Шӯриши Восеъ соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ ба амал омада, пояи ҳукумати Манғитияро ба ларза овард. Дар насри бадеӣ асари калонҳаҷме, ки образи Восеъро ба тамоми паҳлу мавриди тасвир қарор дода бошад, романи «Восеъ» аст.
С. Улуғзода ба таърихи муборизаҳои адолатхоҳонаи мардуми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ мароқ зоҳир намуд. Баъдтар нависанда ба омӯзиши шӯриши мардуми тоҷик бо сардории Восеъ ҷиддан машғул шуда, солҳои 1961 – 1967 романи «Восеъ»-ро таълиф кард ва соли 1969 аввалин чопи китобии он дастраси хонанда гардид.
Сохтори роман
«Восеъ» ба жанри романи таърихӣ тааллуқ дошта, аз 33 боб иборат аст. Хонанда дар ду боби аввал нахуст ба симои манфӣ – Мирзоакрамбой ва баъд ба қаҳрамони асосӣ – Восеъ шинос мешавад. Ин ду образ (махсусан Восеъ) аз аввал то охири асар иштирок намуда, дар ҳалли зиддият ва масъалаҳои асосӣ мавқеи марказӣ доранд.
Дар боби дуюм ҷувозкундае тасвир ёфтааст, ки онро Восеъ ба пушт бардошта ба хонааш мебарад: «Восеъ ҷувозкундаро бағал карду озод бардошта ба болои харсанге гузошт ва баъд онро ба пушташ гирифта, хам шуда, калавида-калавида равон шуд.
— Намурӣ, Восеъ! Ёдат ба хайр!.. Қанд бизан! – қоил шуда таҳсин мекарданд шариконаш аз қафо.
Восеъ бори вазнини худро ба ҳавлиаш расонда, дар пеши дари ҷувозхона боэҳтиёт ба замин гузошт... Ва ба ҷувозкунда даст зада, мамнунона илова намуд:
— Соз! Аз тути пир тарошондамаш. Дар ин, иншооллоҳ, бист-сӣ сол ҷувоз мекашам, занак».
Ин ҷувозкунда дар охири боби 33-юм низ зикр гардидааст. Вақте ки хоҳари Восеъ – Фотима аз Шаҳрисабз баргашта, хабари ба дор кашидани бародарашро ба ҳамдиёронаш мерасонад, мардуми Дараи Мухтор ва деҳоти гирду атрофи он як ҳафта азо мегиранд: «Дар поёни ҳафтаи азодорӣ пирамарде ба ҷувозхонаи Восеъ ишора карда, ба ҷамоат чунин гуфт:
— Додарон! Дар ин ҷо Восеъ ҷувоз мекашид. Ин ҷувозкундаро худаш фармуда тарошонда буд. Биёед, аҳду паймон кунем, ки ҳаминро аз Восеъ ба ёдгор нигоҳ медорем. Восеи шаҳид дар ватанаш қабр надорад, ҳамин ҷувозхона ба ҷойи қабраш зиёратгоҳи ӯ шавад. Омин оллоҳу акбар! Хурду калон – ҳама бо ҳамроҳии пирамард даст ба рӯй кашиданд».
Ин ҷувозкунда, ки ҳоло ҳам побарҷо буда, чун зиёратгоҳи мардум эътибор дорад, маънои рамзӣ касб кардааст ва нишонаи он аст, ки халқи тоҷик мисли Восеъ фарзандони баҳодуру сарбаланди худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Баъди боби дувум, дар боби охири асар, такрор шудани ҷузъи ҷувозкунда робитаи мантиқии қисматҳои романро қувват бахшидааст.
Мисли ҳамин, истифодаи бамаврид ва моҳиронаи манзараи табиат, қиёфа (портрет), муколама ва порчаҳои шеърӣ бандубасти лаҳзаҳои алоҳидаи «Восеъ»-ро таъмин намуда, боиси афзоиши ҷозибаи тасвир гардидааст.
Сужети роман
«Восеъ» ҳодисаву воқеаҳоеро, ки дар охирҳои асри XIX дар қаламрави Бухорои Шарқӣ ба вуқуъ пайваста буд, дар бар мегирад.
С. Улуғзода хонандаро аввал ба амалиёти ҳарисонаи Мирзоакрамбой ном мансабдори аморати Бухоро шинос намуда, баъд ба тасвири зиндагии Восеъ ном марди кӯҳистонӣ ва аҳли оилаи ӯ мегузарад. Восеи ҷувозкаш бо ҳалолкорӣ, қавииродагӣ ва ёриву мададгорӣ дар байни ҳамдиёрон эътибори калон пайдо мекунад.
Дар Бухорои Шарқӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва аҳволи мардуми меҳнатӣ сол то сол бад ва тоқатфарсо мешавад. Дар ҳамин вазъияти барои аҳолии мавзеъҳои Ховалинг, Балҷувон ва Сарихосор сангин амири нави Бухоро – Абдулаҳадхон (1885 – 1910) Мирзоакрамбойро мири Балҷувон таъйин менамояд ва супориш медиҳад, ки аз аҳолӣ андози сесоларо ҷамъ кунад. Мирзоакрамбой молу пули зиёде сарф карда, ба ин мансаб соҳиб шуда буд. Бинобар ин, дар бадали ду ҳафта хароҷоташро ду баробар рӯёнда, барои хазинаи амир ҳам ҳадяи муносиб тайёр намуд. Ин амали беадолатона ва аз даҳони мардум кашида гирифтани охирин луқмаи нон косаи сабри аҳолиро лабрез намуд ва боиси сар задани шӯриш гардид.
Деҳқонону чӯпонон ва дигар табақаҳои камбизоати аҳолии бекигарии Балҷувон бо калтаку шохину белу каланд ва тешаву табар мусаллаҳ гардида, «дод аз дасти манғит» – гӯён сарбозони бекии Балҷувонро торумор намуданд. Бек фирор кард. Амир Абдулаҳадхон ба кӯмаки мири шикастхӯрда ҳазор тан сарбози варзидаву мусаллаҳ фиристод. Ҳокими Ҳисор Остонақул – қушбегӣ ба сарбозони аз Бухоро омада дастаеро илова намуда, ба Балҷувон сафар намуд.
Шӯришгарон ба муқобили сарбозони аз Ҳисор омада, мири Кӯлоб ва дастаи ғоратгари Туғай мардонавор ҷангиданд. Аммо бо белу каланд ба муқобили сарбозони мусаллаҳ истодагарӣ кардан душвор буд.
Оқибат шӯриш ба шикаст рӯ ба рӯ омад. Восеъро бо дӯстонаш (Назир, Одина, Саид-мерган, Нозим, Давлат Айюб) дастгир намуда, аввалан ёронашро ба қатл расонданд ва баъд худашро ба ҳузури амир Абдулаҳадхон бурданд. Чун амир дар Шаҳрисабз буд, Восеъро баъди ба амир нишон додан ба дор овехтанд.
Сужети асар бо таъкиди қадршиносии ҳамдиёрон, ки ҷувозкундаи Восеъро то ҳол аз харобшавӣ эмин дошта, деҳаи Дараи Мухторро ба зиёратгоҳ табдил додаанд, ба охир мерасад.
Образи Восеъ
Дар маркази роман образи Восеъ қарор дорад. Тасвири ин образ аз лаҳзаи ба дуредгари Дараи Мухтор супориш кардани тарошидани ҷувозкунда оғоз меёбад. Дар ин ҳолат Восеъ соҳиби зан, се фарзанд ва обрӯю эътибор мебошад. Баъдтар нависанда воқеаҳои даврони ҷавонӣ, ба Назири сайёд бародархонд шудан, Аноргул ном духтарро ба занӣ гирифтан ва Шакар ном падари ғамхору ҳалолкор доштани Восеъро тасвир менамояд. Ин лаҳзаҳо сарчашмаи ташаккули характери қаҳрамон мебошанд.
Восеъ аз ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдор аст. Мудом меҳнат мекунад, паҳлавон аст, нангу номусро дар ҷойи аввал мегузорад ва меъёри асосии ӯ дар зиндагӣ ҳақиқату адолат аст.
Восеъ Ризо ном ятимбачаро ба тарбияи худ мегирад ва ба занаш, ки ба хона овардани ин бачаи оворагардро намехост, мегӯяд: «Аммо, ман мегӯям, ӯ бачаи хуб аст. Писархондаш кунем, савоб мешавад. Фоидааш ба ӯ, савобаш ба мо. Ту ба шумии ӯ, ба қилиқҳои бемазааш нигоҳ накун, ҷони ширин, инҳо ҳама аз бесарусомонӣ аст. Ман донистам, ҷавҳари бача пок аст, тарбияташ кунем, одам мешавад, ба ман дастёри хуб мешавад».
Восеъ дар ҷустҷӯйи бародархондаш – Назир ба Ҳисору Қаршӣ ва Шаҳрисабзу Самарқанд сафар мекунад, дар мусофират ба беадолатӣ ва ноинсофиҳои мансабдорон дучор ме шавад. Дар Самарқанд ба воситаи мулло Сафар ном ҳамдиёраш ба ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш шинос мегардад. Ошноӣ ба зиндагии пурмоҷарои сокинони шаҳрҳои номбурда ҷаҳонбинӣ ва ҳисси худшиносии Восеъро афзун гардонда, мантиқи гуфтори ӯро боз ҳам қувват мебахшад. Пешвои шӯришгарон ба ҳар гуна таҳқир оҷизона тан додани шахсро чунин маҳкум менамояд: «Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, зери по кунанду ту хап истӣ, номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат, ёру дӯстонат ҳақ доранд, ки аз ту рӯй гардонанд».
Восеъ ба зарбаҳои зиндагӣ мардонавор тоб меорад. Вақте ки сарбозони амир бандиҳоро мебурданд, ду нафар зани сарбараҳна, пойлуч ва саропо хоколуд ба муқобилияти сарбозон нигоҳ накарда пеш баромаданӣ мешаванд. Восеъ онҳоро мешиносад: яке духтараш Гулъизор ва дигаре хоҳараш Фотима буд.
— Ота-а-а!.. Ота-а-а!.. – рӯканону мӯканон дод мезад Гулъизор.
Восеъ қадам нигоҳ дошт.
— Духтарҷонам!.. Хоҳаракам! – аз ҷигар фарёд кашид ӯ.– Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулъизор, ба додараконат бигӯ, падари шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!..
С. Улуғзода дар тасвири характери фардӣ ва симои ҳақиқии Восеъ аз ҷузъҳои бадеии сар хам накардан, қад барафрохта рост истодан бо маҳорат истифода кардааст. Аз ин ҷиҳат, вохӯрии Восеи асир ба амир Абдулаҳадхон омӯзанда аст. Амир Абдулаҳадхон сарвари шӯришгарони тоҷикро, ки пояи ҳукуматашро ба ларза оварда буд, дидан мехоҳад. Вохӯрии Восеъ ба амир дар ҳавлии қалъаи Шаҳрисабз ташкил мешавад. Вақте ки амир аз дари қалъа намудор мегардад, мансабдорон, сипоҳиён, нукарон – ҳама якбора ба таъзим хам мешаванд. «Дар байни саллаҳои сафеду сабзу кабуд ва телпакҳои сиёҳу сурхтобу хокистарранги қафқозии қариб то ба замин хамшуда танҳо Восеъ қад барафрохта рост меистод. Амир ба вай чашм дӯхт, вай ҳам ба амир чашм дӯхт. Восеъ гӯё бо нигоҳаш ба вай мегуфт: «Ту маро дидан хостӣ. Инак ман! Бубин! Душманони ту ҳама монанди мананд! Ман ҳоло асири туам, аммо ба ту сар хам намекунам, аз ту наметарсам!»
С. Улуғзода дар шахси Восеъ симои барҷастаеро офарид, ки аз корномаҳои он мардуми тоҷик солҳои сол дарси хештаншиносӣ меомӯзад. Аз ҷумла, ҳамдиёрони Восеъ Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Саидаҳмад Каримов ба хотири дифоъ аз нангу номуси инсонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонии ҳамватани хешро такрор карданд.
Реклама