1. Меъёрҳои таснифи ҳуқуқҳои инсон. Ҳар як одам аз лаҳзаи таваллуд то замони марг дорои маҷмӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқаманду вобастаи якдигар мебошад. Бинобар ин, ногузир зарурати дар системаи ягона нишон додани ҳамаи ин ҳуқуқу озодиҳои гуногун ва тақсим кардани онҳо аз рӯйи аломатҳои (меъёрҳои) хосашон, яъне таснифи онҳо пеш меояд.
Тасниф системаи ба андозаи баробар тобеъсозии мафҳумҳост, ки дар асоси ба назар гирифтани аломатҳои умумӣ ва алоқамандиҳои қонунии байни онҳо мураккаб гардидааст.
Чунин аломатҳои (меъёрҳои) умумӣ инҳо шуда метавонанд: соҳаҳои фаъолияти ҳаётии инсон, замони пайдошавии ҳуқуқу озодиҳо, ашхосе, ки ба онҳо мансубанд, имконияти маҳдудсозии онҳо, таҳкимбахшӣ дар санадҳои меъёрӣ ва ғайра.
Фикр кунед, ки ҳуқуқу озодиҳои табиӣ ва мусбат бо кадом аломатҳои умумӣ тавсиф мешаванд?
Ба таври дақиқ ба гурӯҳҳо (намудҳо) ҷудо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон на ҳамеша имконпазир аст ва ҳама гуна таснифот шартист. Ҳуқуқ ба таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи шахсии ҳар як одам, ҳамчун ҳуқуқи иҷтимоӣ, ки давлат кафолат медиҳад ва ҳамчун ҳуқуқи фарҳангӣ баррасӣ кардан мумкин аст.
Ҳангоми таснифи ҳуқуқу озодиҳо ба гурӯҳҳо ва намудҳо, ҳамчунин, бояд дар хотир дошт, ки ҳуқуқу озодиҳоро ба асосию дуюмдараҷа тақсим кардан нашояд. Ягон ҳуқуқ бояд боло бар- дошта ва бар зарари ҳуқуқи шахси дигар тафсир бахшида нашавад, ҳар як ҳуқуқ барои мукаммал будани зиндагии инсон зарур аст ва бо ҳуқуқи дигар набояд иваз карда шавад.
2. Тасниф аз рӯйи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ. Дар ҷаҳони имрӯза яке аз тақсимоти маъмули ҳуқуқу озодиҳои инсон аз рӯйи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии одам ва ҷамъият ба намудҳо тасниф намудан мебошад, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳо амалӣ мешаванд.
Амалан дар ҳамаи санадҳои меъёрии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва дохилидавлатии ба ҳуқуқҳои инсон умуман (на ба ягон гурӯҳи алоҳида) бахшидашуда, ҳуқуқу озодиҳо ба шахсӣ (шаҳрвандӣ), сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тақсим карда шудаанд.
Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ на танҳо ба шаҳрвандони давлат, балки ҳамаи одамоне, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, мутааллиқанд. Онҳо асоси мақоми ҳуқуқии одамро ташкил дода, аз нигоҳи баромад характери табиӣ доранд ва ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд бе ягон маҳдудият мутааллиқанд. Мубориза бо вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ вазифаи давлат мебошад. Ҳуқуқҳои муҳимтарини ин гурӯҳ инҳоянд: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият, озодӣ аз ғуломӣ, зӯроварӣ ва маҷбурсозӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва манзил, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, озодии бастани ақди никоҳ ва ғайра.
Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ имконияти иштироки одам (чун қоида, шаҳрванди мамлакат)-ро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, дар ташаккул ва амалишавии ҳокимияти давлатӣ ифода мекунанд. Ҳуқуқҳои сиёсӣ ба мустаҳкам намудани алоқамандии шаҳрванд бо ҷомеа ва давлат нигаронида шудаанд. Ҳадафи онҳо аз роҳ надодан ба муносибати бетарафонаи одамон ба тақдир ва фаъолияти давлати худ иборат аст. Бинобар ин, онҳоро ҳуқуқҳои оммавӣ низ мегӯянд. Ба ҳуқуқҳои сиёсӣ инҳо мансубанд: озодии сухан ва эътиқод, ҳуқуқи дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, озодии ҷамъомадҳо, намоишҳо ва ғайра. Ҳуқуқҳои сиёсӣ ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам якҷоя бо дигар ҳуқуқҳо метавонанд амалӣ шаванд.
Ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба таъмини некуаҳволӣ ва сифатнокии ҳаёти одам равона шудаанд. Ин ҳуқуқҳо ба одам имконият медиҳанд, ки ӯ дар соҳаи истеҳсолот ва тақсими неъматҳо иштирок карда, кафолат ва ҳимояи давлатии озодии иқтисодӣ ва муътадилии ҳаёти иҷтимоии худро соҳиб шавад. Ба ин гурӯҳи ҳуқуқҳо мансубанд: ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, озодии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқи меросгирӣ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ ва ғайра.
Фикр кунед, ки ҳуқуқу озодиҳои зерин ба кадоме аз гурӯҳҳои зикршуда мансубанд: ҳуқуқ ба баррасии боадолатонаи судӣ ва ҳуқуқ ба кумаки адвокат дар суд, ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист, ҳуқуқ ба иттилоот, озодии эҷодиёт, ҳуқуқ ба гирифтани кумакпулиҳо?
Ғояи наслҳои ҳуқуқи инсон аз шиорҳои Инқилоби бузурги Фаронса “Озодӣ, баробарӣ, бародарӣ!” маншаъ гирифта аз ҷониби ҳуқуқшинос Карел Васак таҳия шудааст.
Зери таъсири ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) пешрафти илмӣ-техникӣ, алалхусус дар соҳаи генетика, тиб, информатика, клонсозӣ, трансплантатсия (пайванди узвҳои одам) номгӯйи ҳуқуқҳои нав беш аз пеш меафзояд.
Аз рӯйи субъектҳо чунин фарқҳо мегузоранд: ҳуқуқҳои инфиродии ба ҳар одам мутааллиқ ва ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи мутааллиқ ба гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ.
Субъект – шахс, гурӯҳи одамон, ташкилот ё ягон иттиҳодияи дигаре, ки мувофиқи қонунгузории мамлакат соҳиби ҳуқуқҳо буда, ба зимма уҳдадориҳо низ дорад.
Меъёри дигари таснифот таҳкими ҳуқуқу озодиҳо дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аст. Бо асоси мазкур ҳуқуқу озодиҳоро ба асосӣ (конститутсионӣ) ва муштақ (мушаххасгардонанда) тақсим кардан мумкин аст. Ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфта, нуктаҳои асосии асноди байналмилалиро таҷассум мекунанд. Онҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон (шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ)-ро фаро мегиранд. Ҳуқуқҳои аз инҳо муштақ одатан дар санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқи миллӣ таҳким бахшида мешаванд.
Ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо вобаста ба имконияти муваққатан маҳдуд кардани давлат ба мутлақ, ки боздоштану маҳдудсозии онҳо дар ягон ҳолат мумкин нест (масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа) ва нисбӣ, ки ба муҳлати муайяне дар ҳолатҳои ҷорӣ кардани вазъияти фавқулода ё вазъияти ҷангӣ маҳдуд кардан ва боздоштан мумкин аст, ҷудо мешаванд. Чун қоида, ба ҳуқуқҳои мутлақ ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ мансубанд.
Аз рӯйи нақши давлат дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон гурӯҳҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст: ҳуқуқу озодиҳои мусбат ё позитивӣ, ки дар қонунгузории давлатӣ, чун қоида, дар шакли “ҳар инсон ба ... ҳуқуқ дорад”, “давлат вазифадор аст, ки баҳри амалишавӣ ва ҳимояи онҳо тамоми шароитро фароҳам орад” дақиқан муқаррар гардида, таҳким ёфтаанд ва ҳуқуқу озодиҳои манфӣ ё негативӣ, ки ба онҳо давлат ва шахси дигаре ҳуқуқи дахолат кардан надоранд, шомиланд. Ба ҳуқуқҳои позитивӣ мансубанд: Қисми асосии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба таҳсил ва ёрии тиббӣ, таъминоти иҷтимоӣ, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ғайра. Ба ҳуқуқҳои негативӣ аксари озодиҳои шахсӣ мутааллиқанд, масалан, озодии эътиқоди динӣ, ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ ва ғайра.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон | Эъломияи умумии ҳуқуқи башар |
1. Ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) Моддаи 2. Ҳуқуқҳои сиёсӣ Моддаи 3. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ Моддаи 4. Ҳуқуқҳои фарҳангӣ Моддаи |
Реклама