§ 3. ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

1. Мафҳуми принсипҳои ҳуқуқи инсон. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ормонҳои инсондӯстӣ, адолат, озодӣ, баробарҳуқуқӣ, таҳаммулпазириро ифода мекунанд. Амалишавии ҳуқуқҳои инсон барои инкишофи ҷомеаи муосир, ҳимояи имрӯзу фардои инсоният нақши ҳалкунанда мебозад.

Ба хотир оред, кадом хосиятҳо ва ҷиҳатҳои асосӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон хоссанд?

Ғояҳо ва муқаррарот дар бораи моҳият ва аҳаммиятнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро, ки бо таъбироти муҷаз ва рехта ифода гардида, ба сифати ҳадафҳо ва нишонҳо баҳри минбаъд амалишавии онҳо баромад мекунанд, аксаран принсипҳои ҳуқуқи инсон меноманд. Ин принсипҳо асоси арзишманди ҳуқуқу озодиҳои инсонро ташкил медиҳанд.

Расми 1. Принсипҳои ҳуқуқи инсон: Тақсимнашаванда будани ҳуқуқи инсон; Вобастагии байниҳамдигарии ҳуқуқи инсон; Робитаи байниҳамдигарии ҳуқуқи инсон; Умумӣ ва универсалӣ будани ҳуқуқи инсон.

Принсипҳои ҳуқуқи инсон ғояҳои бунёдие мебошанд, ки мундариҷа ва таъйиноти иҷтимоии ҳуқуқи инсонро муайян мекунанд.

Барои тавсифи принсипҳои асосӣ, ки бунёди риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ташкил медиҳанд, маънии мафҳумҳоеро, чун «гуманизм» (инсондӯстӣ), «баробарҳуқуқӣ», «демократизм», «ҳамраъйӣ», «таҳаммулпазирӣ», «шаъну эътибор» ва ғайра, ба хотир овардан лозим аст. Ба ин тариқ, гуманизм системаи ақидаҳоест, ки инсонро чун арзиши олитарин эътироф мекунад. Бо ормонҳои гуманизм эҳтироми шаъну эътибори ҳар як одам, эътироф кардан, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахсият пайванди ногусастанӣ дорад.

Ба хотир оред, ки зери истилоҳи «шаъну эътибори одам» чиро мефаҳманд?

Ҳамаи одамон шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои баробар доранд. Баробарҳуқуқӣ бо мафҳуми «демократизм» алоқамандии зич дорад. Муттаҳидшавӣ, ёрии байниҳамдигарӣ, дастгирӣ, эътирофи ҳамдигар ва албатта, эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон, масъулият барои рафтору амалҳои худ мафҳуми «ҳамраъйӣ»-ро ифода мекунанд. Таҳаммулнокӣ омодагӣ ба қабули дигар одамон, тавре ки ҳастанд ва бо онҳо дар асоси баробарҳуқуқӣ, ризоят ва эҳтироми якдигар ҳамкорӣ карданро пешбинӣ менамояд. Ҳамаи мафҳумҳои дар боло зикршуда принсипҳои асосии ҳуқуқи инсонро ташкил медиҳанд.

2. Принсипҳои асосии ҳуқуқи инсон. Принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон инҳо мебошанд; умумӣ ва универсалӣ будани ҳуқуқҳои инсон; тақсимнашавандагӣ ва ҳамбастагии ҳуқуқҳои инсон; баробарӣ ва манъи маҳдудсозии онҳо дар асосҳои табъизӣ.

Умумӣ ва универсалӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз принсипҳои асосӣ маҳсуб мешавад.

Универсалӣ, яъне оммавӣ, умумӣ будан аст. Универсализм мавҷудияти хосиятҳои ҳамаро фарогирандаю гуногунҷабҳаест, ки бо аҳаммиятнокии гуногунранги функсияҳои гуногунро иҷрокунанда барои бисёр мақсадҳо қобили қабул аст.

Принсипи умумиятнокӣ ва универсалӣ чунин маъниҳо дорад: якум, ҳамаи одамони рӯйи Замин соҳиби ҳуқуқу озодиҳо мебошанд; дуюм, ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо аз нуқтаи назари эътирофи мундариҷаи онҳо универсалианд: ҳаёт, ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ, озодии эътиқод, озодии ҷойивазкунӣ ва бисёр ҳуқуқу озодиҳои дигар ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз сохти давлатию сохтори ҷамъиятӣ, режими сиёсӣ, махсусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ, мақоми байналмилалии мамлакате, ки ин одамон дар он зиндагӣ мекунанд; сеюм, одам ҳар ҷое бошад ва ҳар қадар тағйири макон кунад ҳам, соҳиби ҳуқуқу озодиҳои асосӣ мебошад; чорум, ҳуқуқи инсон кори дохилии давлате нест, ки одам шаҳрванди он маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои ҳуқуқи инсон боиси нигаронии қариб ҳамаи давлатҳо, тамоми ҷомеаи байналмилалӣ гардидаанд.

Дигар принсипи муҳимтарин ҷудоинопазирии ҳуқуқҳои инсон мебошад. Моҳияти он аз ин иборат аст, ки ҳуқуқҳои инсон ба ҳар одами дар ҷаҳон зиндагикунанда, ба он сабаб ки вай ИНСОН мебошад, аз лаҳзаи таваллуд мансубанд. Касе ва чизе ҳақ надорад, ки одамро аз ҳуқуқу озодиҳои табиатан ба ӯ мутааллиқу дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ зикргашта маҳрум созанд. Худи одам ҳам моҳияти инсонии худро гум накарда, ҳуқуқҳои ҷудонопазири хешро рад карда наметавонад.

Ба принсипҳои асосӣ ҳамчунин принсипи тақсимнашавандагӣ ва ҳамбастагии ҳуқуқҳои инсон мутааллиқ аст. Моҳияти ба ҳам вобаста будани он ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ иборат аст. Вайрон кардани як гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо ҳатман боиси вайрон гардидани гурӯҳи дигари ҳуқуқу озодиҳо мегардад. Масалан, бе амалишавии як силсила ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) – ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суд ва муҳокимаю баррасии одилонаи судӣ, сиёсӣ (озодии сухан, ҳуқуқ баҳри иштирок кардан дар гирдиҳамоиҳо ва намоишҳо) баъзан ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба сатҳи шоистаи зиндагӣ, раҳоӣ аз гуруснагӣ) номумкин аст.

Тақсимнашавандагии ҳуқуқҳои инсон монеае дар роҳи табъизи одамон бо ҳар гуна асосҳо шуда, ба амалишавии боз як принсип – баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зич вобаста аст.

Табъиз маънои ҳамагуна фарқгузорӣ, истисно кардан ва афзалиятнокиро дорад, ки ба таври баробар амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳоро радд ё маҳдуд мегардонад.

Принсипи мазкур чунин маънӣ дорад, ки ҳамаи одамон ба якдигар бояд чун ашхоси баробари худ муносибат кунанд. Ҳуқуқҳо ба ҳама кафолат дода мешаванд: занҳо бо мардон ва кӯдакону ҷавонон бо калонсолон баробарҳуқуқанд, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Принсипи баробарҳуқуқӣ имтиёзҳои ноадолатонаро эътироф накарда, ҳама гуна табъизро, манъ мекунад. Аз ин рӯ принсипи манъи маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо асосҳои табъизӣ низ яке аз принсипҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад. Аммо баъзе ҳуқуқҳои инсонро давлат тибқи қонун ва танҳо ба манфиати амнияти ҷомеа, ҳимояи ахлоқ, саломатӣ ва дигар ҳуқуқҳои одамон метавонад маҳдуд кунад.

Фикр кунед ва доир ба табъиз мисол гӯед.

3. Таҳкими принсипҳои ҳуқуқи инсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ таҷассуми худро ёфтаанд.

Чунончи, тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзишҳои олианд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи мазкур аҳаммияти махсусро дорост, зеро он ғояҳои инсондӯстӣ, эҳтиром кардани қадру эътибори ҳамаи одамон, уҳдадориҳои давлат оид ба эътироф кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои асосиро таҳким мебахшад. Ғайр аз ин, тибқи моддаи 42-и Конститутсия дар қаламрави Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигар одамонро эҳтиром намояд.

Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манъи табъизро инъикос мекунад. Мувофиқи ин модда ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ҳуқуқу озодиҳои ҳар фардро кафолат медиҳад.

Дар моддаи 14-и Конститутсия нуктае таҳким ёфтааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ гардонида мешаванд ва маҳдудсозии онҳо танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ мумкин аст.

Бисёр принсипҳои бунёдии ҳуқуқи инсон дар дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Қонунгузории ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсонро таҳким бахшидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ибораи «принсипҳои ҳуқуқи инсон» чиро ифода мекунад? Асоси принсипҳои ҳуқуқи инсонро кадом мафҳумҳои муҳимтарин ташкил медиҳанд? Принсипҳои асосии ҳуқуқи инсонро номбар кунед.
  2. Ин гуфтаҳоро бодиққат хонед: «Инсондӯстӣ реша ва меваи накӯкорист. Оне сазовори таъзим кардан аст, ки соҳиби ин хислат аст» (Конфутсий); «Агар хоҳем, ки моро эҳтиром кунанд, мо низ бояд

ба дигар одамон ва умуман ба инсоният эҳтиром дошта бошем» (И. Кант). Ба андешаи шумо, ҳамаи ин суханонро чӣ муттаҳид мекунад? Ин ҷо дар бораи принсипҳои ҳуқуқи инсон сухан меравад?

  1. Шумо маънии истилоҳи «таҳаммулпазирӣ»-ро чӣ навъ мефаҳмед?
  2. Ба андешаи шумо, агар одам сатҳи шоистаи зиндагӣ надошта бошад, оё принсипҳои бунёдии ҳуқуқу озодиҳои инсон вайрон шудаанд?
  3. Оё принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтаанд?

Реклама