1. Меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқ. Муносибатҳои байни одамон дар ҷомеа бо низоми меъёрҳои иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешаванд, ки асоситарини онҳо меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Дар меъёрҳои ахлоқӣ тасаввурот дар бораи некию бадӣ, адолату эътибор, шарафу шафқат ифода ёфтаанд. Меъёрҳои ахлоқ маҳсули рушди таърихии инсоният мебошанд, онҳо дар рафти муборизаҳо бо бадӣ, барои барқарории некию инсондӯстдорӣ, бахту саодати одамон ташаккул ёфтаанд. Ба сурати умум мундариҷаи ахлоқ дар “Қоидаи тиллоӣ”, ки ҳанӯз дар Юнони қадим, Ҳиндустону Чин маълум буд, ифода ёфтааст: “Нисбат ба дигарон тавре рафтор намо, ки нисбат ба ту низ чунин рафтор кунанд”.
Меъёрҳои ахлоқӣ (маънавӣ) дар афкори ҷамъиятӣ тарҳрезӣ гардида ва бо худи ҳамин афкор аз вайрониҳо эмин монда, чун қоида, бар асари муътақидии шахсӣ ва одатҳои одамон ба ҷо оварда мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқ аз ҷониби давлат муқаррару тасдиқ мегарданд ва бо меъёрҳои ахлоқ алоқамандии зич доранд. Чунончи панди бузургон “Ҳуқуқ санъати некию адолатнокист” алоқамандии таркиби ҳуқуқ ва ахлоқро бозгӯ мекунад, ки мувофиқи ин муқаррарот қонунҳо бояд боадолатона ва инсондӯстона бошанд.
Меъёрҳои умумиинсонии ахлоқ арзишҳои маънавианд. Ҳуқуқҳои инсон бо арзишҳои ахлоқӣ алоқамандии зич доранд. Мафҳумҳои мазкур ё якдигарро пурра месозанд, ё дар ҳамбастагӣ аҳаммияти умумиро моликанд. Вақте сухан дар бораи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, дараҷаи инкишофи муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки бо ҳуқуқҳои инсон бевосита алоқаманданд. Ҳуқуқҳои инсон низ арзише маҳсуб мешаванд, ки дигар категорияҳои ахлоқиро муттаҳид месозанд.
Ҳамаи он чизҳоеро, ки рӯҳияи мусбат дошта, ҳамчун некуаҳволӣ, некукорӣ, кумак ва зарурат баррасӣ мешаванд, арзиш меноманд.
Арзишҳо идеалҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи маънавие мебошанд, ки инсоният ба онҳо муваффақ шуда, дар шуури ҷамъиятӣ таҷассум сохтааст.
Арзишҳо таваҷҷуҳро ба худ ҷалб карда, ҳамчун сарват ва манфиат баррасӣ мешаванд ва тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаё- тии одам ва ҷомеаро фаро мегиранд. Онҳо мувофиқсозандаи манфиатҳои шахсият ва ҷомеа, таъминкунанда ва болобарандаи шаъну эътибори инсон, нигоҳдорандаи тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд.
2. Ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши умумииинсонӣ. Ҳуқуқи инсон арзиши бузургтарини маънавӣ мебошад. Он чун арзиши умумиинсонӣ аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Мундариҷаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун арзиши маънавӣ як силсила категорияҳои ахлоқӣ муайян мекунанд, аз ҷумла, инсондӯстӣ, озодӣ, адолат, шаъну эътибор, виҷдон, поквиҷдонӣ ва ғайра. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ, дахлнопазирии манзил, махфияти мукотибот ба меъёрҳои ахлоқии ҳалимӣ, раҳмдилӣ, боодобӣ асос ёфтаанд. Дар ҳуқуқи ҳимояи баробар аз ҷониби қонун ва баррасии одилонаи судӣ мафҳумҳои маънавии баробарӣ, боварӣ, кумаку дастгирӣ, худидоракунӣ мавҷуданд. Озодии афкор, виҷдон, дин, эътиқод ба хирадмандӣ, мулоҳизакорӣ, зиёӣ будан, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ба раҳму шафқат, саховатмандӣ ва адолат асос меёбанд.
Арзишҳои ахлоқии бо ҳуқуқҳои инсон алоқамандро ба хотир оред.
Инсондӯстӣ ҷараёни афкори ҷамъиятиест, ки дар даврони Эҳё пайдо шуда, арзишмандии ҳар як шахсияти инсониро таҳким бахшидааст ва чунин арзишҳои ахлоқиеро муайян кардааст, ки ҳуқуқҳои инсонро таъмин ва ҳимоя мекунанд: шаъну эътибор, виҷдон, маънавият, озодӣ, баробарӣ ҳамраъйӣ.
Ҳамаи одамон озоданд. Озодӣ яке аз арзишҳои ахлоқии умумиинсонист. Имконияти ба амал баровардани ҳамаи чораҳоест, ки ба каси дигар зарар нарасад.
Озодии инсон бисёрҷабҳа аст. Вай ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳар як шахсияти алоҳидаро фаро мегирад. Аммо озодӣ мутлақ шуда наметавонад, чунки он ба ҳар кас тааллуқ дошта бошад ҳам, одамон дар ҷомеа зиндагӣ мекунанд. Озодӣ дар мус- тақилияти шахсият ифода меёбад, вале амалҳои мустақилонаи одам бояд оқилона бошанд ва ба дигар одамон зараре нарасонанд. Дар назди ҳар як шахсият чунин вазифаи маънавӣ меистад: “Ман соҳибихтиёрии худро маҳдуд месозам, то ки қарзи хешро дар назди дигарон ба ҷо орам, ҳуқуқҳои дигаронро эҳтиром кунам, нисбати дигарон ноадолатӣ накунам, ба некуаҳволии онҳо мусоидат намоям”.
Адолатнокӣ категорияи ахлоқии бевосита бо ҳуқуқҳои инсон алоқаманд аст, зеро он маънии баробариро ифода мекунад. Ҳамаи одамон гуногунбуда дорои ҳуқуқҳо ва шаъну эътибори худ баробаранд. Адолатнокии гарави ҳолати баробармувозинатии ҷомеа аст. Моҳияти маънавии адолатнокиро се қоидаи асосӣ муайян мекунанд: “ростгӯю ростқавл бош”, “ба нафари дигаре зарар нарасон”, “ба ҳар кас чизи худашро деҳ”.
Шаъну эътибор ва қадру қимат категорияҳои муҳимтарини маънавӣ ва ахлоқие мебошанд, ки муносибати боэҳтиромонаро ба ҳар як одам. Шаъну эътибори инсониро ба андозаи баробар ҳам тифли навзод, ҳам ҷинояткор ва ҳам шаҳрванди қаторӣ соҳибанд. Дар давлатҳое, ки беҳокимиятӣ, қашшоқӣ, беқонунӣ ҳукмрон аст, дар бораи шаъну шараф ва қадру қимати инсон сухан гуфтан ҳам нашояд.
Байни арзишҳои ахлоқие, ки ба ҳуқуқҳои инсон муносибати бевосита доранд, инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ҳақиқат, виҷдон, поквиҷдонӣ, муҳаббат, саодат ва бисёр арзишҳои дигар.
Арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқҳои инсон барои таъмини манфиатҳои инсон хизмат карда, баҳри бунёди ҷомеаи инсондӯстона замина фароҳам меоранд.
3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои ахлоқӣ. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои ахлоқӣ чун қисми таркибии ҳуқуқу озодиҳои таҳкимёфтаи инсон ва чун кафолати ҳимояи онҳо баромад мекунанд. Чунончи, дар моддаи 1-и Конститутсия чунин нишондодҳои категорияҳои ахлоқӣ, чун «зиндагии арзанда» ва «инкишофи озодона», дар моддаи 5 «қадр» ва «номус», дар моддаи 17 «баробарҳуқуқӣ», дар моддаи 34 «ғамхорӣ» ва ғайра мавҷуданд.
Дар қонунгузориҳои миллии оилавӣ ва гражданӣ истилоҳи ҷуброни хисороти (зарари) ахлоқӣ истифода шуда, дар қонунгузориҳои ҷиноятӣ чунин принсипҳои маънавӣ: адолатнокӣ ва инсондӯстӣ таҳким ёфтаанд, масъулият барои рафтори бадахлоқонаи одам, ҳамчунин барои содир кардани ҷиноятҳо бар зидди озодии шахсӣ, паст задани шаъну эътибор ва қадру қимат пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи мисолҳои овардашуда ба ҳамбастагии зичи меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқ далолат мекунанд. Мафҳумҳои ахлоқӣ бо категорияҳои ҳуқуқӣ омехта шуда, аҳаммияти аслии худро гум намекунанд. Ҳуқуқҳои инсон ҳамчун соҳаи якдигарро пурракунандаи ҳуқуқ ва ахлоқ баромад мекунанд.
1.Фарқи байни меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқ аз чӣ иборат аст?
Реклама