1. Мафҳуми «озодии виҷдон ва эътиқод». Эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи музаффариятҳои муҳимтарини инсоният медонанд. Ҳар як давлати ҳозираи демократии ҳуқуқбунёд, пеш аз ҳама озодии виҷдонро таҳким бахшида, кафолат медиҳад.
Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии инсон буда, озодии шахсият аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона баҳри худ интихоб кардани низоми арзишҳои маънавӣ дар назар дорад.
Озодии виҷдон ҳуқуқи фитриву бунёдии инсон буда, озодии ӯро баҳри интихоби ҷаҳонбинӣ пешбинӣ мекунад. Инсон ҳуқуқи худ ба озодии виҷдонро амалӣ гардонда, худро инсон эҳсос мекунад ва ҳаёташ маънӣ пайдо карда, мавқеи худро дар зиндагӣ муайян месозад. Он яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон аст, ки амалӣ гардонданаш ба шукуфоии давлат, барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалишавии дигар ҳуқуқу озодиҳо таъсир мерасонад.
Мафҳуми «озодии виҷдон» аз рӯйи маъно бо мафҳуми «озодии афкор» хеле наздик буда, бисёр вақт дар ҳамбастагӣ бо он истифода мешавад. Озодии афкор ва виҷдон ҳаҷман назар ба озодии эътиқод хеле васеъ аст, зеро аввалан, аз ҷумла, доштани ақидаҳои атеистиро низ фаро гирифта, сониян, на танҳо ҷанбаи диниро, балки ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти зеҳнӣ ва маънавии инсонро шомил мегардад. Озодии афкор ва виҷдон ҳуқуқи мутлақи инсон буда, аз ҷониби давлат маҳдуд карда мешавад.
Расми 3. Масҷид дар шаҳри Душанбе – калонтарин дар Осиёи Марказӣ
Атеист одамест, ки ба мавҷудияти ҳама гуна қувваҳои фавқуттабиӣ бовар надорад.
Озодии эътиқод яке аз унсурҳои озодии виҷдон аст. Он ба дин муносибати бевосита дошта, дар ҳамин соҳа амалӣ мешавад.
Дин ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонэҳсоскунӣ, ҳамчунин рафтору амалҳои ба онҳо мутобиқест (парастишест), ки бо боварӣ ба мавҷудияти қувваҳои фавқуттабиӣ асос меёбад.
Озодии эътиқод ҳуқуқи негативӣ буда, ҳимояи озодии дин аз ҷониби давлат, таъмини гуногуннавъии динро дар назар дорад. Давлат ҳуқуқ дорад, танҳо вақте дахолат кунад, ки қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи рафтор дар ҷомеа, қонунгузории мамлакат вайрон карда мешавад, ба ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хавф таҳдид мекунад.
Озодии эътиқод яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии инсон аст, ки ҳуқуқи ба таври инфиродӣ ё якҷоя бо дигарон эътиқод овардан ба ҳар дин, озодона интихоб намудан, доштан ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ва тибқи он амал карданро фаро мегирад.
Ба ин тариқ, озодии эътиқод инҳоро дар бар мегирад:
Расми 4. Калисои православӣ дар шаҳри Душанбе
Агар шумо дар хона намоз хондан хоҳед, касе ҳақ надорад, ки инро ба шумо манъ кунад, ба шарте ки амалҳои шумо ҳуқуқҳои дигар аъзои оиларо маҳдуд насозанд. Ё касе ҳақ надорад, ки шуморо ба рӯзадорӣ маҷбур созад. Шумо ҳуқуқ доред, барои худ интихоб кунед, ки ба кадом дин эътиқод меоред ва ё баръакс атеист бошед.
2. Давлати дунявӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти динӣ аз давлат ҷудо карда шудаанд ва наметавонанд, ки ба корҳои давлатӣ мудохила кунанд. Идеологияи ягон ҳизб, ягон дин ҳамчун «давлатӣ» эътироф карда намешавад.
Давлати дунявӣ тавсифи конститутсионӣ-ҳуқуқии давлатест, ки маънии ҷудоии дин аз давлат, маҳдуд будани соҳаҳои фаъолияти онро дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1 характери дунявӣ доштани давлатро эълон карда, муқаррар намудани ягон динро ба сифати давлатӣ ё ҳатмӣ манъ мекунад. Ҳоло дар мамлакати мо бисёр ҷомеаҳои динӣ фаъолият дошта, ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд ва ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои баробар доранд.
Моҳияти «давлати дунявӣ» манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, ҳамаи гурӯҳҳои одамон – мусалмонон, насрониҳо ва намояндагони дигар динҳо, ҳамчунин онҳоеро, ки эътиқоди динӣ надоранд, ифода мекунад. Дар фаҳмиши имрӯза моҳияти дунявӣ маънии таъмини ҳамзистии осоиштаи динҳо ва давлатро дорад, ки ба корҳои якдигар халал намерасонанд, ба ҳуқуқу вазифаҳои якдигар даъвогар нестанд. «Дунявӣ» маънии «зиддидинӣ» ё «зиддиатеистӣ» надорад. Давлати дунявӣ муқобилмаънои мафҳуми «давлати исломӣ» нест. Қонунҳои Тоҷикистон озодии эътиқоди динӣ ва фаъолияти муассисаҳои диниро эътироф мекунанд. Дар ин фаҳмиш «моҳияти дунявӣ» эҳтирому ҳифзи «эътиқодҳои динӣ», ҷаҳондарккуниҳои гуногун ва ҳимояи онро аз рақибон» инъикос менамояд.
Барои мамлакати мо, ки тӯли даҳсолҳои зиёд бехудосозии маҷбурии аҳолиро аз сар гузаронида аст, иҷрои корҳои зиёде дар пеш аст, то ки муносибатҳои динӣ моҳияти мувофиқ ба давлати мутамаддинро соҳиб шаванд.
Реклама