Достонсароӣ қисми муҳимми фаъолияти М. Турсунзодаро ташкил медиҳад. Шоир дар солҳои 30-юм «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор» ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Писари Ватан» ва «Барои Ватан»-ро (ҳамроҳи Деҳотӣ) навишт.
Фаъолияти достонсароии М. Турсунзода баъди ҷанг самаранок гардид ва шоир «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва «Аз Ганг то Кремл» ном достонҳоро таълиф намуд.
«Чароғи абадӣ»
«Чароғи абадӣ» (1957) ба хотираи абадии устод Айнӣ бахшида шудааст. Дар як рӯзи моҳи апрели соли 1953 дар ҳаёти М. Турсунзода ду воқеаи муҳим pyx медиҳад: субҳ дар хонаи шоир писар ба дунё меояд ва андаке баъдтар адиб устод Айниро, ки ба Душанбе омада буд, пазироӣ мекунад. Ин ду воқеа асоси мавзуи «Чароғи абадӣ» мегардад ва дар чор боби достон – «Интизорӣ», «Мулоқоти якум», «Мулоқоти дуюм», «Дар боғ» симои хирадмандонаи устод ба назар мерасад.
Боби «Интизорӣ» аз шабҳангом оғоз ёфта, ба ҳолати руҳии шоире, ки фардо ду воқеаи муҳимро интизор аст, бахшида шудааст. Дар боби «Мулоқоти якум» шоир хонандаро «ба таваллудхонаву дунёи тифлон» мутаваҷҷеҳ месозад. Мулоқот бо тифлакон чунон самимӣ ва воқеӣ тасвир ёфтааст, ки хонанда худро бевосита дар таваллудхона эҳсос мекунад:
Яке фарёд лӯлакпеч мезад,
Дигар поро ба по бе ҳеҷ мезад.
Яке чашмони худ накшода ҳоло,
Ғизо меҷуст во карда даҳонро...
Яке бе мӯй буду сап-сафедак,
Дигар мӯйи сияҳ буд печ-печак.
Яке ором, дигар бесаранҷом,
Яке шакле гирифта, дигаре хом.
Дар таваллудхона образи марде пайдо мешавад, ки аз духтар зодани занаш норозӣ буда, ӯро таънаву маломат мекунад. Шоир бар хилофи ин марди ҷоҳил фарзандро ҳамчун неъмати гаронбаҳо, давомдиҳандаи умри инсон, бақои оила ва ояндаи неки мамлакат тавсиф менамояд. Тифл, писар аст ё духтар, умеди падару модар ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, шоир ба тифли навзодаш, ки писараки дӯстрӯе аст, замини сарсабзи Тоҷикистон, деҳоту шаҳрҳои обод, рӯдҳои пуртуғёну кӯҳҳои осмонбӯси тоҷикро тақдим мекунад, ба умеде, ки баъди гузашти солҳо фарзанди баркамоли Осиё мегардад. Бо ҳамин хатти сужети асар ба тасвири рӯзгори фарзанди барӯманду боэҳтироми қитъаи Осиё – устод Айнӣ равона мегардад.
Дарвозаи роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо ҷӯшу хурӯш ва ҷараёни муносибати мусофиронаш аз зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари фарҳангию адабии устод дарак медиҳад. Устод Айнӣ ҳангоми аз ҳуҷраи поезд фуромадан бо мӯйи сафед, чашмони камнур ва дасти ларзон чун пири хирадманде ба назар мерасад, ки тамоми дониш, таҷриба ва қуввату ғайраташро баҳри ҳифз ва рушду нумуи фарҳанги миллати тоҷик сарф намудааст. Ин аст, ки кулли мардуми Душанбе устодро шодбош ва хайра мақдам[133] мегӯянд:
Ба устоди қаламкаш дод пайғом
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.
Дар боби ҷамъбастии асар устод Айнӣ дар боғи шоир тасвир ёфтааст. Табиати сеҳрангези Душанбе ва офтоби ҷонбахши баҳорӣ ба ҳолати руҳии қаҳрамон созгор афтод ва устод дар ин ҳолат «саропо ба нур ғарқ» ва «аз нур давлатманд» гашта буд. Дар ин боб такроран истифода шудани калимаҳои нур, машъал, алав, чароғ, оташпора, офтоб талошу муборизаи устодро баҳри илму маърифат таъкид менамояд:
Ба чашми нурҷӯ, марди адабгоҳ,
Гаҳе Хайём мешуд шуълаи моҳ.
Зи Саъдӣ гоҳ оташпора мешуд,
Ба гирди Рӯдакӣ сайёра мешуд.
Чароғ аз назм, нур аз назм меҷуст,
Ба ишқи назм мисли сабза меруст.
Дар боғ шоир андешаҳои устодро ба таваллуди фарзанд ва давом ёфтани насли инсон мекашад. Ба қавли устод таълиму тарбияи фарзанд ҷиддитарин ва муҳимтарин масъалаи ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро фардои неки ҳар мамлакат ба насли ҷавон вобас та аст:
Ба фарзандат сабақ омӯз зинҳор,
Ки аз макри аду бошад хабардор.
Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,
Қасос аз ҷаҳлу нодонӣ ситонад.
Фишорад гарм дасти дӯстонро,
Мададгорӣ кунад афтодагонро.
Ба мисли заррае тобанда бошад,
Ба ҳар маҳфил чароғи зинда бошад.
Ба олам насл аз мо ёдгор аст,
Ба ӯ фардои инсон чашмдор аст.
Бо суханони ҳикматомези устод Айнӣ ба поён расидани хатти сужети «Чароғи абадӣ» хусусияти миллӣ ва ҷанбаи маърифатии достонро афзун гардондааст.
Дар адабиёти бадеии ватанию хориҷӣ, чун С. Улуғзода, Ҷ. Ик ромӣ, П. Толис, Ғ. Абдулло, Р. Ҳодизода, Ӯ. Кӯҳзод, Ш. Лоиқ, Б. Собир, И. Зарайский (шоири рус), Зулфия (шоираи ӯзбек), Қилич Қулиев (нависандаи туркман), Алӣ Асғари Ҳикмат (шоири Эрон), адибони зиёд дар офаридани симои устод Айнӣ кӯшиш ба харҷ додаанд. Дар байни асарҳои адибони мазкур мавқеи достони «Чароғи абадӣ»-и Турсунзода бузург аст.
«Ҷони ширин»
Достони «Ҷони ширин» (1959) дар эҷодиёти М. Турсунзода ҷойи намоён дорад. Адиб барои достони «Ҷони ширин» соли 1963 Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакиро сазовор шудааст. «Ҷони ширин» чун достонҳои «Ҳасани аробакаш» ва «Чароғи абадӣ» хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад. Шоир лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии асарро чунон умумият додааст, ки он аз доираи маҳдуди ҳаёти як оила баромада, моҳияти иҷтимоӣ ва умумиинсонӣ касб кардааст.
«Ҷони ширин» достони лирикӣ мебошад ва қаҳрамони лирикӣ дар шахси шоир амал мекунад. Достон дар жанри маснавӣ (қофиябандиаш: аа, бб, вв..) буда, зоҳиран ба бобҳо ҷудо намешавад. Муносибати қисматҳои таркибии асар ва оғози бобҳои навбатӣ ба воситаи байтҳое, ки бо ибораи «Ҷони ширин» сар мешаванд, таъмин мегардад. Дар асар чунин байтҳои васила ёздаҳто мебошад:
Ҷони ширин, худ ки озод аз ғамӣ,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.
Дар асар мавзуи оила ва муносибатҳои оилавӣ мавқеи муайянкунандагӣ дорад ва дигар муаммоҳо дар муносибат ба ин мавзуи асосӣ ҳал мешавад. Аз ин ҷиҳат, чун соҳибхона фаъолият намудани ҳамсари шоир дар ҷашни 1100-солагии устод Рӯдакӣ (1958) ҷолиби диққат аст. Барои меҳмонони кишварҳои хориҷӣ, ки дар хонаи шоир ҷамъ омада буданд, дар баробари меҳмоннавозии тоҷикона, симои миллӣ ва мӯйи дарозу пироҳани атласи зани тоҷик хотирмон буд:
Кокули маъшуқаи ошиқнавоз
Буд мисли мӯйҳои ту дароз...
Чун зани тоҷик – соҳибхоназан
Доштӣ пироҳани атлас ба тан,
Доштӣ дар сар хаёли меҳмон,
Аз чунин ташвиш будӣ шодмон.
Дар маркази тасвироти Турсунзода оилаи хушбахт қарор гирифтааст, оилае, ки асоси онро меҳру муҳаббат, самимият ва эҳтироми ҳамдигарии зану шавҳар ташкил медиҳад.
Достони «Ҷони ширин» мавзуъҳои гуногунро фаро гирифтааст. Махсусан, сулҳ, дӯстӣ ва ватанхоҳӣ дар ин асар мавқеи босазо доранд. Шоир, чи хеле ки аз байти василаи зерин бармеояд, масъалаҳои сулҳу дӯстиро тавъам медонад ва онҳоро якҷо мавриди тасвир қарор медиҳад:
Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин, чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.
Дар тасвири муаллифи «Ҷони ширин» сулҳ барои ҷомеаи инсонӣ бузургтарин неъмати рӯйи замин аст, ки файзу баракати онро ба саховати офтоб баробар кардан мумкин аст. Шоири тоҷик ба воситаи тасвири лаҳзаҳои зиндагӣ ва кору пайкори Файз Аҳмади покистонӣ ва Николай Тихонови рус таъкид мекунад, ки сулҳу амонӣ ва озодӣ маҳсули ҷонбозиҳои фарзандони бедордилу барӯманди халқҳои гуногун мебошанд. Махсусан, образи Файз Аҳмад хеле муассир ба қалам омадааст:
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Печу тобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои ноҳаи[134] Панҷоб буд.
Таркибҳои маҷозии ба мисли ҳезуми тар дар гирифтан, чун мавҷи об печутоб хӯрдан, дар сари мӯ бозии ҷон дидан гувоҳи сахтӣ ва душвории муборизаи озодихоҳонаи Файз Аҳмад мебошад.
Умуман, таҷрибаи зиндагӣ ва ҷаҳонбиниву ҳунари нигорандагии шоир боиси ифодаи барҷастаи хусусияти маърифатии достон гардида, баъзе байтҳо шакли панду ҳикматро гирифтаанд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
***
Қалъа аз як пояи девор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.
Реклама