§ 27. ҲУҚУҚИ ОЗОДИИ СУХАН, МАТБУОТ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АХБОР

1. Мафҳум ва аҳаммияти ҳуқуқи озодии сухан, матбуот ва истифодаи воситаҳои ахбор. Байни ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан мавқеи махсусро ишғол карда, яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон маҳсуб мешавад.

Озодии сухан аз назорати идеологии давлат озод будани ҳар кас, имконияти ошкоро (хаттӣ, шифоҳӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма) баён кардани фикри худро оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти давлат дар назар дорад.

Ҳар инсон дар ҷомеа оид ба ин ё он масъала фаҳмишу мавқеъи худро дорад, вай метавонад дар бораи моҳияти онҳо, ҷанбаҳои гуногун, роҳҳои ҳаллашон андешаҳои худро баён созад. Дар ҳар ҷомеа ҳамеша нуқтаҳои назари мухолиф буда метавонанд. Плюрализми (бисёр будани) андешаҳо яке аз шартҳои рушду барқарории давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, зеро имконият медиҳад, ки муваффақиятҳо ва камбудиҳои равандҳои дар давлат ва ҷомеа баамалоянда нишон додашуда, таваҷҷуҳ ба пешниҳодҳои мушаххаси шаҳрвандон оид ба тағйир додани вазъият, аз ҷумла бобати таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии одамон, равона карда шавад.

Озодии сухан якчанд унсурро дар бар мегирад, ки бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ягонагии ногусастанӣ арзи вуҷуд мекунанд:

  1. озодии ҳар одам барои ошкоро баён кардани фикр, ғояҳо ва андешаҳои худ ва тарғиби онҳо бо ҳамаи усулҳои қонунӣ;
  2. озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма аз сензура ва ҳуқуқи шаҳрвандон баҳри таъсис додан ва истифода кардани мақомоти иттилоотӣ;
  3. озодии дастрасӣ ба манбаҳои иттилоот ё ҳуқуқи гирифтани иттилооте, ки манфиати ҷамъиятӣ дошта, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд.

Воситаҳои ахбори омма (ВАО) рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даврии барои тарғиби ошкоро пешбинишуда, ҳамчунин, намоишҳои телевизион ва барномаҳои радио, хабарҳои агентиҳои иттилоотӣ, сабтҳо ва барномаҳои аудиоӣ ва аудиовизуалӣ мебошанд.

Озодии матбуот ва истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ҳар давлати демократии замони ҳозира кафолат дода мешавад.

Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор на танҳо ба шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ тааллуқ доранд.

Стандартҳои ҳозираи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон ин ҳуқуқро таҳким бахшидаанд. Чунончи, мутобиқи моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, «ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад, ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳади давлатӣ ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту ғояҳоро дар бар мегирад».

Моддаи 19-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ба ҳамин ҳуқуқ бахшида шудааст:

«1. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ақидаҳои худро бемамониат пайравӣ намояд.

2. Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи ақидаи худ ҳақ дорад.

Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор ҳуқуқи муҳимтарини сиёсӣ ба шумор меравад ва бе таъмини он сохти демократии давлат ғайриимкон аст».

2. Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор. Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Моддаи 30-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин нишондоди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷузъ ба ҷузъ дар қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ, масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»-и соли 1990 (бо тағйироти солҳои 2002-2013), дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» (соли 2003) ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ танзим шудааст.

Ташкилоти давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки маълумоти барои воситаҳои ахбори омма заруриро пешниҳод кунанд.

Муқаррароти зерини дар моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаи 2-и қонуни зикргардида таҳкимбахшидашуда муҳим аст: «Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».

Сензура назорати ҳокимияти расмӣ ба мундариҷа, интишор ва паҳн кардани маводди чопӣ, мундариҷа ва иҷрои (намоиш додани) намоишҳои саҳнавӣ, барномаҳои радио-телевизион бо мақсади роҳ надодан ё маҳдуд кардани паҳншавии ғояҳо ва маълумотҳоест, ки ғайри қобили қабул ва зараровар эътироф мешаванд.

Дар даврони шӯравӣ муассисае бо номи «Идораи адабӣ» (Главлит) мавҷуд буд, ки маводди илмӣ, бадеӣ, мақолаҳо, барномаҳои радио ва телевизионро ҳамаҷониба аз назар мегузаронд. Ҳамаи ин маводде, ки дар онҳо ягон фикри мухолифи идеологияи расмии давлат бошад, чоп ва пахш карда намешуданд. Яъне, озодии афкор ва сухан маҳдуд буд.

Дар Тоҷикистони ҳозира сензура дар ҳамаи шаклҳо манъ аст.

3. Маҳдудияти озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» баробари ба воситаҳои ахбори омма додани ҳуқуқи озодона амал кардан баъзе маҳдудиятҳои озодии сухан ва матбуотро низ таҳким бахшидааст.

Дар моддаи 6-и қонуни мазкур омадааст, ки нашр кардани маълумоте, ки сирри давлатӣ ё ягон сирри бо қонун ҳимояшаванда мебошанд, даъватҳои зӯроварона, сарнагун сохтан ё дигар кардани сохти конститутсионӣ, пастзанандаи шаъну эътибори давлат ва Президент, тарғиби ҷанг, зӯроварӣ ва бераҳмӣ, терроризм дар ҳамаи шаклҳои зуҳуроти он, бадбинии нажодӣ, миллӣ ва динӣ, порнография, даъватҳои содир кардани кирдорҳои чун ҷиноят ҷазододашаванда дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.

Ҳамчунин истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, таарруз ба шарафу эътибори онҳо манъ буда, бо қонун таъқиб карда мешавад. Ҳар як журналист вазифадор аст, ҳуқуқҳо, манфиатҳои ҳуқуқӣ, эътибори миллии шаҳрвандон, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии ташкилотро эҳтиром намояд.

Зарари маънавии ба шаҳрванд расонидашуда дар натиҷаи дар ВАО паҳн кардани маълумоти ноҳақи доғдоркунандаи шаъну эътибори шаҳрванд, ё зарари дигари ба ӯ расонидашуда бо қарори суд талофӣ карда мешавад.

Маҳдудсозии озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор дар ҳолатҳое, ки агар маълумот ва иттилоот сирри давлатиро ташкил диҳанд ва агар дар мамлакат вазъияти фавқулода эълон шуда бошад, раво аст.

Мувофиқи моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, бо қонун муайян карда мешавад.

Сирри давлатӣ маълумоти ҳифзкунандаи давлат дар соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, муносибатҳои беруна, амнияти давлатӣ ва ҳимояи тарғиботи ҳуқуқӣ мебошад, ки паҳн кардани он ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонад.

Маълумоти зерин ба сирри давлатӣ тааллуқ надоранд;

  1. дар бораи офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар воқеаҳои фавқулода, ки ба амал омадаанд ё ба амал меоянду ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд;
  2. дар бораи ҳолати муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, дараҷаи зиндагии он бо фарогирии ғизо, либос, манзил, хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, ҳамчунин дар бораи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-демографӣ, вазъияти тартиботи ҳуқуқӣ, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ;
  3. дар бораи амалҳои ғайриҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор чист? Амалисозии ҳуқуқи мазкур барои инсон ва шаҳрванд чӣ аҳаммият дорад?
  2. Тасаввур кунед, ки дар ҷомеа озодии сухан амалӣ мешавад, аммо кафолатҳои озодии матбуот вуҷуд надоранд. Оё дар ин ҳолат озодии сухан ба таври воқеӣ амалӣ шуда метавонад? Нуқтаи назари худро далелнок созед.
  3. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии таҳкимбахшандаи озодии сухан ва матбуотро номбар кунед.
  4. Оё кӯдак метавонад, муассиси воситаҳои ахбори оммаи кӯдакона бошад?
  5. Сензура чист? Оё он дар Тоҷикистони имрӯза амалӣ мешавад?
  6. Дар кадом ҳолатҳо маҳдудияти озодии сухан ва матбуот раво аст?
  7. Сирри давлатӣ чист? Кадом маълумот сирри давлатанд?

Реклама