§ 34. ҲУҚУҚ БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

1. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ: мафҳум, аҳаммият. Саломатӣ ва қобилияти кории одамон арзишҳои муҳимтарини иҷтимоии давлат мебошанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 38) ҳуқуқи ҳар кас ба саломатӣ таҳким шудааст. Дар банди 1-и моддаи 170-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, саломатӣ ба номгӯйи арзишҳои шахсии ғайримоддӣ дохил карда шудааст. Дар бораи мафҳуми саломатӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Дар Оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ он ҳамчун “некуаҳволии пурраи (комили) иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии одам” зикр гардидааст. Саломати таркиб ё ҳамоҳангии сифатҳои биологӣ ва иҷтимоӣ аст.

Нигаҳдории тандурустӣ институти комплексист. Ба он тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, чорабиниҳои гуногуни иҷтимоӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, илмӣ, тиббӣ, санитарию эпидемиологӣ ва пешгирикунандае дохил мешаванд, ки давлат ба манфиати шаҳрвандони худ бояд ба амал барорад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” (соли 1997) воситаҳои асосии таъминсозии саломатӣ инҳоянд: гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳо дар ҷойи истиқомати аҳолӣ; мубориза бар зидди ин бемориҳо; таъмин кардани шароити мусоиди зиндагӣ; расонидани хизматҳои тиббӣ ва санитарӣ; дастрасии баробарии халқ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва санитарӣ; масъулиятшиносии кормандони тиб барои сари вақт расонидани хизмати босифати тиббӣ; табобат ва барқарорсозии саломатии одамон.

Ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Ба мундариҷаи ин ҳуқуқҳо омилҳои зерин дохил мешаванд:

  1. Ҳуқуқ ба гирифтани ёрии касбии тиббӣ. Мутобиқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” шаҳрвандон ҳангоми гум кардани қобилияти корӣ ва ҳолатҳои дигар ба ёрии иҷтимоии тиббӣ (табобатӣ, ташхисӣ, пешгирикунанда ва ғайра) ҳақ доранд. Чунин ёрии пешгирикунанда бояд дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ ройгон расонида шавад. Мувофиқи нишондоди ин қонун шаҳрвандон бо ёрии таъҷилии тиббӣ дар муассисаҳои наздиктарини тиббию пешгирикунанда сарфи назар аз тобеияти ҳудудию идоравии онҳо, бояд таъмин карда шаванд.
  2. Ҳуқуқ ба таъминоти саривақтӣ бо доруворӣ тавассути бастани қарордодҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ.
  3. Ҳуқуқ ба протезикунонии (ориятии) пулакӣ дар асоси қарордод.
  4. Ҳуқуқ ба табобати косметологӣ дар асоси қарордод.
  5. Ҳуқуқ ба донорӣ ва трансплантатсия.
  6. Ҳуқуқи иштирок дар озмоиши тиббӣ. Бояд дар назар дошт, ки мутобиқи моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ қарор додани инсон манъ аст.
  7. Ҳуқуқи шаҳрванд ба беҳдошти экологӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва радиатсионӣ.
  8. Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастрасӣ ба маълумот дар бораи саломатии худ ва омилҳои ба саломатии ӯ таъсиррасонанда.
  9. Шаҳрвандон ба талофӣ карда, шудани зарари ба онҳо расонидашуда ҳангоми ташхис, озмоиш ё худтабобат ҳақ доранд.
  10. Ҳуқуқи шаҳрванд ба муносибати инсондӯстонаи кормандони тиб, интихоби духтур ва муассисаи табобатию ташхискунанда, бо хоҳиши ӯ гузаронидани консилиум ва машваратҳо, ҳуқуқи даъват кардани адвокат барои ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда.

2. Расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” (моддаи 22) ва “Дар бораи фаъолияти тиббии хусусӣ” (моддаҳои 11-13 ва 15-16) ду навъи ёрии тиббӣ – ёрии тиббии ройгон ва ёрии пулакии муассисаҳои хусусии тиббиро муқаррар кардаанд.

Сифати ёрии тиббӣ аз сифати таҷҳизоти тиббӣ ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ, воситаҳои доруворӣ ва лаёқатмандии духтур сахт вобаста аст. Қонун ҳуқуқи беморро барои интихоби духтур муқаррар кардааст. Ҳамчунин, дар қонунгузории тиббӣ гурӯҳҳо ва категорияҳои муайяни бемороне муқаррар карда шудаанд, ки ба онҳо бо дастурхати (ретсепти) духтур доруворӣ ройгон ё қисман ройгон дода мешавад.

Ба ташкилу гузаронидани тадбирҳои аз бемориҳо пешгирикунандаи кӯдакон, занони ҳомиладор ва наврасон бояд диққати махсус дод.

Дар мустаҳкамшавии саломатии шахсият рушди оммавии тарбияи ҷисмонӣ аҳаммияти калон дорад.

Оид ба таҳким бахшидани заминаи моддӣ-техникӣ, рушди клубҳои машқкунию тарбияи ҷисмонӣ ва таъмин кардани онҳо бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳо андешида мешаванд.

Амалисозии ҳуқуқ ба саломатӣ бо таъмини шароити мусоиди зиндагӣ зич алоқаманд аст. Сарфи назар аз шакли моликият корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки мутобиқи техникаи бехатарӣ ва гигиенӣ бояд шароити мусоиди меҳнатро таъмин кунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Зери мафҳуми ҳуқуқ ба саломатӣ чиро мефаҳманд? Кадом ҳуқуқу озодиҳо ин мафҳумро фаро мегиранд?
  2. Зарурати ҳуқуқ ба ҳифзи саломатиро асоснок кунед.
  3. Оё худи шаҳрванд дар ҳаққи саломатии худ ғамхорӣ карда метавонад?

4.Санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва миллии кафолатдиҳандаи ҳуқуқ ба саломатиро номбар кунед.

5. Дар бораи вайрон кардани ҳуқуқ ба саломатӣ мисол оред.

Реклама