1. Асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият. Нишонаҳои аввалини ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият ҳанӯз дар Хартияи бузурги озодиҳои соли 1215 ба назар мерасанд. Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва аксари конститутсияҳои ҳозира низ озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро эълом медоранд.
Моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро ин тавр таҳким бахшидааст: “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”. Моддаи 9-и ҳуҷҷати байналмилалии мазкур тасдиқ мекунад: “Ҳеҷ касро худсарона дастгир, ҳабс ё бадарға кардан мумкин нест”.
Меъёрҳои мазкур ҳамчунин дар Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла дар қисми 1-и моддаи 9-и ҳуҷҷати мазкур омадааст: “Ҳар як инсон ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад ё дар ҳабс нигоҳ дошта шавад. Ҳеҷ кас набояд аз озодӣ, ғайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд, маҳрум карда шавад”.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият аз ҷониби давлат ҳимоя шудани ҳар як одамро аз тааррузи ҳар касе ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, амнияти шахсӣ, шараф ва қадру қимати ӯ дар назар дорад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият моҳиятан аз ду ҳуқуқи ба ҳам алоқаманд: озодии шахсият ва ҳуқуқи дахлнопазирии шахсият таркиб ёфтааст. Онҳо аз якдигар ҷудонопазиранд. Яъне шахсияте, ки озодии ӯ пурра таъмин аст, дахлнопазир низ мебошад. Агар дахлнопазирии шахсият таъмин бошад, пас ӯ озод низ аст.
Озодии шахсият мафҳуми васеъаст, ки инҳоро дар назар дорад: озодии ҷисмонӣ (яъне озодии амал тибқи озодии худ); озодии ахлоқӣ (яъне озодии афкор, виҷдон, дин); озодии иҷтимоӣ (озодии интихоби забони муошират, мансубияти миллӣ).
Ҳуқуқи дахлнопазирии шахсият ҳуқуқи ҳар инсон ба ҳимоя ва ҳифзи давлатӣ аз тааррузи ғайриқонунии ҳар касе ба озодӣ ва амнияти шахсии ӯ мебошад.
Амнияти шахсӣ маънии набудани зӯроварии ғайриқонунӣ ё таҳдиди зӯроварӣ ба шахсият ва бовар доштани шахсият ба оромиро дорад.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, синну сол, бемории рӯҳӣ дахл дорад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро то ҳадди муайян, вале танҳо дар асоси қонун маҳдуд кардан мумкин аст.
Дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият дар меъёрҳои алоҳидаи инъикоскунандаи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон инъикос ёфтааст.
Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.
Моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолатҳои ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва маънавии дахлнопазирии инсонро таҳким мебахшанд.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштор, расонидани зарарҳои ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, лату кӯб ва дигар ҷиноятҳои зидди озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ муқаррар менамояд.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият нораво будани худсариро ҳангоми боздошт ё ҳабс кардан дар назар дорад. Тибқи моддаи 6-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ касро бе иҷозати прокурор ба ҳабс гирифтан мумкин нест.
Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс ва бадарға кардан мумкин нест.
Қисми 2-и моддаи 19-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Риояи шараф ва қадру қимати шахсият аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Ҳар инсон қадру қимат дорад.
Ба хотир оред, ки зери мафҳумҳои “шараф” ва “қадр” чиро мефаҳманд?
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳмат ва таҳқирро ҷиноят мешуморад ва чунин кирдорҳоро манъ месозад.
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қоидаҳои ҳифзи шараф ва қадру қимати инсонро, аз ҷумла, бо роҳи талофӣ (ҷуброн) кардани зарари маънавӣ таҳким бахшидааст. Дар сурати аз ҷониби шахси ҷавобгар паҳн шудани маълумоте, ки шаъну эътибори даъвогарро доғдор месозанд, суд новобаста ба гуноҳи шахси ҷавобгар зарари расонидашударо бо ифодаи пулӣ муайян карда, ба фоидаи даъвогар мерӯёнад.
Дахлнопазирии маънавии шахсият бо роҳи манъ кардани амалҳои гуногуни характери зӯроваридошта ва ба рӯҳияи инсон таъсири манфӣ расонанда таъмин карда мешавад. Масалан, пурсиши иштирокдори мурофиа зери таъсири гипноз ё бо роҳи истифодаи фишоровариҳои гуногуни экстрасенсорӣ, ё маълумотгирии муфаттиш бо роҳи тарсондан, истифодаи сеҳру ҷоду ва ғайра.
2. Маҳдудияти озодӣ ва маҳрумият аз озодӣ. Таъмини дахлнопазирии ҷисмонӣ, рӯҳонӣ, маънавии шахсиятро давлат кафолат медиҳад. Аммо бо назардошти манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат дар баъзе ҳолатҳо маҳдудсозии ҳуқуқҳо ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият имконпазир аст.
Ҳуқуқи инсонро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро дастгиркуниву ҳабс кардан маҳдуд месозанд.
Дастгир кардан – боздошти муваққатии (на бештар аз 72 соат) шахси ба содир кардани ҷиноят гумонбар донисташуда.
Ба ин тариқ, шахси дастгиршуда шахсест, ки аз озодии шахсӣ маҳрум шуда, аммо барои содир кардани ҷиноят маҳкум нашудааст. Маҳбус, шахсест, ки дар натиҷаи маҳкум шудан барои содир кардани ягон ҷиноят аз озодӣ маҳрум гардонда шудааст.
Ҳабс ва дастгир карданро метавонад корманди милитсия ба амал барорад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатро ба ин амалҳо прокурор медиҳад. Дар бораи ҳама гуна ҳодисаҳои дастгир кардан мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ё муфаттиш бояд дар бадали 24 соат прокурорро ба таври хаттӣ огоҳ созанд. Прокурор дар нав- бати худ, дар давоми 48 соат барои ҳабс ё озод кардани дастгиршуда бояд иҷозат диҳад. Дастгиркунӣ набояд аз 72 соат (аз лаҳзаи дастгиршавӣ то гирифтани иҷозати прокурор барои ҳабс) беш бошад.
Ҳабс ва дастгир кардан бояд асос дошта бошад. Ҳангоми ҳабс ва дастгиркунӣ бояд тартиботи амалисозии онҳо ва муҳлатҳои қонунӣ риоя гарданд.
Шахсро танҳо бо асосҳои зерин дастгир кардан мумкин аст:
Шахси дастгиршуда ҳуқуқ дорад:
Ашхоси дастгиршуда вазифадоранд, ки талаботи Қоидаҳои тартиботи дохилиро дар ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон риоя кунанд.
Шахси ҳабсшуда ҳуқуқ дорад:
Шахси дастгиршуда вазифадор аст:
Ба усулҳои дигари қонунии маҳдудсозии озодӣ ва дахлнопазирии шахсият инҳо тааллуқ доранд: табобати маҷбурии ашхоси рӯҳан бемор, ки барои худ ва дигар одамон хавфноканд, карантини муваққатӣ нисбат ба одамони гирифтори бемориҳои хавфноки сирояткунанда, фиристодани ноболиғон ба муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ва ғайра.
3. Махсусиятҳои дастгиркунӣ ва ҳабси пешакии ноболиғон. Дастгиркунӣ ва ҳабси пешакӣ нисбат ба ноболиғон низ истифода мешавад. Ноболиғони ҷиноятсодиркарда ба кафолатҳои гуногуни суди боадолат, аз ҷумла ба ҳифзи иловагии махсус ҳуқуқ дорад.
Ноболиғи бо гумони содир кардани ҷиноят дастгиршуда ҳақ дорад: 1) донад, ки ӯро барои содир кардани кадом ҷиноят гумонбар медонанд;
Реклама