Вазифаи ҳифзи табиат. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст.
Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯйи замин аст: мафҳуми муҳити зист низоми ягонаи табиати табиӣ ва он қисматҳои онро, ки ба сабаби фаъолияти одам дигаргун гаштааст, фаро мегирад.
Ашхоси юридикӣ ва воқеӣ ҳангоми ташаккул додани комплексҳои ҳудудиву истеҳсолӣ, рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ, бунёду азнавсозии шаҳрҳо, дигар мавзеъҳои аҳолинишин вазифадоранд, ки меъёрҳои то ҳадди охир раво донисташудаи дараҷаи сарборӣ ба муҳити табиии зисти минтақаро бо назардошти имкониятҳои потенсиалии он, зарурати истифодаи оқилонаи ҳудудҳои табиӣ бо мақсади таъмини шароити нисбатан мусоиди ҳаёти аҳолӣ, роҳ надодан ба вайроншавии системаҳои табиии экологӣ ва фарорасии тағйироти барқарорнашаванда дар муҳити табиии зист ба инобат гиранд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд табиатро эҳтиёт кунанд, сарватҳои онро ҳифз намоянд ва талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро риоя кунанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худро мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар ҳаёт татбиқ масозанд.
Асоси сабзшавии бештари муҳити зист ва инкишофи олами зиндаро об ташкил мекунад. Дар ин боб Пифагор қайд кардааст, ки ҳамаи чизи зинда аз як ҷавҳар ба амал меояд ва ин ҷавҳар об аст. Бояд қайд кард, ки нуқтаи назари Пифагор бо зикри Қуръон, ки баъди 900 сол иншо шудааст, мувофиқ аст.
Моҳи декабри соли 2003 СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул кард, ки Даҳсолаи (солҳои 2005-2015) амалиёти “Об барои ҳаёт” ном дорад. Бар асоси барномаҳо ва нақшаҳои амалиёти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 ин амалиёт бо беҳдошти муҳити зист, экология ва санитарияи на танҳо Тоҷикистон, балки дигар минтақаҳо сабаб мешавад.
Ҳамчунин, моҳи апрели соли 2018 дар заминаи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби СММ пазируфта шуд, оғоз ёфт. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги обӣ ва истеҳсолкунандаи «барқи сабз», яъне аз ҷиҳати экологӣ тоза, шинохта шавад ва як қисми аҳолии сайёра аз танқисии оби ошомиданӣ, ба воситаи дастгирии байниҳамдигарии давлатҳои ҷаҳон раҳоӣ ёбанд.
Ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои меросӣ таърихӣ-фарҳангӣ”, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад, ёдгориҳои манқул ва ғайриманқулро фаро мегиранд.
Ёдгориҳои ғайриманқул аз ёдгориҳои таърихӣ – биноҳо, иншоот, ҷойҳои ёдгорӣ, муҷассамаҳову обидаҳо, ёдгориҳои археологӣ, ғорҳо, қароргоҳҳо, шаҳрҳо, хоктеппаҳо, боқимондаҳои мавзеи сукунати қадимӣ, истеҳкомҳо, системаҳои обпартоию объёрӣ, роҳу кӯпрукҳо, қалъаҳо ва қӯрғонҳои алоҳида; офаридиҳои якҷояи инсону табиат, ҳамчунин минтақаҳо, аз ҷумла ҷойҳои маскунияти қадимӣ мебошанд, ки аз нигоҳи таърих, бостоншиносӣ ва антропология арзишманданд ва аҳаммияти калони илмиву амалӣ доранд.
Ёдгориҳои манқул аз объектҳои ягона – бозёфтҳои археологӣ, ашёи қадими муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеӣ (мусаввараҳо, графика, санъати амалӣ, кино ва суратнигорӣ) иборатанд, ки дар осорхонаҳо, фондҳо, китобхонаҳо, анборҳо, коллексияҳои гуногуни давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ маҳфуз дошта мешаванд. Соҳибони объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бояд аз мақомоти салоҳиятдор шиносномаи намунаи муқаррарии объектҳои ҳифзи мерос бигиранд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат” (аз 27. 12. 1993), “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ”, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Дар моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат” вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат зикр гардидааст.
Вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиат ба танзим даровардани муносибатҳо дар соҳаи ҳамкории ҷомеа ва табиат бо мақсади нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва муҳити табиии маскунияти одам, истифодаи оқилона ва такрористеҳсолкунии захираҳои табиӣ, бартарафсозии таъсиррасонии аз нигоҳи экологӣ хавфноки фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, беҳдошт ва беҳбуди сифати муҳити зисти табиӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи нишондодашудаи муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯза ва ояндаи ҷомеа мебошад.
Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода намоянд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд.
Моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи ҳифзи табиат”
Барои ташкили фаъолияти пурсамар ва мақсаднок оид ба таъмини сифати зарурии муҳити зист Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ғайр аз ин барномаҳои давлатии минтақавӣ ва маҳаллӣ таҳия гардидаанд, ки дар онҳо тадбирҳои оид ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои пурсамар барои беҳдошти муҳити зисти зиндагии одамон бо дурнамои оянда муайян гардидаанд.
Яке аз мисолҳои барҷастаи он сохтмон ва мавриди истифода қарор додани силсиланеругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва як қатор НБО-ҳои хурд дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазифаи конститутсионии ҳар як сокини Тоҷикистон аз ҳифзи табиат ва арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва дарки эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ин ҷода иборат аст.
Реклама