1. Ҳуқуқ ба моликият ва мерос: мафҳум, аҳаммият. Нахустасоси ҳама гуна ҷомеа ва давлати демократӣ ҳуқуқи моликияти хусусӣ аст, бинобар ин, инкишофи худи институти моликияти хусусӣ ва таҳкимбахшии кафолатҳои ҳуқуқи мазкур аз ҷониби давлат шарти зарурии амалишавии ислоҳоти ҳозираи иқтисодӣ мебошад.
Ҳуқуқи моликияти хусусиро дар адабиёт ҳамзамон ҳамчун ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳамчун ҳуқуқи шахсӣ (шаҳрвандӣ), ҳамчун ҳуқуқҳои табиӣ ва фитрии инсон баррасӣ мекунанд. Вай ба ҳар инсон санги маҳаки озодии шахсият мебошад.
Моликият амволи воситаҳои молиявие мебошанд, ки ба ашхоси алоҳида, давлат ва ташкилотҳо тааллуқ доранд.
Моликият асоси мустақилияти ҳақиқии инсон ва боварии ӯ ба фардост.
Ҳуқуқи моликиятро Инқилоби бузурги Фаронса чун “муқаддас ва дахлнопазир” эълон дошта буд.
Тадриҷан ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати ҷорисозии маҳдудиятҳои муайяни ҳуқуқи мазкурро дарк кард. Онҳо бар талаботи батанзимдарории давлатии иқтисодиёт, инкишофи қонунгузории меҳнатӣ ва иҷтимоӣ асос ёфта буданд. Ҳуқуқи бемаҳдудияти моликияти хусусӣ ба худсариҳои хоҷагидорӣ дар корхонаҳо, норозигии иҷтимоӣ ва низоъҳои тақсимоти ноадолатонаи неъматҳои моддӣ оварда мерасонад, Бинобар ин, он ба муқаррар гардидани маҳдудиятҳои боздорандаи худсариҳо мусоидат карда, давлатро ба андешидани чораҳое, ки битавонанд на доираи танги одамон, балки аксариятро соҳибмоликият гардонанд, водор намояд.
Дар санадҳои ҳозираи меъёрии байналмилалӣ ва миллӣ ҳуқуқ ба моликият одатан чун яке аз ҳуқуқҳои асосии иқтисодии инсон маҳсуб дониста шудааст.
Мутобиқи моддаи 17-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар: “Ҳар як инсон ҳақ дорад, амволро чи шахсан ва чи якҷоя бо дигарон ихтиёрдорӣ намояд. Ҳеҷ кас набояд аз амволи худ худсарона маҳрум карда шавад”.
Амвол маҷмӯи ашё ва арзишҳои моддиест, ки дар моликияти ягон шахс, давлат, ташкилот, муассиса қарор дорад.
Амволи дар моликият бударо ба манқул ва ғайриманқул ҷудо мекунанд. Ба амволи манқул маблағҳои пулӣ, саҳми вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматнокро мансуб медонанд ба амволи ғайриманқул қитъаҳои замин, биноҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсароҳо, нақлиёт, ашёи рӯзгор ва истеъмоли шахсӣ, корхонаҳо, ки барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, ҳамчунин биноҳо, иттилоот, таҷҳизот, ашё ва ғайра дохил мегарданд.
Ихтиёрдории озодонаи моликият ва ҳимояи онро қонун кафолат медиҳад. Маҳрум кардан аз он танҳо мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун дар ҳолатҳои зарурати ҷамъиятӣ ва бо талофӣ намудани зарари баробарарзиш, ки ҳамаашро суд муқаррар кардааст, мумкин аст.
Мерос амволест, ки тартиби меросгузорӣ аз одами фавтида (меросгузор) ба меросгирон мегузарад.
Ҳуқуқи мерос низ ба ҳар кас кафолат дода мешавад, мерос метавонад ҳуқуқи моликият ба амвол, ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва ғайраро фаро гирад.
Аз амвол бар зарари манфиатҳои дигарон истифода кардан манъ аст.
Ҳуқуқи моликиятдориро танҳо дар асоси қонун маҳдуд кардан мумкин аст.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқук ба моликият ва мерос. Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба моликият ва меросро кафолат медиҳанд.
Ҳуқуқи моликиятдорӣ, чуноне, ки дар моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, яке аз асосҳои конститутсионӣ мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликияти ба андозаи баробар аз ҷониби давлат ҳифзшавандаро таҳким мебахшад. Мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моликият дар мамлакати мо дар ду шакл – ошкоро (давлатӣ) ва хусусӣ зуҳур мекунад. Ба моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон, ашхоси юридикии ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои онҳо тааллуқ доранд.
Давлат худро вазифадор донистааст, ки моликияти хусусиро ҳифз карда, дахлнопазирии онро таъмин намояд. Мутобиқи моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳақ дорад, дар моликият амвол дошта бошад, онро чи танҳо ва ин якҷоя ба одамони дигар соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.
Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахс ба моликиятро бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш гирифта метавонад.
Моддаи 32-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кафолати ҳуқуқи моликияти хусусӣ ҳамчунин ҳуқуқи мерос мебошад. Ҳуқуқи мерос бояд иҷрои иродаи соҳибмулкро нисбат ба амволи ӯро кафолат диҳад ва дар айни замон адолатро таъмин намояд.
3. Маҳдудиятҳои ҳуқуқ ба моликият. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ғайриқонунӣ шаҳрвандро аз моликият маҳрум созад ё ҳуқуқи ӯро ба моликият маҳдуд кунад, аммо ҳуқуқи моликиятро дар баъзе ҳолатҳо дар асоси қонун маҳдуд кардан мумкин аст.
Қарори суд ва ҳукме, ки мусодиракунии амволро пешбинӣ мекунад, барои маҷбуран қатъсозии ҳуқуқи моликияти хусусӣ асос шуда метавонад. Ҳангоми шароити фавқулода (офатҳои табиӣ, эпидемияҳо) бо қарори мақомоти давлатӣ кашида гирифтани моликият ба амал бароварда, ба тартиботи маъмурӣ мусодира кардани моликият имконпазир аст, вале дар ҳама ҳолат муроҷиати шаҳрванд ба суд барои барқарорсозии ҳуқуқи худ ба моликият пешбинӣ мешавад.
Маҷбурӣ маҳрум кардан аз амвол барои эҳтиёҷоти давлатӣ танҳо ба таврӣ пешакӣ ва ба андозаи баробарарзиш талофӣ кандан мумкин аст. Ба ин маънӣ, милликунонии маҷбурӣ бе ҷуброн, ки дар давлатҳои тоталитарӣ қабул шуда буд, манъ аст.
Мисолҳои таърихии ба Шумо маълуми зӯран милликунонии амволро ба хотир оред.
Реклама