Санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ: мафҳум, навъҳо. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф намуда, худро давлати демократии ҳуқуқбунёд эълон кардааст. Яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд волоияти ҳуқуқ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа аст.
Байни мафҳумҳои “ҳуқуқи инсон” ва “ҳуқуқ” (чун низоми меъёрҳо) чӣ фарқ ҳаст?
Қоидаҳо ва меъёрҳои барои ҳама ҳатмии рафтор, ки ҳуқуқро ташкил медиҳанд, худ аз худ вуҷуд дошта наметавонанд, онҳо бояд дар ягон шакли барои ҳама дастрас ифода гарданд, ба таври хаттӣ дар ҳуҷҷатҳо, нишондодҳо, дастурҳои махсус таҳким ёбанд ва то ба маълумоти шаҳрвандон расонида шаванд. Чунин ҳуҷҷатҳои махсус санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошанд.
Санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳуҷҷати расмиест, дар он меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё шахсони мансабдори салоҳиятманд, ё бо роҳи раъйпурсӣ қабулшаванда ифода меёбанд.
Ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аломатҳои зерин хоссанд:
Чун қоида, ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба ду шакл – қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ҷудо мешаванд. Барои таснифи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мафҳуми дорои қувваи юридикие, ки мақомоти давлатии ин ё он ҳуҷҷатро нашркарда муайян месозанд, аҳаммияти ҳалкунанда дорад.
Санадҳое ҳастанд, ки дорои қувваи юридикӣ (қонунҳо) ва қувваи камтари юридикианд (санадҳои зерқонунӣ). Агар байни онҳо ихтилофоте мушоҳида шавад, санади дорои қувваи бештари юридикӣ амал менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб (иерархия)-и санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ чунин аст:
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ;
Нақшаро бодиққат омӯзед. Навъҳои асосии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро аз назар гузаронед.

Дар давлат қонуни аз ҳама муҳимтарини қувваи олии юридикидошта Конститутсияи мамлакат мебошад.
Конститутсия (аз лот. constititio – муқаррарот, тасдиқот) қонуни асосиест, ки эътибори олии юридикӣ дошта, асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва сохти давлатдорӣ, муносибати байниҳамдигарии миёни давлат ва шахсият, ташкил ва фаъолияти низоми мақомоти давлатиро таҳким мебахшад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохти конститутсиониро муайян карда, ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаю уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкили фаъолияти рукнҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ҳокимият, шаклҳои идоракунии давлатиро тақким мебахшад. Ҳамаи қонунгузориҳои дигар ба Конститутсия асос меёбанд, ягон санади меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд хилофи он бошад.
Ҳамаи дигар навъҳои қонунҳо дар муқоиса бо Конститутсия қувваи камтари юридикӣ доранд.
Қонун санади меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.
Ҳамаи қонунҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард:
Гуногуннавъии алоҳидаи қонунҳои ҷорӣ кодексҳо мебошанд, ки як навъ санадҳои мураккаби системаноканд.
Кодекс қонуни воҳид ва ба низом даровардашудаест, ки тавассути он дар ҳаҷми пурра, бевосита ва системанок соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешавад.
Чун қоида, дар кодекс бо тартиби муайян ҳамаи меъёрҳо ё меъёрҳои аз ҳама асосии ягон соҳаи ҳуқуқ ҷойгир гардида, онҳо ба низоми воҳид дароварда шудаанд, онҳо ба қисматҳо ва бобҳо тақсим гардида ва мувофиқа кунонида шудаанд. Чунончи, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи меъёрҳо дар бораи ҷиноятҳо ва ҷазоҳо, дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои аз ҳама муҳимми танзимкунандаи муносибатҳои амволӣ ва шахсии молумулкӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Боз як навъи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ санади зерқонунии меъёрӣ-ҳуқуқӣ аст.
Санади зерқонунӣ санади меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор бар асос қонун ва барои иҷрои он қабул карда шудааст.
Санади зерқонунӣ дар муқоиса бо Конститутсия ва қонунҳо қувваи камтари юридикӣ дорад ва аз ин рӯ набояд хилофи онҳо бошад. Санадҳои зерқонунӣ одатан аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ қабул гардида, бояд нуктаҳои асосии қонунро мушаххас гардонанд. Дар Тоҷикистон чунин санадҳои зерқонунӣ ҳастанд:
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон. Аксари кулли давлатҳои ҷаҳон ғояҳои инсонро дастгирӣ карда, онҳоро ба воситаи меъёрҳо дар бораи ҳуқуқу озодиҳо дар конститутсияҳо ё қонунҳои махсуси конститутсионӣ таҳким мебахшанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санади асосии меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро эълом дошта, кафолат медиҳад.
Эътибори асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Онҳо дар мувофиқати қатъӣ бо меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардида ва кафолат дода шудаанд. Нуктаҳо дар бораи эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Боби 2-и Конститутсия ба ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар он номгӯйи васеи ҳуқуқҳои асосии инсон инъикос гардида, ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳким ёфтаанд.
Барои иҷрои нуктаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие қабул карда мешаванд, ки онҳо низ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо нақши муҳим мебозанд.
Байни санадҳои зерқонунӣ ба сифати мисол инҳоро қайд кардан мумкин аст: барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмин намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 - 2010” “Низомнома дар бораи тартиби муҳофизати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4 феврали соли 2002 ва ғайра.
Реклама