1. Ҷомеаи шаҳрвандӣ: мафҳум, унсурҳо. Давлати муосири ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бо мафҳум “ҷомеаи шаҳрвандӣ” пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҷомеа чист? Робитаи вай бо давлат чӣ гуна аст?
Фаъолияти давлат комилан ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Таркиби “ҷомеаи шаҳрвандӣ” шартист, зеро ҷомеаи “ғайришаҳрвандӣ” ва зиёда аз он “зиддишаҳрвандӣ” умуман вуҷуд надорад. Ҳама гуна ҷомеаи иборат аз шаҳрвандонро ҷомеаи шаҳрвандӣ номидан нашояд. Зери мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» навъи махсуси ҷомеае фаҳмида мешавад, ки бо дараҷаи баланди камолот, оқилӣ, мутамаддинӣ, дар он фароҳам будани шароити мусоид барои шаҳрвандони худ характернок аст. Ҷомеаи давраи сохти ибтидоии ҷамъиятиро ба сабаби дар он мавҷуд набудани мафҳумҳое чун “шаҳрванд” ва “шаҳрвандӣ” ҷомеаи шаҳрвандӣ номидан нашояд. Ҳамин тавр, ҷомеаҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ низ ҷомеаҳои шаҳрвандӣ шуда наметавонистанд.
Оё ҷомеаи замони режими тоталитариро ҷомеаи шаҳрвандӣ номидан мумкин аст?
Ҷомеаи шаҳрвандиро аз боло ҷорӣ кардан ё бо қонун таъсис додан мумкин нест. Вай маҳсули рушди дурударози таърихии худи ҷомеаест, ки тарзи махсуси зиндагӣ, тафаккур, муошират, сохти махсуси иқтисодиро дар назар дорад, арзишҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон, қадру қимат, мустақилияти рӯҳонӣ, шахсӣ, сиёсӣ, маънавии он мебошанд.
Ҷиҳатҳои асосии тавсифбахшандаи ҳама гуна ҷомеаи шаҳрвандии замони ҳозира инҳоянд:
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи худидоракунандаест, ки аъзои он – одамони озод бо мақсади қонеъсозии манфиатҳо ва талаботи худ мустақилона зиндагӣ ва меҳнат мекунанд ва дар назди гузаштаи таърихӣ, имрӯзу фардои инсоният масъулияти баланд эҳсос менамоянд.
Унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ инҳоянд: шахсият, шаҳрвандон, оила, гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ, муассисаҳо, муассисаҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, воситаҳои мустақили ахбори омма, сохторҳои ғайридавлатӣ (ғайриҳукуматӣ), бунёдҳо, марказҳо ва ғайра.
Ҷомеаи шаҳрвандиро бе шахсияти озод, ки имкониятҳои васеи фаъолияти мустақилона дорад, тасаввур кардан номумкин аст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ оила ҳамчун институти муҳимтарини сохти ҳаёти иҷтимоӣ нақши басо муҳим мебозад.
Унсурҳои иқтисодии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба моликияти хусусӣ ва фаъолияти озоди соҳибкории шаҳрвандон асос ёфтаанд. Дар шароити инқилоби иттилоотӣ ҷомеаи шаҳрвандиро бе унсурҳои иттилоотӣ, ки ба онҳо воситаҳои гуногуни ғайридавлатии ахбори омма, радио, телевизион, матбуот, робитаҳои компютерӣ ва ғайра мансубанд, тасаввур кардан мумкин нест. Дар барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ: аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳо ва бунёдҳои хайриявӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ) ва ғайра нақши муҳим мебозанд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ худидоракунанда аст. Бинобар ин, дар он нақши чунин унсурҳо чун мақомоти худидоракунии маҳаллӣ махсус мебошад. Худидоракунии маҳаллӣ имконияти иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳалли масъалаҳое, ки аҳаммияти маҳаллӣ доранд, фароҳам меорад.
2. Таносуби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи озод, демократӣ ва худрушдкунандаест, ки дар он инсон мавқеи марказиро ишғол менамояд. Он ҳамаи сохторҳои ғайридавлатиро дар соҳаҳои фаъолияти ҳаётии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ фаро мегирад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамбастагии зич ва ҳатто ягона бо давлат арзи вуҷуд мекунад, рушд меёбад ва амал менамояд, ҳарчанд дар муносибатҳои байни онҳо норизоӣ ва ихтилофот ҳам шуда метавонад, ки бояд дар доираи қонун ҳаллу фасл гардад. Одам ва давлат дар бораи “қоидаҳои бозӣ”, уҳдадориҳо ва масъулиятнокии байниҳамдигарӣ ба мувофиқа меояд. Вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз назорат кардан ва роҳ надодан ба вайроншавии ин қоидаҳо иборат мебошад.
Байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаҳои зич мавҷуданд.
Робитаи байниҳамдигарӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд чӣ тавр мушоҳида карда мешавад?
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат набояд ҳамчун мухолифин дар муқобили ҳамдигар қарор гиранд, балки дар асоси эҳтироми қонун мунтазам бо якдигар ҳамкории муназзам намоянд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бунёди мамлакати пурқуввату муътадил шарики давлат мебошад. Ҳалли бисёр проблемаҳои замони ҳозира, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо бо кӯшишҳои умумӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва институтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир аст.
3. Ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд ва мутамаддинест, ки дар он барои режими ҳокимияти шахсӣ, зӯроварӣ ба одамон, бадбинии иҷтимоӣ ҷой нест, ин ҷо ахлоқ ва қонун, принсипҳои инсондӯстӣ ва адолатнокиро эҳтиром мекунанд.
Ҷомеаи шаҳрвандии муосир вазифадор аст, ки барои бе мамониат амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои шахсият дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ, принсипҳои демократия, баробарҳуқуқӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ, идеалҳои адолатнокӣ шароиту муҳити зарурӣ фароҳам орад.
Байни вазифаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ инҳоро ҷудо кардан мумкин аст:
Соҳибкорӣ ва озодӣ, ташаббус ва салоҳиятмандии одамон, фаъолияти соҳибкории онҳо, муносибатҳои шахсии молумулкӣ ва бозор бе ҳуқуқҳои инсон имконнопазиранд. Эътироф, риоя ва ҳифзи бечунучарои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аломати муҳимтарин ва ҳамзамон шарти зарурии ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳама мамлакат аст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси эътироф ва истифодаи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташаккул ёфта, рушд мекунад. Устуворӣ ва пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сатҳи амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон вобаста мебошад.
Реклама