1. Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ: мафҳум, аҳаммият. Бояд дар назар дошт, ки асоси озодӣ, адолат, эҳтиром ва арзиши шахсии инсон ҳуқуқҳои инсон мебошанд ва дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байналмилалӣ, амсоли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (моддаи 22), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (моддаи 10) ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ чун воситаи болоравии ҳаёти арзанда қайд шудааст. Моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ муқаррар кардааст. Мувофиқи он ба ҳар кас дар пиронсолӣ, дар ҳолатҳои беморӣ, маъюбӣ, аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз парастор ва ҳолатҳои дигар, ки қонун муайян мекунад, таъминоти иҷтимоӣ кафолат дода мешавад. Нақши давлат дар амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар таъминоти иҷтимоӣ басо бузург аст.
Дар низоми давлатӣ таъминоти иҷтимоӣ ба унсурҳои зерин ҷудо мешавад: низоми нафақа; низоми кумакпулиҳо ва нигоҳдошти маблағ; низоми расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандони пиронсол, маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва бекорон.
Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ ба нафақа ба сабаби пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва гирифтани кумакпулиҳо ҳангоми беморӣ ва барои тарбияи кӯдакон ва ғайраро фарогир аст.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ. Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ифодаи кафолати давлатӣ дар фароҳам овардани шароити зарурӣ дар ҳолати аз даст додан ё гум кардани имконият ва қобилияти корӣ, мустақилона пул кор кардан ё кумакпулӣ барои таваллуди кӯдак ва тарбияи он мебошад.
Дар низоми таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ ба нафақа мавқеи марказиро ишғол менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ду навъи нафақаҳоро муқаррар кардааст: нафақаи меҳнатӣ ва нафақаи иҷтимоӣ. Нафақа барои пиронсолӣ, ҳангоми маъюбӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва ғайра ба навъи якум дохил мешаванд.
Нафақаи пиронсолӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 25- сол ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 20-сол муқаррар карда шудааст.
Нафақаи иҷтимоӣ бо тартиби махсус, яъне ба шахсоне дода мешавад, ки аз гирифтани нафақаи меҳнатӣ маҳруманд. Навъи дигари таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқи гирифтани кумакпулӣ мебошад. Ин кумакпулӣ ҳангоми муваққатан ғайри қобили кор будан ва гузоштани протез ва ғайра дода мешавад.
Давлат бо тартиботи қонунӣ муайян кардааст, ки кадом мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонро таъмин кунад. Амалисозии ин ҳуқуқҳо аз замони бавуҷудоии онҳо вобаста аст.
Дар ин маврид ҳар кас ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти ҳифзи иҷтимоиро барои додани нафақа ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ин хусус соҳиб мешавад. Қонунгузорӣ асосан баъди баромадан ба нафақа ҳатман аз кор рафтанро пешбинӣ намекунад.
Шахси дар таъминоти одами дигар қарордошта дар мавриди маҳрум шудан аз сарпараст ҳуқуқи гирифтани нафақаро соҳиб мешавад.
Кӯдакони то 18-сола ва муҳассилин ҳуқуқ доранд чунин нафақаро то синни 23-солагӣ гиранд.
Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоиро кӯдакони маъюби гурӯҳҳои 1, 2 ва 3, мардони синнашон 63-сола ва занҳои синнашон 58-сола, кӯдакони аз сарпарастони худ маҳрумшуда, ҳамчунин маъюбони то 16-сола доранд.
Қонунгузорӣ ду навъи кумакпулии оилавиро пешбинӣ кардааст:
кумакпулии яквақта ҳангоми таваллуд шудани кӯдак ва кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак то якунимсола шудани вай.
3. Кумаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ. Бо назардошти шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ додани кумакпулӣ ба бекорон аҳаммияти фавқулода дорад. Одам дар он маврид бекор ҳисобида мешавад, ки вай аз ҷойи кор маҳрум гашта, бо мақсади дарёфти кори мувофиқ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар қайд истода бошад.
Кумакпулӣ ба одами бекор ба андози 50 фоизи андозаи минималии музди меҳнати ҷойи охирини кор дода шуда, вай набояд аз андозаи муқарраршудаи минималии музди меҳнат кам бошад. Ба ин тариқ, аҳаммияти ин кумакпулӣ дар он ифода мегардад, ки шахс ҳар қадар муваққати кор накунад, қонунгузорӣ гирифтани даромади муайянро барои пешбурди зиндагӣ кафолат медиҳад. Дигар шакли кумак ин кумак дар мавриди дафнкунӣ аст ва он ба шахсе дода мешавад, ки аз аҳли оилааш касе фавтидааст. Андозаи ин кумак ба андозаи 12 каратаи музди меҳнат баробар аст ва аз ҷониби корхона – ҷойи кори асосии корманд дода мешавад. Шарти асосии гирифтани ин кумакпулӣ шаҳодатнома дар бораи фавт аз мақомоти САҲШ (ЗАГС) мебошад.
Ҳуқуқи гирифтани кумак дар давраи корношоямии муваққатӣ низ ба низоми таъминоти иҷтимоӣ дохил мешавад. Кумак дар давраи корношоямии муваққатӣ аз фонди истеҳсолӣ дар мавриди муваққатан қобилияти кориро гум кардани корманд ё хизматчӣ дода мешавад.
Шахс ҳақ дорад барои корношоямии муваққатӣ дар тамоми давраи корношоямӣ кумакпулӣ гирад, вале он дар мавриди бемориҳои фитрӣ низ набояд аз 4 моҳ зиёд бошад, аммо дар мавриди гирифторӣ ба касалии сил набояд аз 12 моҳ зиёд бошад. Кумакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатнома дар бораи таваллуд дода мешавад. Ин кумакпулӣ дар ҳаҷми пурраи музди меҳнат дар давраи рухсатӣ дода мешавад, ки 70 рӯзи тақвимро баъди таваллуд фаро мегирад.
Реклама