс соҳиби касбест, ки барои мамлакат манфиатовар аст;
  4. мавҷудияти хизматҳо дар назди халқ дар эҳёи Тоҷикистон, дар амалисозии арзишҳои умумиинсонӣ; қаблан дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ё аз рӯйи таваллуд дар шаҳрвандии Тоҷикистон будани ақаллан яке аз волидон аз рӯйи шаҷара (падар, модар, бобо, бибӣ ва ғайра);
  5. дар ақди никоҳ будан бо шаҳрванди Тоҷикистон; 6) ёфтани паноҳгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки асосҳои соҳибият ба шаҳрвандии мамлакати мо ҳамчун дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4 ноябри соли 1995 шуда метавонанд. Бо ҳамин тартиб бо қонунгузорӣ ҳолатҳои қатъшавии шаҳрвандии Тоҷикистон бо фарогирии маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва аз даст додани шаҳрвандӣ муайян гардидаанд.

Яке аз асосҳои қатъшавии табаият Тоҷикистон он гум кардани (аз даст додани) шахс маҳсуб мешавад. Қонун ду ҳолатро муқаррар кардааст, ки дар сурати мавҷудияти онҳо шахс табаиятро гум мекунад:

  1. агар шахс ба хизматӣ ҳарбӣ дарояд, дар мақомоти амният, политсия, мақомоти адлия ё дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлати хориҷӣ хизмат кунад;
  2. агар шахси ба таври доимӣ дар давлати хориҷӣ зиндагикунанда бе сабабҳои узрнок тӯли панҷ сол дар қайди консулӣ наистода бошад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам шахсони зикршуда табаиятро ба таври механикӣ гум намекунанд. Гумшавии шаҳрвандӣ (табаият) танҳо аз замони қайдшавии далелҳои мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ба амал омада, дар ин бобат баровардани ягон хел қарори махсус талаб карда намешавад.

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар натиҷаи бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ қатъ мегардад.

Тағйир ёфтани шаҳрвандии яке аз ҳамсарон шаҳрвандии кӯдакони аз ин никоҳ таваллудшуда, аз он ҷумла, кӯдакони ба фарзандхонӣ қабулкардашударо тағйир намедиҳад. Иқомати доимии шаҳрванд берун аз ҳудуди мамлакат, ба ҷуз ҳолатҳои муқарраркардаи қонун, боиси қатъшавии шаҳрвандии ӯ намегардад. Шаҳрванди дар хориҷа будаи Тоҷикистон аз ҳимоя ва парастории давлат бархурдор аст.

3. Дутабаиятӣ ва бисёртабаиятӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва қарордодҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансубияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба табаиятии давлати дигар иҷозат намедиҳад. Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4-уми ноябри соли 1995 мумкин набудани дутабаиятӣ дақиқан таъкид шудааст.

Муайян кардани мақоми ҳуқуқии шахси дутабаият дошта бо он зич алоқаманд аст, ки ӯ дар кадоме аз давлатҳо зиндагӣ мекунад. Дар ҳаҷми пурра истифода кардани он ҳуқуқу озодиҳо, ҳамчунин ба зимма доштани вазифаҳои шаҳрвандии мамлакате, ки вай дар қаламрави он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунад, бо проблемаи истиқомати доимӣ алоқаманд аст. Ба ибораи дигар, шахс ҳуқуқ надорад, ки дар як вақт ҳуқуқу озодиҳои аз шаҳрвандии ҳар ду мамлакат бармеомадаро амалӣ гардонад.

Табаиятии волидайн шаҳрвандии кӯдаконро муайян мекунад. Волидайн барои кӯдак то расидани ӯ ба синни 18-солагӣ аз тариқи якҷоя ариза додан табаиятии як мамлакатро ба роҳи рад кардани шаҳрвандии дигар мамлакат интихоб карда метавонанд. Дар мавриди набудани яке аз волидон чунин ҳуқуқро волиди дигар соҳиб аст. Тағйирёбии табаияти волидон ба тағйир ёфтани шаҳрвандии кӯдакони то 18-сола оварда мерасонад. Аммо дар сурати гум кардани шаҳрвандии давлат ва нигаҳдории шаҳрвандии давлати дигар мутаносибан шаҳрвандии кӯдакони то 18-сола тағйир меёбад. Шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида ва дутабаиятӣ дошта, метавонад ҳар ду табаиятро ҳам нигоҳ дорад, ё яке аз онҳоро интихоб намояд. Он чи ки дар боло зикр шуд, ба кӯдакони ба фарзандӣ қабулшуда ва онҳое, ки яке аз волидонашон душаҳрвандӣ дораду дигаре бетабаа ё номаълум аст, низ мутааллиқ аст.

Шахсони дутабаиятӣ дошта аз ҳимояву парастории ҳар кадоме аз давлатҳо бархӯрдоранд. Дар сурати қарор доштани онҳо дар хориҷа ҳимоя ва парасторӣ аз ҷониби давлате пешниҳод мегардад, ки онҳо дар қаламрави вай ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Шаҳрвандӣ ё табаият чист?
  2. Асосҳои соҳибият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед. Соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ аз рӯйи таваллуд чӣ маънӣ дорад?
  3. Асосҳои қатъшавии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
  4. Оё дар Тоҷикистон ба душаҳрвандӣ роҳ дода мешавад?
  5. Ин вазъиятро бодиққат хонед ва баррасӣ кунед: “Кӯдак дар Ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шуд. Волидони кӯдак шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Кӯдак соҳиби шаҳрвандии кадом давлат мешавад?

Реклама