§ 14. САНАДҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

1. Санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ: мафҳум, навъҳо. Дар ҷаҳони имрӯза ҳуқуқҳои дар санадҳои гуногуни меъёрӣ-ҳуқуқии аксари кулли давлатҳо дарҷ гардида таҳким бахшида шудаанд. Ҳамаи онҳо амалан ба стандартҳои дар ин соҳа таҳиякардаи ҷомеаи байналмилалӣ такя мекунанд.

Дар айни замон маҷмӯи томи санадҳои гуногуни байналмилалӣ-ҳуқуқии ба масъалаҳои амалисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон бахшидашуда мавҷуданд. Зери мафҳуми санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, одатан, қарордодҳои байналхалқии миёни давлатҳо басташуда ва, чун қоида, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, масалан, СММ ё конференсияҳои байналмилалӣ қабулгардида фаҳмида мешаванд.

Аксари давлатҳо дар қонунгузории миллӣ афзалиятнокии принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба принсипҳо ва меъёрҳои дохилидавлатӣ қайд кардаанд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низомии ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қисми 3-и моддаи 10-и

Конститутсияи ҶТ

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ метавонанд номҳои гуногун дошта бошанд: эъломия, конвенсия, паймон, созишнома, статут (қонун, низомнома), хартия, оиннома, протокол ва ғайра.

Эъломия (декларатсия) санади ҳуқуқии байналмилалиест, ки аз принсипҳо ва ҳадафҳои умумии ҳарду ҷониб мувофиқакарда таркиб ёфтааст. Эъломияҳо қувваи ҳатмӣ надоранд, онҳо танҳо тавсияҳо ва пешниҳодҳо мебошанд.

Конвенсия созишномаи байналмилалӣ аз рӯйи ягон масъалаи махсус, проблемаи якхела мебошад, масалан, Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак.

Паймон қарордоди байналмилалии фарогирандаи гурӯҳҳои гуногуни проблемаҳо аст.

Бисёр вақт бар иловаи конвенсия ё паймон протоколҳои махсусе қабул мегарданд, ки батанзимдарории ҷузъиро фаро мегиранд. Масалан, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ду протоколи факултативӣ дорад: “Дар бораи ҷалб намудани кӯдакон ба низоъҳои мусаллаҳона” ва “Дар бораи хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона”.

Ратификатсия (тасдиқ) гардидани қарордодҳои нисбатан муҳимми байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат – сардори давлат ё парламент мебошад.

Паймонҳо, конвенсияҳо ва протоколҳо на аз лаҳзаи қабулу имзошавӣ, балки аз лаҳзаи ратификатсия (тасдиқ) шудан ҳукми амал пайдо мекунанд.

Ҳамаи қарордодҳои тасдиқкардаи давлат барои ҳамаи аҳолии он ҳатмӣ аст.

Резолютсия (аз лот. resolution – қарор) қарорест, ки дар натиҷаи муҳокимаи ягона масъала дар ҷамъомади машваратии мақомот қабул карда шудааст, (масалан, резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ).

Оиннома қарордоди байналмилалиест, ки ҳадафҳои таъсис, принсипҳо, фаъолият, сохтори дохилии ташкилотҳои гуногуни байналмилалиро таҳким мебахшад.

Статут қарордоди байналмилалиест, ки ҳадафҳо, сохтор ва функсияҳои ягон мақомоти байналмилалиро таҳким мебахшад, масалан Статути Суди байналмилалии ҷиноӣ.

Дигар навъҳои қарордодҳои байналмилалӣ ҳам мавҷуданд.

Қарордоди байналмилалии амалкунанда барои ҳамаи иштирокдорон ҳатмӣ мебошад. Давлатҳои иштирокдор метавонанд аз уҳдадориҳои худ даст кашида, аз ҳуҷҷати мазкур бароянд, яъне онро аз эътибор соқит донанд, ки истилоҳи байналмилалии он денонсатсия (лот. denuntiatio – огоҳсозӣ) аст.

Қарордодҳои байналмилалӣ метавонанд кушода ё пӯшида бошанд. Ба қарордодҳои кушодаи байналмилалӣ давлатҳо, новобаста аз ризояти дигар давлатҳои дар он ширкатдошта, ҳамроҳ шуда метавонанд.

Тоҷикистон, чун бисёр давлатҳои дигар, уҳдадор шудааст, ки қонунгузории миллиашро бо ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонад. Ин раванд имплементатсия ном дорад.

Қарордодҳои байналмилалӣ барои тасдиқ (ратификатсия) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегарданд. Дар асоси қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ кардан (ратификатсия)-и қарордоди байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санад ба имзо мерасонад, сипас он бо муҳр таҳким меёбад ва ҳамин тавр ба вай мақоми ҳуҷҷати расмӣ дода мешавад, минбаъд онро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.

Меъёрҳои расман эълоншудаи қарордодҳои байналмилалӣ, ки барои иҷрои онҳо қабул кардани қонунҳо ҳатмӣ нест, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита амал мекунанд. Нисбати иҷрои дигар меъёрҳои қарордодҳои байналмилалӣ мутобиқан санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилимиллӣ қабул карда мешаванд.

2. Билли – маҷмӯаи санадҳои асосии байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон: таърихи таҳия, мундариҷа ва аҳамияти он. Баъди Ҷанги ҷаҳонӣ маркази ҳамкориҳои давлатҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид гардид. Оинномае, ки СММ фаъолияти худро дар асоси он амалӣ месозад, 26 июни соли 1945 дар шаҳри Сан-Франсиско (ИМА) дар ҷамъомади Конфронси Милали Муттаҳид оид ба масъалаи таъсиси созмони байналмилалӣ ба имзо расида, 24 октябри соли 1945, баъди тасдиқ шудани он аз ҷониби ИҶШС, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Чин ва бисёр давлатҳои дигар ҳукми амал пайдо кард. Он нахустин ҳуҷҷати СММ гардид, ки ғояҳо ва принсипҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро инъикос кардааст.

Иҷлосияи Кулли СММ дар сессияи нахустини худ моҳи январи соли 1946 дар бораи омодасозии ҳуҷҷати махсуси байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон қарор қабул кард. Моҳи феврали соли 1946 Комиссия оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаи тайёр кардани Билл (лоиҳаи қонуни) байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон вогузошта шуд. Дар ибтидо дар назар буд, ки он як ҳуҷҷат мешавад. Баъд қарор шуд, ки Билл бояд аз се қисмат таркиб ёбад: эъломия, ки дар он принсипҳои умумӣ эълон дошта мешаванд; паймон (ё паймонҳо), ки барои давлатҳои онҳоро тасдиқкарда характери ҳатмӣ дошта бошанд ва чораҳои амалисозӣ, яъне механизмҳои назорати иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби давлатҳо.

Эъломия бо доштани моҳияти танҳо тавсиявӣ дар инкишофи минбаъдаи механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши ҳалкунанда бозида, таҳкурсии мустаҳкаме гардид, ки дар заминаи он низомҳои ҳам универсалӣ ва ҳам минтақавию байналмилалии ҳимоя ва амалисозии ҳуқуқҳои инсон бунёд карда шудаанд.

Моддаи 1-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар принсипи асосиро таҳким бахшид: “Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд”.

Эъломия аз 30 модда иборат буда, нуктаҳои умумиро тасвият мекунад. Ҳуқуқҳои асосии дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар зикргардида барои таҳияи беш аз 100 созишнома, эъломия ё дигар ҳуҷҷатҳо дар доираи низоми СММ заминаи боэътимоде гардиданд. Байни онҳо, аз ҷумла, инҳоро номбар кардан мумкин аст: Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ; Конвенсияи байналхалқӣ доир ба барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ; Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон; Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибатҳои золимонаю ғайриинсонӣ ё пастзанандаи қадру қимат ва ҷазодиҳӣ; Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак; Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дигар эъломияҳо ва ё созишномаҳо дар бораи масъалаҳое чун табъиз, генотсид, ғуломӣ, ҳамчунин некуаҳволии иҷтимоӣ, пешрафт ва рушд.

Соли 1951 ба мақсади ҳалли душвориҳои дар як қарордод муттаҳид сохтани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор қабул гардид, ки ду паймон тайёр карда шавад. Баъди меҳнати пурмашаққати солҳои тӯлонӣ Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин Протоколи факултативӣ ба он омода гардида, 16 декабри соли 1966 аз тарафи Иҷлосияи XXI Кулли СММ тасдиқ ва барои имзо кушода эълон гардида, соли 1976 ҳукми амал пайдо карданд. Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ба бекор кардани ҳукми қатл нигаронида шуда буд, аз ҷониби Иҷлосияи Кулли СММ 15 декабри соли 1989 қабул гардид. Тибқи моддаи 1-и Протокол “ҳар шаҳрванде, ки зери ҳимояи ҳуқуқҳои давлати иштирокдори Протокол қарор дорад, қатл карда намешавад”.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар якҷоя бо паймонҳои байналхалқии оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва доир ба ҳуқуқи шаҳрвандии сиёсӣ, инчунин протоколҳои факултативӣ Билли ягонаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсонро ташкил медиҳанд.

Билли байналмилалӣ ба ақидаҳо, мавқеъҳо ва фаъолияти ҳам одамони алоҳида ва ҳам ҳукуматҳои мамлакатҳои ҷаҳон таъсири калон расонд. Вай ҳуҷҷати муҳимтарини таърихиеро мемонад, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи инсон стандартҳои асосиро поягузорӣ намудааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ чист? Шумо кадом навъҳои қарордодҳои байналмилалиро медонед?
  2. Ҳуҷҷатҳои асосии ба Билли байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон воридшударо номбар кунед.

Реклама