1. МУБОРИЗАИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ

Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия. Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст.

Дар айни замон як силсила ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: Кодекси байналмилалии рафтори ашхоси мансабдори давлатӣ (Резолютсияи Асамблеяи Генералии СММ №51, 59 аз 28 январи соли 1997), Стандартҳои умумии мубориза бар зидди коррупсия дар идораҳо ва мақомоти полис (Интерпол, соли 2002), Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз 21 ноябри соли 1997 дар бораи мубориза бар зидди харида гирифтани ашхоси мансабдори хориҷа дар муомилоти байналмилалии тиҷоратӣ, Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар мебошад.

Ҳадафи санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии зикршуда кумак кардан аст ба:

  1. қабул ва таҳкимбахшии чораҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, осонгардонӣ ва дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа;
  2. коркард ва амалисозии сиёсати пурсамари зиддикоррупсионӣ, таъмини амалиёти муътадили мақомоти махсусгардонидашуда, таъсиси низоми пурсамари хидмати давлатӣ, низоми дурусти харид, дидани чораҳо оид ба пешгирии коррупсия дар бахши хусусӣ;
  3. аз ҷониби давлатҳои иштирокдор муқаррар гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои нисбатан характерноки коррупсионӣ, таъмини ҳимояи шоҳидон ва маълумотдиҳандагон, ҷуброни хисорот аз коррупсия;

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди коррупсия. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи қонунӣ-ҳуқуқӣ сохта шуда, он бо суръати тез мукаммал мегардад.

Манбаи асосии қонунгузории зиддикоррупсионӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки меъёрҳои бевосита ба пешгирии коррупсия нигаронидашуда (принсипи тақсими ҳокимиятҳо, манъи ишғол кардани вазифаи дигар аз ҷониби ашхоси курорҳо ва машғул шудани онҳо бо фаъолияти соҳибкорӣ) дорад.

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии махсус ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия бахшидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия”, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани Агентии мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Санадҳои қонунгузории ба масъалаи ҷазодиҳӣ барои коррупсия бахшидашуда инҳоянд: Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ. Чораҳои ба решакан кардани коррупсия нигаронидашуда ҳамчунин дар дигар қонунҳо ва санадҳои зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд.

Кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо аз коррупсия. Ҳуқуқ ва озодиҳои асосии дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимёфта барои иҷро ва риоя аз ҷониби ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҳатмианд. Онҳоро бо роҳи қабули санадҳои қонунгузорӣ ва зерқонунӣ бекор кардан, тағйир додан ва ихтисор кардан мумкин нест. Бинобар ин, таҳкими конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат аз суиистифода аз ҷониби ҳокимият ба шумор меравад.

Қонунҳо ва санадҳои зерқонунии вайронсозандаи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конс- титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ дониста мешаванд.

Аз болои далелҳои мушаххаси вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳо бар асари оқибатҳои коррупсия аз ҷониби ашхоси мансабдор ба судҳои умумӣ шикоят кардан мумкин аст ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки санадҳои ғайриқонуниро бекор карда, ҳуқуқҳои вайроншударо барқарор созанд.

Кафолати муҳимми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо аз коррупсия ҳамчунин назорати прокурорӣ мебошад. Мақомоти прокуратура вазифадоранд, ки вайронкуниҳои коррупсионии ҳуқуқу озодиҳоро пешгирӣ карда, ба бекор кардани санадҳои вайронкунандаи ин ҳуқуқу озодиҳо муваффақ гарданд.

Коррупсия ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ. Ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ вобаста аз соҳаи таарруз ва дараҷаи хавфи ҷамъиятӣ тақсим мешаванд ба:

а) ҳуқуқвайронкуниҳои интизомӣ, ки барои коррупсия шароит фароҳам меоваранд;

б) ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд;

в) ҷиноятҳои характери коррупсионидошта.

Ҳуқуқвайронкуниҳои интизомии фароҳамоварандаи шароит барои коррупсия кирдорҳои пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки чораҳои ҷавобгарии интизомиро ба бор меоранд.

Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд кирдорҳои пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд, ки чораҳои таъсиррасонии маъмуриро ба бор меоваранд.

Ҷиноятҳои характери коррупсионидошта кирдорҳои тамаъкоронаи пешбиникардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд, ки аз ҷониби ашхоси ба иҷрои функсияҳои давлатӣ салоҳиятманд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифодаи мақоми хидматӣ содир кардаанд ё аз ҷониби онҳо бо додани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, афзалиятмандиҳо ва хадамоти ғайриқонунӣ алоқаманданд.

Ба ҷинояти характери коррупсионидошта бештар аз 40 ҷинояти пешбиникардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст. Байни онҳо суиистифода аз салоҳиятҳои хидматӣ, аз меъёр зиёд кардани салоҳиятҳои хидматӣ, гирифтан ва додани ришва, гирифтани инъомҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ, харидани хизматчӣ, сохтакории хидматӣ, аз худ кардан ва тороҷ намудани амвол, хариди тиҷорати суиистифода аз салоҳиятҳои кормандони ташкилоти тиҷоратӣ ва дигар ташкилот ва боз ҷиноятҳои дигар ҳастанд.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани мукофоти ғайриқонунӣ аз ҷониби шахсӣ мансабдор чун “гирифтани пора” (моддаи 319-и КҶ) арзёбӣ мегардад, гирифтани чунин пора бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷониби хизматчиёне, ки ашхоси мансабдори давлатӣ нестанд, ҳамчун “гирифтани мукофоти ғайриқонунӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ” арзёбӣ мешавад. Ба ҳамин монанд, додани мукофоти ғайриқонунӣ ба шахси мансабдори давлатӣ чун “додани пора” (моддаи 320-и КҶ), чунин амал нисбат ба хизматчии шахси мансабдори мақомоти давлатӣ набуда чун “додани мукофот ба хизматчӣ” (моддаи 325-и КҶ) арзёбӣ мегарданд.

Суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсӣ мансабдор истифода намудани ваколатҳои ҳукуматии худ бар хилофи манфиатҳои хизматӣ, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳо, ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият, ё давлатро поймол карда бошанд.

Моддаи 314-и Кодекси ҷиноятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меъёри асосии маҳдудсозии гирифтани пора ва мукофоти ғайриқонунӣ аз суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ он аст, ки ҳангоми суиистифода шахси мушаххаси пешниҳодкунандаи мукофоти моддӣ ва мутобиқан хизмати ғайриқонунӣ ҷавобан ба мукофот расонидашаванда нест.

Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кирдорҳои коррупсионӣ дар бахшӣ хусусӣ, чун азхудкунӣ ё исрофкории амволи боваркардашуда, ришвадиҳии тиҷоратӣ ё суиистифода аз ваколатҳои хизматии ташкилоти тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо ва ғайраро ба сифати ҷиноят эътироф мекунад.

Он чи ки нисбат ба шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ додан ё гирифтани пора номида мешавад, нисбат ба шахси мансабдори ташкилоти тиҷоратӣ ё ҷамъиятӣ ҳамчун ришвадиҳии тиҷоратӣ арзёбӣ мегардад.

Ташкили пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия. Пешгирӣ ва муборизаро бар зидди коррупсия дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу назорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ ба амал мебароранд.

Вазифаи ҳокимияти қонунбарор (парламент) дар ин соҳа таҳияи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва ташаккули заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия мебошад.

Ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) вазифадор аст, ки ислоҳотҳои зиддикоррупсионӣ гузаронад, қоидаҳо ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ таҳия карда, амалӣ созад, фаъолияти муътадили мақомоти махсусгардонидашударо бобати пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия таъмин кунад, ба ташаккули ҳокимияти иҷроия ва хадамоти шаҳрвандии ғайрикоррупсионӣ мусоидат кунад.

Вазифаи ҳокимияти судӣ нигаҳдории ҳокимиятҳои қонунбарору иҷроия аз суиистифода, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз худсарӣ ва поймолкуниҳо, ҷазо додани коррупсионерҳо ва мубориза бар зидди коррупсия дар муҳити худ мебошад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти махсуси зиддикорупсионӣ вазифадоранд, ки далелҳои коррупсияро ошкору пешгирӣ ва тафтиш карда, сабабҳо ва шароити ба амал омадани коррупсияро омӯзанд ва таҳлил кунанд, оид ба осон кардани равандҳо ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ, ки имконият медиҳанд, шароит барои коррупсия камтар гардад, пешниҳодҳо таҳия созанд, ба аҳли ҷомеа дар бораи ҳодисаҳои коррупсия ва вазъи корҳо дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия маълумотҳо манзур намоянд, ба маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон кумак расонанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Кадом санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ба масъалаҳои пешгирӣ вамубориза бар зидди коррупсия бахшидашуда ба шумо маълуманд?
  2. Кадом меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии коррупсия нигаронида шудаанд?
  3. Навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро номбар кунед. Онҳо азякдигар чӣ фарқ доранд?
  4. Ба андешаи шумо, оё коррупсия ҷиноят аст ва мубориза бар зидди онтанҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад?
  5. Вазифаҳои дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳоиҷамъиятӣ истодаро, ки ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия нигаронида шудаанд, тавсиф бахшед.

Реклама