§ 26. ҲУҚУҚИ ИШТИРОК ДАР МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲОИ ОСОИШТА

1. Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, маҷлисҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта: мафҳум, хусусиятҳо. Ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта унсури муҳимми ҳокимияти халқӣ, яке аз ҳуқуқи асосии сиёсии инсон ва шаҳрванд аст.

Бисёр вақт дар мамлакат чорабиниҳои оммавии барои тамоми аҳолӣ барҷаста гузаронида мешаванд.

Ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта инҳоро фаро мегирад:

  1. ҳуқуқи ташкили чорабинии оммавӣ ва иштирок дар он;
  2. ҳуқуқи аз давлат талаб кардани пешниҳоди ройгони фазои кушод (кӯчаҳо, майдонҳо, боғҳо ва ғайра) барои гузаронидани чорабиниҳо, паҳн кардани иттилоот дар ВАО, ҳамкориҳо дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳо;
  3. ҳуқуқ ба ҳимояи давлатӣ дар сурати зарурат.

Чорабиниҳои оммавиро дар шаклҳои гуногун гузаронидан мумкин аст, ки асоситаринашон ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳои осоишта, пикетҳо, манифестатсияҳо мебошанд.

Гирдиҳамоӣ шакли муташаккилии ифодаи афкори ҷамъиятӣ, дастгирии оммавии қарорҳо, талабот ва дигар муроҷиатҳои шаҳрвандон аст, ки дар ҷой ва вақти қаблан муайяншуда гузаронида мешавад.

Гирдиҳамоиҳо барои муҳокимаи масъалаҳои муҳимми ҷамъия- тӣ, аз ҷумла сиёсӣ, дастгирии ягон талабот, изҳори ҳамраъйӣ ё эътироз оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.

Намоиш шакли баёни муташаккилонаю оммавӣ ва дастаҷамъонаю инфиродии афкор оид ба ҳама гуна масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аст.

Намоиш шакли нисбатан маъмули чорабиниҳои оммавӣ аст, ки оид ба ягон воқеаи муҳимми хуш ё барои баёни эътироз мебошад. Намоишҳо метавонанд бо гирдиҳамоиҳо оғоз шаванд. Яке аз гуногуннавъҳои намоиш роҳпаймоӣ мебошад.

Роҳпаймоӣ, чун қоида, шакли пиёда қадам зада баён кардани фикру ақидаҳо аст, ки дар ин маврид гурӯҳи одамони ҳамфикри бо мақсади умумӣ муттаҳидшуда ба ҷойи муайян, масалан, назди бинои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё манбаи хатари экологӣ ва ғайра ҷамъ омада, ин ҷо ҷамъомади на чандон калон мегузаронанд. Иштирокдорони роҳпаймоӣ метавонанд, ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ эътироз ё талабот пешниҳод кунанд, аз воситаҳои агитатсияи аёнӣ, асбобҳои аудиовизуалӣ истифода намоянд. Гуногуннавъии роҳпаймоиҳо гузаштан аз мавзеи аҳолинишин ва тамоми мамлакат аст.

Пикет шакли ошкоро баён кардани афкори дастаҷамъӣ ё инфиродии шаҳрвандон бо роҳи ҷойгирсозии онҳо дар назди объекти пикетшаванда мебошад.

Пикет гурӯҳи начандон калони одамон аст, ки бо плакатҳо ва транспарантҳо дар назди ягон объект, аксаран дар назди бинои мақомоти ҳокимияти давлатӣ рост меистанд, мешинанд ва ё ба таври ҳалқашакл ҳаракат мекунанд. Пикетро як одам ҳам анҷом дода метавонад. Гуногуннавъии махсуси ташкили пикет шаҳрчаи хаймагӣ аст.

Манифестатсия омезиши навъҳои гуногуни чорабиниҳои оммавӣ аст.

На ҳамеша ҷамъшавии тасодуфии одамонро ҷамъомад ва аз ҷониби онҳо муҳокима шудани ягон масъаларо гирдиҳамоӣ номидан мумкин аст. Барои ин дар онҳо мавҷуд будани мақсадҳои якҷояи ҷамъиятӣ-сиёсӣ лозим аст. Ғайр аз ин, дар хусуси чунин ҷамъомад бояд мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешакӣ хабардор карда шаванд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо одамони тасодуфан ҷамъшуда метавонанд иштирокдори чунин чорабиниҳо шаванд. Масалан, соли 1961 дар шаҳри Берлин шаҳриён шоҳиди оғози сохтмони девори Берлин гашта, ба он эътироз баён карданд ва ба ин тариқ, ташкилкунандагони ғайриихтиёрии гирдиҳамоии зидди бунёди ин девор гаштанд.

Ҷамъомадҳои оммавии осоишта метавонанд ба масъалаҳои гуногуни байналхалқӣ бахшида шаванд. Чунин шакли чорабиниҳо аз нимаи дуюми асри ХХ маъмул гардиданд. Аҳолии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бо ин роҳ ба сиёсати ҷангҷӯёнаи ҳукуматҳои худ ё дигар давлатҳо эътироз баён мекунанд, ташаббусҳои ҷангҷӯёнаро маҳкум месозанд ва муборизаи халқҳои мамлакатҳои гуногунро барои истиқлолият дастгирӣ мекунанд.

Ҳуқуқи озодии ҷамъомадҳои осоишта дар ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таҷассум ёфтаанд. Чунончи, ҳуқуқи мазкурро моддаи 20-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳким бахшидааст, онро Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ кафолат медиҳад, ки дар моддаи 21-умаш омадааст: “Ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта эътироф карда мешавад”.

Шаҳрванд ҳақ дорад, ки дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро бо ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

Моддаи 29-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта бар фарқ аз дигар ҳуқуқу озодиҳои сиё- сӣ на танҳо ба шаҳрвандони мамлакат тааллуқ дорад, балки онро шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ метавонанд амалӣ гардонанд. Ҳуқуқи мазкур мутлақ набуда, онро метавон танҳо дар асоси қонун маҳдуд кард.

Реклама