§ 12. БУНЁДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ИҶТИМОӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барқарории давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳар мамлакат рушди ормонҳои давлатдории демократӣ ва принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба махсусиятҳои ватанӣ такя карда, ба шароити ташаккулёфтаи таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, хусусиятҳои шуур ва мавқеи фаъолонаи аҳолӣ вобаста аст. Баъди эълон шудани истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ба сохтани давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона намуд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳо, унсурҳо ва аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд пурра таҷассум ёфтаанд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Қисми 3-и Моддаи 5-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи моддаи 17-и Конститутсия давлат ба ҳар кас ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар фаъолияти худ кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин кунанд.

Дар таъмини ҳуқуқҳои инсон мақомоти ҳокимияти иҷроия, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд нақши калон бозанд.

Тибқи моддаи 84-и Конститутсияи ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқ ва озодиҳои шахсият, манфиатҳои давлат, созмону муассисаҳоро ҳифз менамояд.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моддаи 1-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон васоити мустақили ахбори омма, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолона рушд мекунанд. Аммо раванди барқарорӣ ва рушди давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуру дароз ва мураккаб аст. Вай аз бисёр омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунин аз мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ ва масъулиятнокии ҳар як инсони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагикунанда вобаста аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Мундариҷаи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он давлат ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ эълон шудааст, баррасӣ намоед ва шарҳ диҳед.
  2. Кадом унсурҳо ва ҷиҳатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд?

Реклама