1. Асосҳои фалсафӣ ва меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба ҳаёт. Бори аввал ҳуқуқ ба ҳаёт баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, вақте инсоният дарк кард, ки ҳаёт неъмати бебаҳост, ба таври юридикӣ эътироф гардид. Моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) ҳуқуқ ба ҳаётро таҳким бахшид: “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”. Моддаи 6-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ эълом дошт: «Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудоинопазирии ҳар як инсон мебошад».
Дар айни замон ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи аз ҷониби умум эътирофшуда, меҳвари тамоми низоми ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ)-и инсон мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосаи зарурати эътирофи ҳуқуқ ба ҳаёт нисбат ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз нажод, ҷинс, дин ва дигар аломатҳо расид ва давлатҳоро вазифадор намуд, ки дар қаламрави худ ин ҳуқуқро риоя кунанд ва қонунҳои миллие қабул намоянд, ки ин ҳуқуқро кафолат диҳанд.
Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи бунёдист ва онро аз ҷанбаҳои гуногун бояд баррасӣ кард.
Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи табиӣ, ҷудоинопазир, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд мансуб, имконияти ҳимояи дахлнопазири ҳаёт ва озодона соҳибихтиёрӣ кардан ба он аст, ки бо қонунгузориҳои миллӣ ва байналмилалӣ кафолат дода мешавад. Ҳуқуқ ба ҳаёт дар ҳамаи санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва конститутсияҳои миллии аксар мамлакатҳои ҷаҳон таҳким бахшида шудааст. Вай аз ҷумлаи ҳуқуқҳои инфиродии инсон аст ва унсури муҳимтаринаш ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти инсон мебошад. Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи бевосита амалкунанда аст ва дар ҳеҷ маврид, аз ҷумла, дар ҳолати вазъияти фавқулода, вақти хатари таҳдид ба ҳаёти тамоми миллат набояд маҳдуд карда шавад.
Аз ҳуқуқ ба ҳаёт дигар ҳуқуқҳои инсон, чун ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзили шахсӣ ва ғайра бармеоянд. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳаёт бо зарурати ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд аст. Вай ба доираи васеи фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат: ахлоқ, дин, сиёсат, ҳуқуқ, тиб ва ғайра дахл мекунад.
Қонунгузории ҳар як давлат, чун қоида, як қатор чорабиниҳои ҳимоякунандаи ҳаёти инсонро таҳким мебахшад, масалан муқаррар кардани ҷазо барои куштор; таъмини кафолатҳои таъқиботи ҷиноя- тӣ барои ҷиноят бар зидди ҳаёт; ба иҷро расонидани амалҳои ҳимоя ва пешгирикунанда дар сурати мавҷудияти хатари бевосита барои ҳаёти инсон.
Ҳеҷ як манфиати ҷамъиятӣ куштори одамеро, ки барои ҳаёти дигар одамон хатарнок нест, қонунан ҳақ бароварда наметавонад. Куштори инсон бо истифодаи қувва танҳо дар се ҳолати истисноӣ қонунӣ аст: ҳимояи шаҳрвандон аз истифодаи ғайриқонунии зӯроварӣ; ҳангоми гузаронидани ҳабси муташаккилона ё рафъи фирори маҳбус. Тавре маълум аст, барои инсон эҳсоси худнигоҳдорӣ хос аст. Одам аз ҳамла ё зӯроварӣ худро муҳофизат карда истода, барои зӯроварии ҷавобӣ ё ҳимояи зарурӣ ҳақ дорад. Ин боз яке аз мушкилоти марбут ба амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқи ҳар инсон ба ҳаёт аст.
2. Ҷазои қатл ва ҳуқуқ ба ҳаёт. Яке аз проблемаҳои аз ҳама шадиди ҷаҳони имрӯза бекор кардани ҳукми қатл аст. Ҳукми қатл дар санадҳои қонунгузории бисёр мамлакатҳо чун чораи истисноии ҷазодиҳӣ зикр гардидааст. Вале оё он омили нигаҳдорандаи ҷинояткорӣ аст? Оё он ҳуқуқҳои инсонро вайрон намекунад? Онро истифода кардан даркор аст ё не? Агар ҷазои қатл нисбат ба одами бегуноҳ ба сабаби хатои судӣ ба ҷо оварда шуда бошад, оё ин хаторо ислоҳ кардан мумкин аст?
Дар қисми 2-и моддаи 6-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст: “Дар кишварҳое, ки ҳукми қатлро бекор накардаанд, ҳукми қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои вазнинтарин мутобиқи қонуне, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят амал мекард ва бо муқаррароти ҳамин Паймон ва Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он мухолиф набошад, бароварда шавад. Ин ҷазо метавонад танҳо ҷиҳати иҷрои ҳукмномаи қатъие, ки аз тарафи суди босалоҳият бароварда шудааст, анҷом дода шавад”.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба давлатҳо пешниҳод менамояд, ки теъдоди одамони нисбаташон ҷазои қатл татбиқшавандаро ҳар чи камтар кунанд. Чунончи, ҷазои қатл нисбати ашхоси аз 18-сола поён ва занҳои ҳомила ба амал бароварда намешавад. Аз ҳаёт маҳрум кардани аъзои гурӯҳи муайян дар миқёси васеъ баробари генотсид аст, ки мансуб ба ҷиноят бар зидди инсоният мебошад.
Генотсид (аз юнонии genos – авлод, қабила ва лот. сaedo – мекушам) – қатли омми гурӯҳҳои алоҳидаи одамон аз рӯйи аломатҳои нажодӣ, миллӣ ва ё динӣ. Яке аз ҷиноятҳои вазнинтарин бар зидди инсоният мебошад.
Оё шумо пешравиро ба сӯйи бекор кардани ҷазои қатл дуруст мешуморед?
Аз 15-уми июли соли 2004 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун дар бораи боздошти истифодаи ҷазои қатл» амал мекунад.
3. Ҳуқуқ ба ҳаёт ва ҷанг. Низоъҳои мусаллаҳона воқеияти бераҳмонаи асри XXI аст. Чунин ба назар мерасад, ки асри ХХ бояд сиёсатмадоронро ба хулосаи зер меовард: бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардани ягон мушкилот мумкин нест! Ҷанг танҳо проблемаҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра ба бор меоварад. Агар пешгирӣ кардани низоъҳои мусаллаҳона муяссар нагардад, ақаллан барои ҳимояи одамон аз воқеияти ҷанг ва кам кардани оқибатҳои харобиовари он тадбирҳо андешидан лозим аст.
Дар ҷаҳонӣ имрӯза масъалаи ҳуқуқи ҳар як инсон ба ҳаёт дар давраи ҷанг ва низоъҳои мусалаҳҳона басо муҳим аст.
Оё шумо бо чунин ақида розӣ ҳастед, ки баҳри ҳуқуқ ба ҳаёт ҳатто дар давраи ҷанг ё низоъҳои мусаллаҳона мубориза бурдан лозим аст ва ин бефоида нест? Дар ин хусус далелҳо оред.
Расми 2. Ҳуқуқҳои кӯдакро ҳимоя намо!
Ҳамаи қарордодҳо, эъломия ва конвенсиҳои мансуб ба ҳимояи зарардидагони ҷанг бо як ном – ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муттаҳид мешаванд, ки асоси онро конвенсияҳои женевагӣ ташкил медиҳанд. Талафоти зиёди одамӣ дар ҷангҳо аҳли ҷаҳонро муътақид сохт, ки конвенсияҳои женевагиро таҳким бахшидан лозим аст.
Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соли 1949 конвенсияҳои нави женевагӣ дар бораи ҳимояи зарардидагони ҷанг таҳия гардиданд.
Аз ҷумла, конвенсияҳои ҳозираи женевагӣ:
Дар айни замон беш аз 160 давлати дунё иштирокдори конвен- сияҳои женевагӣ буда, вазифадоранд, ки онҳоро иҷро кунанд.
Боз як имконияти ҳифзи ҳаёти инсон дар вақти ҷанг ё низоъҳои мусаллаҳона мавҷуд аст, ки ин манъи истифодаи навъҳои алоҳидаи силоҳ мебошад. Давлатҳо борҳо кӯшишҳои маҳдудсозии истифодаи силоҳҳоеро кардаанд, ки ба иштирокдорони амалиётҳои ҳарбӣ ё аҳолии осоишта ҷафоҳои зиёд мерасонанд.
Дар солҳои 60 –70-уми асри ХХ қарордодҳои муҳимми байналхалқии марбут ба истифодаи яроқи ҳастаӣ (ядроӣ) ҳукми амал пайдо карданд. Истифодаи силоҳи ҳастаиро ҷомеаи байналмилалӣ ҷинояти вазнинтарин бар зидди инсоният донистааст.
1. Зери мафҳуми «ҳуқуқи инсон ба ҳаёт» чӣ фаҳмида мешавад?
2.Чаро ҳуқуқро ба ҳаёт ба ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) мансуб медонанд?
Реклама