Шоири фарзонаро асру замон
Бар ниёзи хештан меоварад.
Модаре танҳо назояд шоире,
Халқ ӯро баҳри худ меофарад.
(Лоиқ Шералӣ)
Зиндагинома
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Падараш – Шералӣ ва модараш – Заҳро аз аҳли маърифати ноҳияи Панҷакент ба шумор мерафтанд. Касби авлодии ин хонадон шикастабандӣ буда, ҳоло ҳам идома дорад[199].
Айёми тифлӣ ва бачагии Лоиқ ба рӯзҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангӣ рост омад. Таҳсили ибтидоии Лоиқ дар зодгоҳаш гузаштааст. Соли 1954 мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф ва соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгориро ба итмом мерасонад. Соли 1959 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шомил мешавад.
Баъди хатми донишгоҳ Лоиқ дар вазифаҳои гуногун – муҳаррири шуъбаи адабии радио, корманди адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи назм ва сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият мекунад. Шоир аз соли 1991 то охири умр раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд.
Овозаи ҳунари Лоиқ зуд ба ҳавзаҳои адабии форсизабонон расид ва дар шахси Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Бориқ Шафеӣ, Алиасғари Шеърдӯст, Нусрат Раҳмонӣ барин суханварони эронӣ ва афғонӣ дӯстон ва мухлисони зиёде пайдо намуд. Вазъи нобасомони ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар зиндагии устод Лоиқ низ душвориҳо овард. 30 июни соли 2000-ум устод Лоиқ Шералӣ бар асари бемории сактаи дил ҷаҳонро падруд гуфт. Оромгоҳи шоир дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе қарор дорад. Шеъри баландпояаш номи шоирро зиндаву ҷовид гардондааст:
Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,
Интиҳои ман ҳамин як марг нест.
Марг агар қатъи равони ман бувад,
То куҷо қатъи ҷаҳони ман бувад!?
Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор[200],
Интиҳои ман – ҷаҳони беканор.
Мероси адабӣ
Аввалин маҷмуаи ашъори Лоиқ «Сари сабз» унвон дошта, соли 1966 дастраси алоқамандон гардид. Баъд аз ин чунин китобҳои шоир пайи ҳам чоп мегарданд: «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Ману дарё» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Дасти дуои модар» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994). «Фарёди бефарёдрас» (1997) охирин маҷмуаи ашъори устод Лоиқ аст, ки дар давраи дар қайди ҳаёт будани шоир ба табъ расидааст.
Маҷмуаи «Варақи санг» давраи аввали эҷодиёти Лоиқро ҷамъбаст менамояд. Давраи дувуми фаъолияти эҷодии шоир аз маҷмуаи «Хонаи чашм» оғоз шудааст. «Фарёди бефарёдрас» фарогири марҳалаи сеюм ва ниҳоии эҷодиёти устод Лоиқ мебошад.
Баъди вафоти Лоиқ маҷмуаи «Ангораҳо» (2001), «Девони дил» (2006), «Девони замон» (2011), «Дасти дуои модар» (2018) ва ҷилди аввали Куллиёти дуҷилдаи шоир чоп гардид. Дар ҷилди аввали Куллиёт (2001, 2008) танҳо шеърҳо[201] фароҳам омадаанд.
Маҷмуаҳои Лоиқ «Хоки Ватан» ва «Илҳом» бо ҳуруфи арабиасоси форсии тоҷикӣ чоп гардидаанд. Соли 1993 нашрияи «Алҳудо»-и Эрон китоберо бо номи «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» ва соли 1994 нашрияи Донишгоҳи Исфаҳон маҷмуаеро таҳти унвони «Дасти дуои модар» чоп карданд. Ҳамчунин, дар нашрияҳои адабии Маскав ва дигар марказҳои фарҳангии собиқ шуравӣ силсилаи шеърҳои Лоиқ бо забонҳои гуногун рӯйи чопро дидаанд.
Дар фаъолияти эҷодии устод Лоиқ тарҷума мавқеи арзанда дорад. Шоир шеърҳои Сергей Есенин, И. Гёте, А. Пушкин, Г. Гейне, В. Гюго, П. Неруда, Қ. Қулиев, Э. Межелайтис, М. Светлов, Р. Ғамзатов, Е. Евтушенко, А. Ковусов, Э. Воҳидов ва амсоли ононро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Шеъри Лоиқ Шералӣ ҳам дар қолабҳои суннатӣ, чун ғазал, қасида, маснавӣ, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, мусаллас, фард ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ, мисли чаҳорпора, шеъри озод, шеъри сафед, суруда шудааст.
Жанрҳои суннатӣ
Аз навъҳои суннатӣ дар эҷодиёти Лоиқ жанри ғазал мавқеи аввалдараҷа дорад ва миқдори умумии он дар ашъори шоир ба 406 мерасад. Лоиқ Шералӣ дар истифодаи шакли ғазал ба комёбиҳои эҷодӣ ноил гардид. Ғазалиёти Лоиқ аз ҷиҳати ҳаҷм гуногун буда, аз чор то сию шаш байтро фаро гирифтаанд, вале аксари ғазалиёти шоир аз шаш ё ҳафт байт иборат мебошанд:
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Баски аз пойи равон мондем, ҳасрат мекунем,
Аз пайи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.
Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин
Хештанро гум накардан ҳам санъат будааст.
Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр,
Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.
Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.
Дар эҷодиёти Лоиқ баъди ғазал рубоӣ (403-то) ва дубайтӣ (770-то) мавқеи бузург доранд. Рубоӣ:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Қолабҳои нави шеърӣ
Аз қолабҳои нави шеърӣ Лоиқ бештар ба чаҳорпора таваҷҷуҳ намудааст. Чаҳорпора аз аввалин шеъри Лоиқ – «Ном» сар карда, дар ҳама давраҳои эҷодиёти шоир фаровон истифода шудааст. Дар бандҳои шеъри зерин қофияи якдармиён (абаб) дида мешавад:
Чу афтад ахтаре аз боми гардун,–а
Чунин ёбам, ки афтод ахтари ман.– б
Дарахти пир чун афтод вожгун–а
Бигӯяд фоли ҳоли модари ман.–б
Дар эҷодиёти Лоиқ шеъри озод низ мавқеи босазо дорад. Дар як қисмати ашъори шоир баробарвазнии мисраъҳо ва қофиябандии онҳо ба таври қатъӣ риоя намешавад. Бандҳо аз ҷиҳати миқдори мисраъҳо низ тағйир меёбанд. Вале дар ин гуна шеърҳо шоир аз қолиби вазни арӯз берун набаромадааст. Ду банди аввали шеъри «Вақт» чунин аст:
Ин шеър аз нуҳ банд иборат аст, дар ҳар банд миқдори мисраъҳо тағйир меёбад. Дар ҳар банд чун бандҳои боло (рӯзҳо, мо; дили, манзили; бардорем, бигзорем; солор, такрор) қофия ба назар мерасад. Миқдори рукнҳо[202] дар ҳар мисраъ тағйир ёфтааст ва ҳатто як рукн дар ду мисраъ (мисраъҳои 2,3 банди аввал; мисраъҳои 1,2 ва 8,9 банди дувум) тақсим шудааст. Вале шеър ба вазни арӯз мувофиқати комил дорад. Дар ҳама мисраъҳо рукни аслӣ (фоилотун – V – –) ва рукнҳои иловагии (фаилотун VV – – ; фаилон VV ~ ; фаълан – – ) баҳри рамал мушоҳида мешавад.
Лоиқ Шералӣ дар қолаби шеъри сафед хеле кам шеър гуфтааст. Сабабаш ин аст, ки шеъри сафед дар вазни ҳиҷо суруда шуда, аз қофия озод мебошад ва ба мусиқӣ мувофиқат надорад.
Дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ силсилашеърҳо низ ҷойи муносиб доранд. Аз ҷумла, силсилаи шеърҳои «Илҳом аз «Шоҳнома» аз даҳ шеър иборат буда, таассуротест аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ.
Реклама