КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

(таваллуд 1942)

Зиндагинома

Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо 25-уми апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира н. Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Соли 1958 мактаби миёнаи деҳаи Роҳатӣ ва соли 1963 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевчанкоро (ҳозира ба номи С.Айнӣ) бомуваффақият ба итмом расондааст.

Фаъолияти меҳнатии Кароматуллоҳи Мирзо аз вазифаи муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи деҳаи Оқчакмани ноҳияи Ленин оғоз меёбад. Баъдҳо чун ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») фаъолият намудааст. Чанд муддат дар вазифаҳои мудири шуъбаи адабиёти бачаҳо ва наврасони нашриёти «Маориф», сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» кор кардааст.

Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотиву таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст ва аз соли 2007 то соли 2015 вазифаи сармуҳарририи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Памир» ва баъд вазифаи директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ҷо овардааст. Алҳол машғули кори эҷодист.

Фаъолияти адабӣ

Кароматуллоҳи Мирзо аз ибтидои солҳои 60уми садаи ХХ ба таълифи осори бадеӣ мепардозад. Нахустин ҳикояи нависанда – «Айб аз худатон, додар» соли 1965 ба табъ расида, аввалин китобаш – «Ситораи умед» соли 1980 тавассути нашриёти «Ирфон» чоп мешавад. Маҷмуаҳои ҳикоя, очерк ва қиссаҳои адиб «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди Муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Диле, ки саршори меҳр аст» (2011), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Зиндагӣ ҳам нафасе» (2014), «Деҳаро хоб мебинам» (2014), “Савори аспи сафед” (2021) пай дар пай ба табъ мерасанд. Романҳои «Дар орзуи падар» (романи сегона – 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Моҷарои зиндагӣ» (2017) “Ишқи Сархӯр” (2020) низ аз лиҳози мундариҷа ва забону услуби нигориш дар насри давраи нави тоҷик мавқеи шоиста дошта, дар тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва эстетикии насли наврас саҳми муносиб мегиранд.

Қиссаҳои «Шабе дар Кабудҷар» ва «Дарди ишқ» таҳти унвони «Муки любви» соли 1989 ба забони русӣ чоп гардидаанд. «Дар орзуи падар» соли 2002 дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамин роман ба забони ӯзбекӣ бо номи «Ота орзусӣ» ба нашр расиданд. Асарҳои алоҳидаи ӯ ба як қатор забонҳои дунё, аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, чехӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, тарҷума ва чоп гардидаанд.

Кароматуллоҳи Мирзо аз нависандагони сермаҳсул ва серхонанда аст. Аз рӯйи ҳикоя ва қиссаву романҳояш филмҳо ба навор гирифта шудааст. Дар замони Шуравӣ киностудияи «Тоҷикфилм» аз рӯйи қиссаи «Дарди ишқ» филми ҳамноме ба навор гирифт. Дар заминаи романи сегонаи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат филми бисёрсериягӣ таҳия гардидааст, ки дар Эрону Афғонистон низ маъруфият дорад. Вобаста ба мавзуи романи «Марги бегуноҳ» ва қиссаи «Нишони зиндагӣ» низ силсилафилмҳо пешкаши тамошобинон гардидааст ва ғайра. К. Мирзо як қатор мақолаҳои публитсистӣ низ таълиф намудааст, ки бо сарлавҳаҳои умумии «Рӯйдодҳои зиндагӣ» ва «Ёдномаҳо» дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.

Кароматуллоҳи Мирзо дар асарҳои хурду калони худ лаҳзаҳои мухталифи ҳаёти инсон, рӯйдодҳои фараҳбахш ва номатлуби рӯзгор ва хислату табиати неку бади ҳамзамонони моро бо забони содаву фасеҳ ба риштаи тасвир кашида, ба сифати яке аз шогирдони муваффақи мактаби адабии устод Айнӣ ва давомдиҳандаи фаъолияти насрнависии Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри муосири тоҷик шинохта шудааст. Дар ҳикояҳои «Қадри модар», «Вохӯрӣ», «Айб аз худатон, додар», «Одамшинос», «Аз мо савғо», «Деҳаро хоб мебинам» ва ғ. нависанда шахсони беирода, худхоҳу манфиатҷӯй, шуҳратпараст, ҳанноту фиребгарро сахт маҳкум мекунад. Дар ҳикояи «Дили пурармон» бошад, масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва нақши ҷавонон дар бунёди оила ба миён гузошта шудааст. Нависанда ба воситаи тасвири симои як гурӯҳ ҷавонони авбошу бадахлоқ мақому таъсири падару модарро дар тарбияи ахлоқиву маънавии фарзанд таъкид мекунад. Хонанда аз мазмуни ҳикоя ба хулосае меояд, ки пеш аз ҳама падару модар дар авбошиву бадхӯии фарзандонашон гунаҳгоранд, зеро аз оғоз фарзандони худро нодуруст тарбия намудаанд ва аз ин сабаб онҳо бо роҳи каҷ рафтаанд. Хулосаи ҳикоя байти зеринро ёдрас мекунад:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То Сурайё меравад девор каҷ.

Қиссаҳои нависанда, аз ҷумла «Ситораи умед», «Шабе дар Кабудҷар», «Дарди ишқ», «Нишони зиндагӣ», низ ба муҳимтарин масъалаҳои зиндагии ҷомеаи инсонӣ бахшида шудаанд. Мавзуи асосии «Дарди ишқ» маънавиёти инсон ва ҳолатҳои руҳиву андешаҳои одамони аз нигоҳи ахлоқу инсоф мухталиф мебошад. Дар қисса беш аз 20 персонаж ширкат меварзанд, вале симоҳои асосии асар Рустам, Ҷамила, Парвона ва калтаи Мансур ба ҳисоб мераванд. Воқеа дар Гулоб ном деҳаи дурдасти Тоҷикистон ҷараён мегирад ва адиб хонандаро ба кору зиндагии мардуми ақибгоҳ, сахтиву машаққатҳои рӯзгори айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ошно месозад. Рустам бо вуҷуди хурдсолӣ ва камқувватӣ ба калтаи Мансури ҳаннот мубориза мебарад ва ҳатто ба ӯ дастбагиребон мешавад, нокасиву дилсиёҳӣ ва ботини нопоку манфури ин башараи ҳарисро, то метавонад, фош мекунад ва дар ин гирудор худ обутоб меёбад…

Забони «Дарди ишқ» шевою фасеҳ ва ширину гуворо мебошад ва таркибҳои рехта, мақолу зарбулмасалҳо забони асарро боз ҳам ҷолибтару муассиртар намудаанд: «Ман аз ҳафт маҳалли ин бадсурат безорам», «Болои сӯхта намакоб», «Бедаста дасту калбуза шох нате», «Сол саг омаду ту, раис, соҳиби гап шудӣ»… Қиссаи «Дарди ишқ» гувоҳи маҳорат ва ҳунари волои нигорандагии Кароматуллоҳи Мирзо мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Кароматуллоҳи Мирзо кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?
  2. Фаъолияти меҳнатии ӯ аз кадом вазифа оғоз шудааст?
  3. Нависанда дар кадом вазифаҳо адои хизмат намудааст?
  4. Аввалин китоби К.Мирзо чӣ ном дорад?
  5. Асарҳои баъдинаи нависандаро номбар намоед.
  6. Оид ба ҳикояи «Дили пурармон» ва қиссаи «Дарди ишқ» чӣ медонед?
  7. Аз рӯйи кадом асарҳои адиб филмҳо ба навор гирифта шудаанд?

Реклама