Мақомоти асосии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон. Бо проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба андозаи муайян ҳамаи мақомот ва муассисаҳои СММ машғуланд. Ғайр аз ин, СММ мақомоте дорад, ки вазифаи асосиашон ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои эътирофгардидаи байналмилалии инсон мебошанд. Инҳо Комиссари оид ба ҳуқуқҳои инсон, Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, Идораи Комиссари Олии СММ ба корҳои гурезаҳо, кумитаҳои гуногун ва ғайраанд.
Комиссари оид ба ҳуқуқҳои инсон. Комиссари мазкур аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ соли 1946 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии он тадқиқи ҳолати таъмин ва амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, тайёр кардани тавсияҳо ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон мебошад. Мақомоти мазкур ҳамчунин супоришҳои махсуси Ассамблеяи Генералии СММ ва Шӯрои иқтисодию иҷтимоиро ба ҷо меорад. Дар комиссия ба таври доимӣ масъалаҳои вобаста ба дағалона вайрон гардидани ҳуқуқҳои инсон муҳокима мешаванд. Комиссари оид ба ҳуқуқҳои инсон дар ин ё он мамлакат вайрон гардидани ҳуқуқҳои инсонро муқаррар карда, метавонад тафтишоти махсус гузаронад ва оид ба бартарафсозии камбудиҳо тавсияҳо таҳия намояд.
Фаъолияти комиссари мунтазам такмил меёбад. Дар айни замон баробари истифодаи ҳисобот (маърӯзаҳо)-ӣ даврии давлатҳо дар бораи вазъияти риоя ва таъмини ҳуқуқҳои инсон дар қаламрави худ комиссия аз шабакаи паҳншудаи гурӯҳҳои корӣ ва маърӯзагарон, ки ваколат доранд, ваъзият ва ҳолатҳои мушаххаси риояи ҳуқуқҳои инсонро дар мамлакати мушаххас тафтиш намоянд, истифода мекунад, шикоятҳои инфиродӣ ё шикоятҳои гурӯҳҳои одамон ва созмонҳои ғайриҳукуматиро баррасӣ менамояд. Дар оянда фаъолияти Комиссари СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон метавонад боз ҳам такмил ёбад.
Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон. Ин вазифаро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1994 таъсис додааст. Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон шахси мансабдорест, ки аз ҷонибии Муншии умумӣ таъйин шуда, ӯро Ассамблеяи Генералӣ ба муҳлати чор сол тасдиқ мекунад. Комиссари Олӣ дар фаъолияти худ Оинномаи СММ, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ба роҳбарӣ мегирад. Вай аз ваколатҳое бархурдор аст, ки имконият медиҳанд ҳама гуна проблемаҳоро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон баррасӣ намояд ва дар чорабиниҳои ба пешгирию бартарафсозии ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон нигаронидашуда иштирок кунад.
Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон вазифадор аст:
Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳамасола дар бораи фаъолияти худ ба Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон ва тавассути Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Ассамблеяи Генералӣ ҳисобот пешниҳод мекунад.
Суди байналмилалии ҷиноятӣ моҳи июли соли 1998 таъсис ёфтааст.
Барои таъсиси суд инҳо асос шуданд: 1. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиноят эътироф гардидани баъзе амалҳои зиддиҳуқуқӣ. 2. Бе ҷазо мондани бисёр ашхоси воломақоми давлатӣ, ки бар зидди сулҳ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ кардаанд. 3. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк гардидани зарурати таъсиси Суди байналмилалии ҷиноятӣ, ки бояд ба ҷиноятҳои характери байналмилалидоштаи аз ҷониби ашхоси алоҳида содиршаванда, сарфи назар аз он ки вай фармонҳои дигар одамонро иҷро кардааст ё худ чунин фармонҳо додааст, таваҷҷуҳ кунад.
Мутобиқи Статут Суди байналмилалии ҷиноятӣ мақомоти судии доимамалкунандаест, ки ваколатдор аст нисбати ашхоси ҷинояти ҷиддӣ содиркарда тибқи муқаррароти қисми 2-и Статут амалиёти судӣ иҷро кунад. Суди байналмилалии ҷиноятӣ вазифаҳои худро дар қаламрави ҳар давлати иштирокдор амалӣ гардонда метавонад. Вай чунин навъҳои ҷиноятро баррасӣ менамояд:
Суди байналмилалии ҷиноятӣ аз 18 судя иборат аст. Барои ишғол кардани мансаби судя ҳар давлати иштирокдор як нафар номзад пешниҳод карда метавонад, ки ӯ бояд шаҳрванди ҳамон давлат бошад.
Мақомоти қарордодии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон. Баробари мақомоти асосии зикргардида оид ба ҳуқуқҳои инсон мақомоти ба истилоҳ қарордодӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мавҷуданд. Онҳо, чун қоида, мутобиқи созишномаҳои байни давлатҳо басташуда таъсис мегарданд. Ба чунин мақомот инҳо мансубанд: Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон, Кумитаи зидди шиканҷа, Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Кумитаи бартарафсозии табъизи нажодӣ, Кумитаи бартарафсозии табъиз нисбат ба занон ва ғайра. Мақомоти мазкур асосан вазифаҳои назоратиро ба риояи қарордодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ба амал мебароранд.
Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон. Ин мақомоти СММ соли 1977 таъсис ёфта, ба амалишавии Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966) назорат мебарад. Кумита аз 18 нафар аъзо иборат аст, ки онҳоро давлатҳои аъзо аз ҷумлаи шаҳрвандони худ интихоб мекунанд. Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳақ дорад гузоришҳо ва шикоятҳоро дар бораи вайрон гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии инсон, ки аз давлатҳои аъзо мерасанд, баррасӣ намояд. Кумитаи шикоятҳои хаттии ашхоси алоҳидаро низ, ки ҳуқуқҳояшон вайрон карда шудаанд, баррасӣ мекунад.
Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак соли 1991 таъсис ёфта, мақомоти махсус оид ба назорат ба амалишавии нуктаҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аст. Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба иҷрои уҳдадориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак назорат мебарад.
Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак бо мақомот ва муассисаҳои махсусгардонидашуда СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ҳамкорӣ мекунад, таҳқиқу тафтиши махсуси ҳолатҳои амалишавии ҳуқуқҳои кӯдакро мегузаронад.
Кумита зидди шиканҷа дар асоси Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор ва ҷазодиҳӣ таъсис ёфтааст.
Кумита маърӯзаҳои давлатҳои иштирокдорро оид ба тадбирҳои андешидаашон бобати иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон дар роҳи татбиқи Конвенсия баррасӣ мекунад. Агар Кумита дар бораи дар ҳудуди ягон давлати иштирокдор мунтазам истифода шудани шиканҷа маълумоти боэътимод гирад, ҳақ дорад, ки он ҷо, бо гирифтани ризоияти ҳамон давлат, таҳқиқу тафтишот гузаронад.
Мутобиқи моддаи 2-и Конвенсия ҳар як давлати иштирокдор барои пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа дар қаламрави худ бояд чораҳои пурсамари қонунгузорӣ, маъмурӣ ва ғайра бинад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1994 тасдиқ кардааст.
Кумитаи бартарафсозии табъизи нажодӣ ба амалишавии Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи бартарафсозии ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ назорат мебарад.
Дар натиҷаи омӯзиши маърӯзаҳои давлатҳои иштирокдор вай метавонад оид ба проблемаҳои баррасишуда пешниҳодот манзур созад.
Кумитаи бартарафсозии табъиз нисбат ба занон соли 1982 дар асоси Конвенсия дар бораи бартарафсозии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон таъсис ёфтааст.
Ҳадафи асосии кумита назорати амалишавии муқаррароти Конвенсия аст.
Кумита маърӯзаҳо ва дигар иттилооти пешниҳодкардаи давлатҳои иштирокдорро омӯхта, аз рӯйи натиҷаҳои онҳо пешниҳодот ва тавсияҳо тайёр мекунад. Кумита бо дигар мақомоти қарордодии СММ ва Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳамкориҳои зич дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори Конвенсия дар бораи бартарафсозии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон мебошад. Вай ин Конвенсияро 26 июни соли 1993 тасдиқ карда, он барои ҷумҳурӣ аз 25 ноябри соли 1993 ҳукми амал пайдо кардааст.
Давлатҳои иштирокдор оид ба вазъи амалишавии конвенсияҳои дар боло зикршуда давра ба давра маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд. Дар сурати зарурат Кумита комиссияи мусолиҳавие таъсис медиҳад, ки он баҳси мазкурро омӯхта, ба Кумита якҷоя бо тавсияҳо ва хулосаҳо оид ба масъалаи мавриди баҳс маърӯза пешниҳод мекунад. Раиси кумита маърӯзаи комиссияро ба ҳар кадоме аз давлатҳои баҳскунанда мефиристад.
Оид ба бисёр конвенсияҳо имконпазирии пешниҳод кардани шикоятҳои инфиродӣ ё дастаҷамъона бобати ҷой доштани ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳо, ки дар натиҷаи онҳо давлати мушаххаси иштирокдори Конвенсия метавонад зарар бинад, пешбинӣ шудааст.
Реклама