§ 10. ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ВА ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ

1. Давлати иҷтимоӣ: мафҳум, моҳият. Дар ҷаҳони имрӯза дар назди давлат маҷмӯи томи вазифаҳои муҳимтарин меистанд, ки таъйиноти иҷтимоии давлат дар онҳо ифода мегардад.

Давлати иҷтимоӣ чун “давлати некуаҳволии умум” баррасӣ мешавад.

Арасту давлатро “иттиҳоди озодон баҳри муваффақшавӣ ба ҳаёти хушбахтона” донистааст. Дар Рими қадим шиори зер маълум буд: “Некуаҳволии халқ қонуни олитарин аст”.

Давлати иҷтимоии замони ҳозира дар фароҳам овардани шароит барои ҳаёти шоиста ва рушди озодонаи шаҳрвандон муваззаф аст.

Давлати иҷтимоӣ давлатест, ки сиёсаташ ба таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ ва рушди озодонаи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вай нигаронида шудааст.

Сиёсати иҷтимоии давлат яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ мебошад. Моҳияти давлати иҷтимоӣ дар муттаҳидшавии ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ, миллатҳо, арзишҳо ифода ёфта, аломатҳои асосии он таъмини қадру қимати инсон, адолат, масъулиятнокӣ, барҳам додани нобаробарии воқеӣ мебошад. Дар давлати иҷтимоӣ ҳама гуна шаклҳои табъизи одамон аз рӯйи аломатҳои мансубияти иҷтимоӣ манъ аст.

Инкишофи моликияти хусусӣ, ки ба тақсимоти табақавии иҷтимоии ҷомеа бурда мерасонад, аз давлати иҷтимоӣ ҳалли проблемаи нисбатан мураккаб – эътидолбахшии низоъҳоро аз рӯйи принсипи “камбағалон набошанд”, на аз рӯйи принсипи “бойҳо набошанд” тақозо мекунад. Давлат бояд роҳҳоеро дарёбад, ки пеши роҳи камбизоатии оммавиро гирифта, болоравии некуаҳволии шаҳрвандонро таъмин намояд.

Фаъолияти давлати иҷтимоӣ бевосита бо таъмину ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст.

2. Шароити шоистаи зиндагӣ. Тавре дар боло изҳор гардид, маънии фаъолияти давлати иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки давлат нишондодҳои қонуниро асос қарордода, ба худ уҳдадории барои ҳар инсон таъмин кардани шароити зиндагии шоистаи моддиро мегирад ва ҳар одам ба чунин сатҳи зиндагӣ умед баста метавонад, ки дар он на танҳо зиндагии одӣ ба сар барад, балки худро ҳамчун шахсият зоҳир карда, аз давлати худ ифтихор намояд.

Ҳуқуқи ҳар як одам ба шароити шоистаи зиндагӣ ва моҳияти он дар моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: “Ҳар як инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои тандурустию некуаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ ба вуҷуд меоянд, ҳақ дорад”. Ва минбаъд: “Модарону кудакон ба васоят, кумаки махсус ҳақ доранд. Ҳамаи кӯдаконе, ки дар аҳди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоӣ баробар истифода намоянд”.

Ба ин тариқ, шароити шоистаи зиндагӣ таъминоти одӣ бо хӯрок, либос, манзил, ёрии тиббӣ, музди меҳнат, шароити хуби маишӣ, хадамоти гуногуни иҷтимоӣ дар таъминоти коммуналӣ, қувваи барқ, об ва ғайраро фаро мегиранд.

3. Моҳият ва мундариҷаи фаъолияти иҷтимоии давлат. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ташкил кардани давлати иҷтимоиро пеш гирифта, онро дар моддаи 41-и Конститутсия таҳким бахшид. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат дар шахси мақомоти ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия оид ба самтҳои асосии зерин сиёсати иҷтимоиро таҳия месозад: дастгирии давлатии оила, модарӣ, падарӣ ва кӯдакӣ, таъйин кардани хадамоти иҷтимоии шуғл.

Давлат ба андозаи иқтидору имкониятҳои моддӣ ва молиявии худ кӯшиш мекунад, ки дар ҳаёт сиёсати иҷтимоиро татбиқ карда, дараҷаи некуаҳволии аҳолиро баланд бардорад.

Фаъолияти иҷтимоии давлат оид ва таъминсозии шароити шоистаи зиндагии аҳолӣ маблағи зиёди молиявии буҷет ва маҷмӯи томи чорабиниҳои гуногунро тақозо мекунад.

Сиёсати иҷтимоии давлат бояд оқилона бошад. Аз як тараф, фаъолияти иҷтимоии давлат ба фаъолияти озодонаи соҳибкории одамон, рушди муносибатҳои бозорӣ набояд халал расонад.

Вай дахолати номаҳдуди давлатро ба ин соҳаҳо дар назар надорад. Ҳамзамон бо кафолатнокии шароити мусоиди зиндагӣ давлат бояд бемасъулиятии шахсии шаҳрвандони алоҳидаро огоҳ созад. Таъмини ҳаёти шоиста маънии озодии номаҳдуди соҳибихтиёронаро надорад, баръакс он эҳтиром ва риояи қонунҳоро талаб мекунад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Давлати иҷтимоӣ чист?
  2. Моҳияти сиёсати иҷтимоии давлат дар чӣ ифода меёбад?
  3. Зери мафҳуми «шароити шоистаи зиндагӣ» чиро мефаҳманд?

Реклама