1. Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб: мафҳум, аҳаммият. Ҳуқуқ ба меҳнат дар низоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Вай ба одам имконият медиҳад, ки меҳнат кунад ва подоши меҳнати худро гирад.
Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб ҳуқуқи махсуси конститутсионии инсон ва шаҳрванд аст. Он дар худ маҷмӯи томи ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқамандро фаро мегирад: озодии меҳнат, озодии интихоби касб, ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба шароити боадолатонаи меҳнат, ҳуқуқ ба корпартоӣ, ҳуқуқ ба меҳнат бо расидан ба синни нафақа ва ғайра.
Ҳуқуқ ба меҳнат бо озодии меҳнат зич алоқаманд аст. Озодии меҳнат мутобиқи моддаи 23-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар эълом дошта шудааст: “Ҳар як инсон дорои ҳаққи меҳнат, интихоби озодонаи кор ва шароити одилонаю мусоиди меҳнат ва ҳаққи ҳимоя аз бекорист”.
Озодии меҳнат аз ҳуқуқи ҳар кас бобати озодона ихтиёрдорӣ кардани лаёқатмандиҳои худ ба меҳнат, интихоби навъи фаъолият ва касб иборат аст. Инсон бобати чи қабулшавӣ ба кори доимӣ, чи аз он рафтан, чи гузаштан ба кори дигари барои ӯ нисбатан шавқовару фоидабахш озод аст.
Озодии меҳнат бо манъ будани меҳнати маҷбурӣ алоқаманд аст. Манъи меҳнати маҷбурӣ бо моддаи 8-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудааст:
“1. Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ нигоҳ дошта шавад; ғуломӣ ва ғуломфурӯшӣ дар ҳамаи навъҳои онҳо манъ аст.
Дар баробари ин иҷрои вазифаҳои аз хизмати ҳарбӣ, дар шароити вазъияти фавқулода ё бо ҳукми суд бармеомада меҳнати маҷбурӣ ҳисобида намешавад.
Ҳуқуқ ба меҳнат маънии вазифадории нафаре бобати пешниҳод кардани кор ба ҳамаи хоҳишмандонро надорад. Дар иқтисодиёти бозорӣ давлат қодир нест, ки чунин вазифаро ба зиммаи соҳибкорони хусусӣ бор кунад ва ё онро ба дӯши худ гирад. Қабулшавии одам ба кор асосан бо қарордод бо кордиҳанда муайян мешавад. Вале корманди кирояшуда ҳақ дорад риояи шароити муайян – шартҳои одилонаи корро талаб намояд.
Расми 6. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истилоҳи “шартҳои одилона ва муътадили меҳнат” чунин маъни дорад, ки шароити меҳнат ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯ бошад, музди меҳнат бе ягон табъиз ва на камтар аз андозаи минималии музди меҳнати муқарраркардаи қонун пардохта шавад, барои ҳар кас имкониятҳои баробари ишғол кардани вазифаи баландтар таъмин гардад. Пас, агар бехатарӣ ва гигиена таъмин нагардида бошад, ба саломатии корманд дар истеҳсолот зарар расонида шуда бошад, кордиҳанда барои ин ҷавобгар аст ва дар ҳолатҳои муайян ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Моддаи 7-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқ ба шароити одилонаи меҳнатро, аз ҷумла дар он бо фароргирии подоше, ки чун минимум ба ҳамаи меҳнаткашон инҳоро таъмин намояд, кафолат медиҳад: музди одилонаи меҳнат ва маоши баробар барои меҳнат боарзиш бе ягон фарқ, зимнан, ба занон кафолат додани шароити меҳнати на бадтар аз шароите, ки мардон истифода мекунанд бо маоши баробар барои меҳнати баробар; рӯзгузаронии қаноатбахш барои худи онҳо ва оилаҳои онҳо; шароити меҳнати ҷавобгӯйи талаботи бехатарӣ ва гигиена; имкониятҳои ба ҳама баробари ишғол кардани вазифаҳои нисбатан баландтар танҳо дар асоси собиқаи меҳнатӣ ва тахассус; истироҳат, фароғат ва маҳдудсозии оқилонаи вақти корӣ ва рухсатии даврии пардохтшаванда, ҳамчунин додани подоши меҳнат дар рӯзҳои ид.
Мутобиқи моддаи 23-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “Ҳар як инсон бидуни ягон табъиз барои кори баробар ба музди баробар ҳақ дорад. Ҳар як коргар ба музди одилонаю қаноатбахш, ки зиндагии сазовори ҳар як инсон ва аҳли оилаи ӯро таъмин кунад, дар сурати зарурат бо дигар воситаҳои таъминоти иҷтимоӣ пурра гардонида шавад, ҳақ дорад”.
Расми 7. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ вазифадории давлатро бобати татбиқ намудани сиёсати иқтисодие, ки аз рӯйи имконият ба шуғли пурра, ҳамчунин расонидани кумаки ройгон ба одамони бекор ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо мусоидат намояд, дар назар дорад. Кафолатҳои ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ бо қонунгузории миллӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи меҳнат кардани ҳар касро таҳким мебахшад ва кафолат медиҳад.
Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.
Моддаи 35-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсият ҳақ дорад, ки муносибатҳои меҳнатии худро баъди 15-солагӣ амалӣ гардонад.
Расми 8. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор аст. Бинобар ин, дар мамлакати мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумак ба шуғли аҳолӣ” (соли 2003) қабул карда шуд, ки дар он асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, аз ҷумла кафолатҳои давлат ба меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ пешбинӣ шудаанд.
Шуғл навъҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони қобили меҳнат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифнабудаи бо қонеъсозии талаботи шахсӣ ва ҷамъиятӣ вобастаест, ки ба онҳо фоида (подоши меҳнат) меорад.
Мутобиқи қонуни мазкур шаҳрвандони ҷойикорнадошта метавонанд ҳамчун бекорон дар мақомоти махсуси шуғли аҳолӣ аз қайд гузаранд. Фаъолияти ин мақомот ба ҳимояи шаҳрвандон аз бекорӣ нигаронида шудааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз қайд гузаштани шаҳрвандони бекор пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамояд: шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумотнома дар бораи музди меҳнат аз ҷойҳои охирини кор дар зарфи ду соли охир. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мазкур мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ шаҳрвандро ҳамчун одами бекор ба қайд мегирад ва ӯ аз лаҳзаи гузаштан аз қайд ҳуқуқи бекор, аз ҷумла ҳуқуқи истифода кардан аз имтиёзҳои муқарраркардаи қонунро соҳиб мешавад.
Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани музди меҳнат дорад, Бинобар ин, кордеҳ, сарфи назар аз вазъияти молиявӣ, вазифадор аст, ки ба шаҳрванд моҳе ду маротиба музди меҳнат пардохт кунад. Вайрон кардани ҳуқуқи мазкур манъ аст ва ба шаҳрвандон барои меҳнати баробар бояд музди баробар дода шавад. Дар ин маврид музди меҳнати пардохтшаванда набояд аз маоши ҳадди ақалли муқарраркардаи қонун кам бошад. Музди меҳнати ҳадди ақал кафолати давлатӣ буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ба музди меҳнати ҳадди ақал пардохтҳои иловагӣ, иловапулиҳо, мукофотҳо, ҳамчунин пардохти зиёд барои давомнокии вақти кор дохил намешаванд. Вобаста ба шароити табиию иқлим ва дигар омилҳои объективӣ ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар мегардад. Дар ин ҳолат музди меҳнат ҳадди ақал бо истифодаи ин коэффитсиент муайян карда мешавад.
Дар асоси қонунгузории меҳнат муҳлатҳои пардохти музди меҳнат бо қарорҳои коллективӣ ё дигар санад муқаррар мегардад ва бояд на камтар аз як маротиба ҳар ним моҳ бошад. Дар сурати мувофиқ омадани рӯзи пардохти музди меҳнат бо рӯзи истироҳат ё рӯзи ид пардохти он дар арафаи ин рӯз сурат мегирад.
Давлат бо мақсади кафолати пардохти саривақтии музди меҳнат нисбати кордеҳоне, ки пардохти музди меҳнати кормандонро ба таъхир меандозанд, чораҳои гуногунро пешбинӣ намудааст. Кормандони гунаҳкори ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.
2. Кафолатҳо ва маҳдудиятҳои ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои гуногуни ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касбро пешнибӣ карда, ҳамчунин маҳдудиятҳо ҷорӣ месозад.
Қабули шаҳрвандон ба кор мувофиқи қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ сурат гирифта, бастани қарордоди меҳнатӣ характери озодона дорад. Кордеҳ вазифадор аст, ки мувофиқи қонун бо категорияҳои зерини шаҳрвандон қарордоди меҳнатӣ бандад: маъюбон, ноболиғон, шаҳрвандони тибқи квотаи муқарраргардида ба кор фиристодашуда, ҳамчунин занони ҳомиладор ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд.
Моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат хонед, барои кадом категорияҳои шаҳрвандон маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд?
Ҳангоми қабул ба кор баробари кафолатҳои ҳуқуқӣ нисбати баъзе шаҳрвандон маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд. Дар асоси моддаҳои 160, 161, 162-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи меҳнати занон дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои вазнин ва корҳои шароити меҳнаташон зарарнок, ҳамчунин корҳои марбут ба дастӣ бардоштану ба ҷойҳои дигар бурдани чизҳои вазнашон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд манъ аст. Инчунин ҷалб кардани занон ба корҳои шабона, корҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид манъ карда шудааст.
Чунин маҳдудиятҳо дар қонунгузории меҳнатӣ нисбати шаҳрвандони ба синни 18 нарасида низ пешбинӣ шудаанд. давомнокии вақти корӣ барои кормандони аз 15 то 18-сола дар як ҳафта на бештар аз 35 соат ва ашхоси аз 14 то 15-сола дар як ҳафта на бештар аз 24 соат муқаррар гардидааст.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноболиғон ҳуқуқи меҳнат ва озодии меҳнат кафолат дода мешавад. Қобили меҳнат будани инсон дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-солагӣ фаро мерасад. Муқаррар гардидани синни мазкур дар муносибатҳои меҳнатӣ чунин маънӣ надорад, ки шаҳрванд вазифадор аст, аз синни 15-солагӣ фаъолияти меҳнатиашро шурӯъ намояд. Ин меъёр моҳияти фармоишӣ дошта, шаҳрвандро ваколатдор месозад, ки аз ин синну сол ҳуқуқҳои конститутсионии худро амалӣ созад.
Бояд дар назар дошт, ки барои тайёр кардани хонандагони ноболиғи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истеҳсолот онҳоро барои иҷрои корҳои сабуки ба саломатиашон зарарнадошта ва ба раванди ҷараёни таълим халалнарасонанда дар вақтҳои холӣ аз дарсҳо баъди расидан ба синни 14-солагӣ танҳо бо ризояти яке аз волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба кор қабул намудан аст. Ғайр аз ин, истифодаи меҳнати ноболиғон дар корҳои зеризаминӣ, корҳои вазнин ва корҳои шароити меҳнаташон зарарнок манъ аст.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳуқуқ ба меҳнат, озодии меҳнат, озодии бастани қарордоди меҳнатӣ ва ҳуқуқи гирифтани музди меҳнат кафолат дода шудаанд. Аммо дар баъзе соҳаҳо фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд карда мешавад.
Ба хотир оред, ки оё шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хидмати давлатӣ, мақомоти судию ҳифзи ҳуқуқ кор карда метавонанд?
Ҳуқуқ ба истироҳат: мафҳум, аҳаммият. Ҳуқуқи муҳимтарини ҳар як инсон дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ба истироҳат мебошад. Ҳуқуқ ба истироҳат бо ҳуқуқи ҳар инсон ба меҳнат, шароити боадолатонаю муътадили меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳо, масалан, ҳуқуқҳои шахсӣ ва фарҳангӣ зич алоқаманд аст.
Фикр кунед ва мисолҳои алоқамандии ҳуқуқи истироҳатро бо дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон, масалан, ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ ба хотир оред.
Ҳуқуқ ба истироҳат бо танзими вақти корӣ ва вақти истироҳат, аз ҷумла муқаррар кардани давомнокии ҳадди охири вақти корӣ, кам кардани вақти кории шабона, дар арафаи рӯзҳои ид ва истироҳат, чун қоидаи умумӣ манъ кардани корҳои берун аз меъёр, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид, муқаррар кардани давомнокии минималии истироҳати ҳафтаина, ба кормандон додани танаффус барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ, муқаррар намудани қоидаҳо дар бораи додани рухсатии ҳарсолаи пардохташаванда барои истироҳат ва давомнокии минималии он, рухсатии иловагӣ барои категорияҳои алоҳидаи кормандон ва ғайра дар қонунгузории давлат таъмин карда мешавад.
Ҳуқуқ ба истироҳат ба ҳуқуқҳои асосии инсон мансуб аст. Вай дар стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон зикр гардидааст.
Ҳуқуқ ба истироҳат дар конститутсияҳои аксари мамлакатҳои ҷаҳон таҳким ёфта, як навъ кафолати хосси давлат ба ҳуқуқи истироҳат барои шаҳрвандони қобили меҳнат мебошад.
Реклама