1. Ҳуқуқи муроҷиат кардан: мафҳум, хусусиятҳои амалишавӣ. Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ ё ҳуқуқи петитсия яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд, омили муҳимми рушди демократии мамлакат мебошад. Муроҷиат (петитсия) шакли махсуси таъсиррасонӣ ба равандҳои идоракунӣ дар давлат аст. Онҳо ба мақомоти давлатӣ ва мақоми худидоракунии маҳаллӣ ирсол карда шуда, як навъ на танҳо усули барқарорсозии ҳуқуқи вайроншудаи шаҳрванд, балки иштироки сиёсӣ дар ҳалли корҳои оммавӣ мебошанд.
Амалишавии ҳуқуқи муроҷиат кардан инкишофи ташаббуси шахсӣ ва манфиатдории шаҳрвандро ҳангоми ҳалли масъалаҳои характери давлатӣ ва ҷамъиятӣ дошта дар назар дорад.
Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба шахс имконияти фиристодани шикоят, ариза ва пешниҳодотро ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, фароҳам меорад. Дар муроҷиатномаҳо на танҳо манфиатҳои қонунии шаҳрванд, балки манфиатҳои ҷамъиятӣ, талаби баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё фоҷеаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷамъиятӣ метавонанд ифода гарданд.
Ҳуқуқи муроҷиат карданро на танҳо шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ амалӣ гардонда метавонанд.
Муроҷиатҳо метавонанд инфиродӣ ва дастаҷамъона, шифоҳӣ ва хаттӣ бошанд.
Ҳар шикоят аз ҷониби роҳбар ё шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, корхона, ташкилот бояд баррасӣ шавад. Аммо на ҳамаи онҳо имконият доранд, ки ҳамаи шаҳрвандони шикоятдоштаро шахсан қабул кунанд.
Ҳуқуқи муроҷиат кардан мутлақ аст ва ҳатто дар шароити вазъияти фавқулода ҳам маҳдуд карда намешавад.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муроҷиат кардан. Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудааст.
Шаҳрванд ҳақ дорад, шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Моддаи 31-Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” навъҳои зерини муроҷиатро таҳким мебахшад:
Пешниҳод муроҷиати ба беҳбуди фаъолияти мақомоти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот нигаронидашудаи шаҳрвандон аст.
Ариза муроҷиати шаҳрвандон оид ба бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳои ба онҳо маълумгашта ё амалисозии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилот мебошад.
Шикоят муроҷиат бо талаби барқарорсозии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон аст, ки бо амал/беамалӣ, ё қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, ҳамчунин ашхоси мансабдори онҳо вайрон карда шудаанд.
Муроҷиати шаҳрвандон дар муҳлати як моҳ аз рӯйи ворид шуданашон ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу тафтиши иловагиро талаб намекунанд, дар муддати на дертар аз 15 рӯз бояд баррасӣ гарданд. Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани тафтиши махсус зарур аст, муҳлати баррасӣ метавонад дароз карда шавад, вале он набояд аз ду моҳ зиёд бошад.
Шаҳрвандон барои додани аризаҳо ва шикоятҳои туҳматангезу таҳқиркунанда, ҳамчунин даъвои барангезандаи хусумати миллию динӣ ва дигар кирдорҳои мувофиқи тартиботи ҷиноятӣ ҷазододашаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” таъқиби шаҳрвандон ба сабаби муроҷиат ва маҷбурсозии онҳоро барои иштирок дар амалҳои ҳимоякунандаи ягон муроҷиатро манъ мекунад.
Кормандони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот дар мавридҳои ғайриқонунӣ рад кардани баррасӣ муроҷиат; бе сабабҳои узрнок вайрон кардани муҳлати баррасии муроҷиатҳо; қабули қарори асоснадоштаи мухолифи қонун; паҳн кардани маълумоти сирри давлатӣ ё ягон сирри дигар маҳсубшаванда, ё иттилооти бо қонун ҳимояшаванда дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар иттилоот, агар онҳо ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро маҳдуд созанд, гунаҳкор дониста, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ба зиммаи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он вогузошта шудааст.
Реклама