§ 2. МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

1. Моҳияти ҳуқуқи инсон. Дар фалсафа истилоҳи «моҳият» хосияти доимию асосии ашёро ифода мекунад, ки бе он вай маъние надорад. Барои муайян кардани моҳияти ҳуқуқҳои инсон зарур аст, ки хосиятҳо ва ҷиҳатҳои асосии ифодакунандаи ҳуқуқ ва озодиҳо ҳамаҷониба омӯхта шаванд. Ба қатори чунин ҷиҳатҳои асосӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст:

Аввалан, ҳуқуқҳои инсон дар одамон аз лаҳзаи таваллуд чун шарти ҷудонопазири мавҷудият, ки табиати одамӣ барои зиндагию инкишофи ӯ талаб менамояд, пайдо мешаванд.

Дуюм, дар ҳуқуқҳои инсон арзишҳои муҳимтарини умумиинсонӣ, ки бояд онҳо ҳар кадоме, сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, эътиқоди динӣ ва асосҳои дигар истифода шаванд, ифода мегарданд. Ҳуқуқҳои инсон худ арзиши волотаринанд, ки бояд ҳимоя шаванд.

Сеюм, ҳуқуқҳои инсон андозаи озодии одам ва имкониятҳои истифода аз неъматҳои моддию маънавист, ки байни онҳо ин унсурҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ҳаёт, саломатӣ, шараф, эътибор, амнияти шахсӣ, моликият ва боз бисёр чизҳои дигар. Дар ин маврид ҳуқуқҳои инсон аз уҳдадориҳо дар назди ҷомеа ва давлат ҷудонашавандаанд ва уҳдадории аз ҳама муҳим вайрон накардани ҳуқуқҳои дигарон аст.

Чорум, ҳуқуқҳои инсон мавқеъ ва нақши одамро дар ҳаёти ҷомеа инъикос менамояд. Дар сурате ки эътибори одам паст зада нашавад, худро дар рафтор ва масъулият барои амалҳояш озод ҳис кунад, ҳуқуқҳои ӯ боэътимодона ҳимоя шуда бошанд, инсон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолона иштирок мекунад.

Панҷум, ҳуқуқҳои инсон дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва қонунгузории ҳар давлат зикр шудаанд. Чунончи дар конститутсияҳои аксари мамлакатҳои ҷаҳон қисматҳо ё бобҳои алоҳидаи ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшидашуда мавҷуданд.

Шашум, амалисозии ҳуқуқҳои инсон ба кафолатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, яъне ба шароити ҳар як мамлакати мушаххас вобастаанд. Ба кафолатҳои иқтисодӣ инҳо мансубанд: инкишофи иқтисодии мамлакат, сарватҳо ва неъматҳои моддии ҷомеа, дараҷаи даромади шаҳрвандон. Масалан, амалисозии ҳуқуқ ба манзил бевосита ба суръати сохтмони манзилгоҳҳо ва ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ба инкишофи системаи нигоҳдории тандурустӣ вобаста аст. Ба кафолатҳои сиёсӣ махсусиятҳои инкишофи демократия дар мамлакат, гуногунрангии сиёсӣ, тақсимоти ҳокимият, мавҷудияти ташкилоти ҷамъиятиро мансуб донистан мумкин аст.

Ҳамаи онҳо ба амалисозии чунин ҳуқуқҳои сиёсӣ, масалан, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ ва ғайра таъсир мерасонанд. Ба кафолатҳои ҳуқуқӣ зикр гардидани ҳуқуқҳои инсон дар қонунгузории давлат ва амалисозии нуктаҳои қонун дар амалияро мансуб донистан мумкин аст. Ҳама гуна санадҳо, фармонҳо, амру фармоишот, дастурҳо, ки ҳуқуқу озодиҳои муқарраргардидаро кам ё инкор мекунанд, ғайриқонунӣ мебошанд.

Фикр кунед, ки зери мафҳуми кафолатҳои маънавӣ чӣ дар назар дошта мешавад? Оё дараҷаи маданиятнокии ҷомеа, маълумотнокии одамон, маънавияту рӯҳоният ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон таъсир расонда метавонанд?

2. Нақш ва вазифаҳои ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҳозира. Инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи ҳозира нақши ҳалкунанда мебозад. Риояи ҳуқуқҳои инсон муттаҳидии ҷомеаро таҳким мебахшад, ташаббускорӣ, некуаҳволии моддӣ, ватандӯстӣ, ҳисси эҳтиром ба Ватанро афзун месозад.

Дар шароити эътироф ва ҳимояи қадру номуси шаҳрвандон нақши ташаббусҳои ҷамъиятӣ афзуда, ҳар гуна институтҳои ҷамъиятӣ таъсис меёбанд, воситаҳои нави ахбори омма пайдо мешаванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, рӯ ба рушд меорад.

Вазифаи ахлоқӣ-маънавии ҳуқуқҳои инсон дар ҳамаи намояндагони ҷомеаи ҳозира ташаккул додани арзишҳои ахлоқӣ эътиқоде мебошад, ки ҳуқуқ, озодиҳо, шаъну эътибори инсон, сулҳ дар тамоми ҷаҳон, адолатнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дигар арзишҳоро ҳимоя мекунад.

Вазифаи ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқҳои инсон, ки дар одамон ташаккул додани муқаррарот ва муносибати ҷаҳонбинӣ ба равандҳои инкишофи ҷомеа ва давлат, пеш аз ҳама, инсондӯстӣ (гуманизм) ва рад кардани зӯроварӣ, тарбияи эҳсоси масъулият барои рафтори худ баҳри тақдири Ватан ва умуман инсониятро дар назар дорад, ба он хеле наздик аст.

Вазифаи маърифатноксозие, ки ҳуқуқи инсон ба ҷо меорад, тарғиби иттилоот, донишҳо дар бораи озодӣ, шаъну эътибори одам, механизмҳои амалисозиву ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ғайра мебошад. Танҳо одами бомаърифат метавонад ҳуқуқхои худро амалӣ созад.

Вазифаи ҳуқуқии ҳуқуқҳои инсон таъмини амният ва ҳимояи шахсиятро аз таҳдидҳои бешумор ба мавҷудияти он, нигоҳдории тартибот дар муносибати байни одамон, ҳамчунин, миёни одам ва давлатро дар назар дорад.

Ниҳоят, вазифаи сиёсии ҳуқуқҳои инсон ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои иҷтимоан фаъол мебошад.

Ҳамин тариқ, амалисозии ҳуқуқҳои инсон барои инкишофи ҷомеаи ҳозира нақши ҳалкунанда дорад. Некуаҳволии мамлакат аз мавқеи худи шаҳрвандон, ки алоқамандии худро ба тақдири хеш ва ояндаи ворисон хуб мефаҳманд, вобастагӣ дорад.

Савол ва супоришҳо

  1. Кадом ҷиҳатҳо асоси моҳияти ҳуқуқҳои инсонро муайян мекунанд?
  2. Кафолатҳоеро, ки ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон таъсир мерасонанд, номбар кунед.
  3. Ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи ҳозира кадом вазифаҳоро ба ҷо меоранд?

Реклама