§ 36. ҲУҚУҚИ ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА

1. Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва шаклҳои истифодаи он. Ҳар кас, сарфи назар аз мансубияти шаҳрвандӣ, ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, истифодаи муассисаҳои фарҳангӣ ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ дорад.

Стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангиро таҳким мебахшанд. Мувофиқи моддаи 27-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ҳақ дорад, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа озодона ширкат варзад, аз ҳунар баҳра барад, дар пешрафти илм саҳм гирад ва аз дастовардҳои он истифода намояд. Ҳар як инсон ба ҳифзи манфиатҳои моддию маънавии худ, ки самараи корҳои илмӣ, адабӣ ё ҳунарии ӯ мебошанд, ҳақ дорад”.

Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи иштироки озодонаро дар ҳаёти фарҳангӣ кафолат медиҳанд.

Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.

Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст.

Моддаи 40-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои зерин доранд:

  1. истифодаи озодона аз дастовардҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ;
  2. мутобиқи шавқмандиҳо ва лаёқатмандиҳои худ машғул шудан бо ҳамаи навъҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва ғайрикасбӣ (ҳавасмандӣ);
  3. соҳибият ба моликияти зеҳнӣ, нигоҳдории асрори маҳорати худ, озодона ихтиёрдорӣ кардани дастовардҳои хеш;
  4. озодона истифода кардани арзишҳои маънавӣ, эстетикӣ ва ғайра ва доштани дастгирии давлатӣ ва ҳифзи фарҳанги миллии худ;
  5. озодона истифода кардан аз сарватҳои фарҳангии худ, фондҳои китобхонаҳо, осорхонаҳо ва бойгониҳои давлатӣ;
  6. бе маҳдудият гирифтани таҳсилоти гуманитарӣ ва бадеӣ, озодона интихоб кардани шаклу усулҳои таҳсил;
  7. ғамхорӣ кардан барои нигоҳдории мероси гузашта ва дастовардҳои ҳозираи фарҳангӣ;
  8. соҳиби хусусии амволе будан, ки аҳаммияти таърихию фарҳангӣ доранд, коллексияҳо ва мавод, биноҳо ва иншоот, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар объектҳои фарҳангӣ;
  9. бо мақсади офаридани арзишҳои фарҳангӣ таъсис додани ташкилот, муассисаҳо, корхонаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
  10. ошкоро манзур кардани натиҷаҳои фаъолияти эҷоди худ дар хориҷа;
  11. амалисозии фаъолияти фарҳангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар бо назардошти қонунгузории ин давлатҳо.

Барои амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳангӣ мавҷуданд. Инсон ҳақ дорад дар фаъолияти муассисаи фарҳангӣ ширкат варзад ё аз фаъолияти эҷодии он ҳаловат бубарад.

Ҳар кас метавонад аз арзишҳои фарҳангӣ истифода кунад. Моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» номгӯйи онҳоро таҳким бахшидааст. Ба арзишҳои миллӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфтҳои археологӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, коллексияи ашёи қадимӣ ва асарҳои санъат, аз ҷумла расмҳо, мусаввараҳо, асарҳои ҳайкалтарошӣ, топонимҳои аҳаммияти таърихӣ дошта, асарҳои ороишӣ, нашрҳои дастхатӣ, осори қадимӣ, дастнависҳои муаллифон, литографияҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, асарҳои нодир, марқадҳои шахсиятҳои маъруф, боғҳо, манзараҳои табиии аҳаммияти таърихӣ дошта ва ғайра мансубанд.

Тарғибу ташвиқи мероси миллӣ-фарҳангӣ ва дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи муассисаҳои театрию намоишӣ ва консертӣ, кино ва муассисаҳои тарғиботи видеоӣ, китобхонаҳо, бойгониҳо, клубҳо, хонаҳои маданият, боғҳои фарҳангу истироҳат, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, толорҳои намоиш, осорхонаҳо, мамнуъгоҳҳои таърихию табиӣ, радио ва телевизион, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони (ходимони) фарҳанг ва санъат, марказҳои илмӣ-техникӣ, марказҳои берун аз муассисаи фарҳангӣ-фароғатӣ, идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, нашриётҳо ва ғайра мебошад.

Барои ҳар одам боздид аз осорхона, истифода аз китобхона ва бойгониҳо ихтиёрӣ аст. Дар муассисаҳои фарҳангӣ барои гирифтани маълумот, ҷамъоварии ҳар гуна мавод шароити зарурӣ мавҷудаст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳангоми иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ одам вазифадор аст, ба қоидаҳо ва тартиботи дохилии муассиса итоат кунад.

2. Ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ. Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он дастовардҳои илм ва техника истифода нашавад. Дастовардҳои илмӣ ба миллионҳо одам кумак карда, кори одамҳоро осон мекунад, то ин ки ба ҳамдигар гуфтугӯ кунанд, ба якдигар маълумоти заруриро расонанд.

Доир ба дастовардҳои илм ва техника мисол оред.

Дар натиҷаи истифодаи дастовардҳои илм ва техника одам метавонад сатҳи дониши худро баланд бардорад.

Реклама