Ҳуҷҷатҳо оид ба андоз ва боҷ. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (03. 12. 2004), Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Пардохти саривақтии андозҳо қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванд аст.
Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.
Моддаи 45-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Андоз пардохти муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ мебошад. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.
Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:
- андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- аксизҳо;
- андози иҷтимоӣ;
- андози замин;
- андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои нақлиётгард;
- андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохт мешавад;
- андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
- боҷи давлатӣ;
- андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
- андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;
- андоз ба маҳсулоти коркарди молҳо;
- дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
- андоз аз амволи ғайриманқул;
- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- андоз аз фурӯши чакана;
- дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.
Ҷамъоварии андозе, ки дар қисми махсуси ҳамин кодекс зикр шудааст, ба истиснои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад. Ҷамъоварии андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Пардохти андоз вазифаҳои ҳар кас аст. Мутобиқи моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда уҳдадор аст:
- сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;
- ҳамаи уҳдадориҳои андозро мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;
- талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро наму-
да, инчунин ҳангоми вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад;
- дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад;
- ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;
- ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи ҳамин Кодекс бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, корҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз баҳисобгирии даромадҳои (хароҷотҳои) худ, объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад;
- дар муддати на камтар аз соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ маълумоти баҳисобгирии муҳосиботӣ, дигар баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои барои ҳисоб ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвими зарурӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳдошташударо) нигоҳ дорад.
Андозсупоранда дигар уҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро иҷро менамояд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба ғайр аз уҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 1-и моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳаллӣ барои бақайдгириашон маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
- оид ба ҳамаи воҳидҳои махсусашон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таъсис, азнавташкилшавӣ ё барҳамхӯрӣ;
- оид ба эълон намудани муфлисшавӣ ё барҳамхӯрӣ, ё азнавташкилшавӣ дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи чунин қабули қарор:
- оид ба тағйир ёфтани маҳали ҷойгиршавӣ ё зист дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи чунин тағйирот.
Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои ба зимааш гузошташуда андозсупоранда мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Яке аз боҷҳои гуногуннавъ пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Пардохтҳои гумрукӣ тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
Қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (03. 12. 2004), дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қабул гардониданашон дар ин кодекс нишон дода шудааст ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф- кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Мутобиқи моддаи 350-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Шахси масъули пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз декларант ба ҳисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери (намоянда) гумрук декларатсия карда шавад, ӯ мувофиқи қисми 2-и моддаи 144-и ҳамин Кодекс барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шахси масъул ҳисоб меёбад.
- Ҳангоми риоя нашудани муқаррароти ҳамин Кодекс дар бораи истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ё иҷрои дигар талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои татбиқи расмиёти гумрукӣ ва низоми гумрукӣ, ки мазмуни онҳо пурра ё қисман аз супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карданро пешбинӣ менамояд, шахсони барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, соҳиби анбори гумрукӣ интиқолдиҳанда, шахсоне, ки ба зиммаи онҳо масъулияти риояи низомҳои гумрукӣ гузошта шудааст, ҳисоб мешаванд.
- Ҳангоми насупурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла ҳангоми нодуруст ҳисоб кардан ва (ё) дер супурдани онҳо дар назди мақомоти гумрук шахсе ҷавобгар аст, ки масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба зимма дорад.
- Ҳангоми интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба уҳдаи шахси интиқолдиҳандаи ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт огоҳ буданд ва ё бояд огоҳ мебуданд, ҳангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъуланд, ки молу воситаҳои нақлиёти ғайриқонунӣ воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ қарор додаанд, ба шарте, ки ҳангоми харидан ғайриқонунӣ ворид шудани онҳоро медонистанд, ё худ бояд огоҳ мебуданд, ки ин ваҷҳ ба таври зарурӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онҳо барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз чунин масъулиятро ба зимма доранд.
Тадбирҳои мақомоти гумрук оид ба додани товони зарар. Мақомоти гумрукӣ бо мақсади талофӣ кардани зарар тадбирҳои зеринро ба амал мебароранд: барои қабули қарори ғайриқонунӣ ҳаракат ё беҳаракатӣ шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ мувофиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ё дигар навъҳои ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мақомоти гумрукӣ ба ашхос ё амвол барои қабули қарори ғайриқонунӣ, ҳаракат ё беҳаракатии шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ ё шахсони дигар, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар овардаанд, тавони зарарро медиҳанд, агар тадбири дигаре бо Кодекси мазкур ё дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошанд. Зарари бо амалҳои қонунии мақомоти гумрукӣ расонидашуда талофӣ карда намешавад.
Кори гумрук маҷмӯи методҳо ва воситаҳои таъмини риояи батанзимдарории гумрукӣ – тарифӣ, манъкунӣ ва маҳдудиятҳое мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои батанзимдарории давлатии фаъолияти берунии иқтисодии вобаста ба ҷойивазкунии молҳо ва воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумрукӣ муқаррар карда шудааст.
Аз Кодекси гумруки
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Умуман, пардохти андозҳо ва боҷҳо вазифаи конститутсионии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моловаранда ва молбаранда мебошад, ки барои онҳо риояи кодекс ва қонунҳо ҳатми ба шумор меравад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Пардохти андозҳо ва боҷҳо барои чӣ зарур аст?
- Андоз чист?
- Фаъолияти гумрукӣ чист?