Зиндагинома
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун, вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Саттор Турсун соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм мекунад. Аз соли 1970 то соли 1990 дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ба сифати мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир фаъолият менамояд.
Саттор Турсун як муддат дар муассисаҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Нависанда солҳои 1994–1996 мухбири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва солҳои 1996—1997 сармуҳаррири маҷаллаи «Памир» буд. Аз соли 1997 сармуҳаррири рӯзномаи «Баҳори Аҷам» буд. Ҳоло танҳо ба кори эҷодӣ машғул аст.
Фаъолияти эҷодӣ
Саттор Турсун фаъолияти эҷодиашро ҳанӯз айёми донишҷӯйӣ оғоз намудааст. Нахустин маҷмуаи нависанда бо номи «Дили гарм» соли 1971 чоп гардидааст, ки он ҳафт ҳикояро фароҳам овардааст. Баъдтар Саттор Турсун ба навиштани асарҳои калонҳаҷми насрӣ низ мепардозад. Аввалин қиссаи нависанда «Сукути қуллаҳо» (1974) ном дорад. Минбаъд китобҳои «Камони Рустам» (1976, 1982), «Аз субҳ то шом» (1979), «Барф ҳам мегузарад» (1983), «Дувоздаҳ ҳикоя» (1986) пайдарпай ба табъ мерасанд.
Соли 1988 романи Саттор Турсун «Се рӯзи як баҳор» бо қиссаи «Девор» чоп гардид. Маҷмуаҳои дигари нависанда «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Садама» (1994), «Санг дар бағал ба туфон» (1998) ва «Зимистони умр» (2006) ном доранд. Соли 2013 Мунтахаби осори нависанда чоп гардид. Қиссаи «Девор» барои кино навишта шудааст. Ҳамчунин, нависанда як қатор мақолаҳои публитсистӣ таълиф намудааст. Мақолаҳои публитсистӣ ва мусоҳибаҳои адиб ба мавзуъҳои муҳимми фарҳангӣ ва иҷтимоии давр бахшида шудаанд.
Аксари асарҳои Саттор Турсун ба забони русӣ ва қисме аз асарҳои бадеии ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, эстонӣ, арабӣ тарҷума ва чоп гардидаанд. Дар навбати худ Саттор Турсун асарҳои ҷудогонаи адибони барҷастае, чун Л. Н. Толстой, Ҷек Лондон, Ш. Андерсен, А. Упит, Г. Матевосян, И. Друсе, У. Камолро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Мавзуъҳои асосӣ
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар тамоми эҷодиёти Саттор Турсун мавқеи марказӣ дорад, васфи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Мавзуи ахлоқ дар ҳикояҳои «Нисфирӯзӣ», «Падар», «Аз субҳ то шом», «Ситораи корвонкуш», «Қиссаи марди гаҳворасоз», «Панҷаи нарми шафақ» мушоҳида мешавад. Образи асосии «Ситораи корвонкуш» – Назар дар деҳа танҳо ба корҳои роҳбарӣ умр гузарондааст: раиси колхоз, ҷонишини раис, мудири ферма, саркор, сардори звено. Лекин мардум ӯро ягон маротиба белақаб ном набурдаанд.
Аввал мардум ӯро Назари қоқ мегуфтанд. Баъд, вақте ки дар давраи ҷанг худ пояшро маҷруҳ намуда ланг шуд, ӯро гоҳ Назари қоқ, гоҳ Назари ланг ном мебурдагӣ шуданд. Баъдтар, вақте ки пеш аз нафақа тиловати «Қуръон»-ро ёд гирифту номи муллоиро бардошт, ӯро боз Домуллои ланг мегуфтагӣ шуданд. Назар бемори бистарӣ шуд, тамоми ҳаёти гузаштаи худро пеши назар овард ва бо сӯзу гудоз дарк намуд, ки ғайр аз бадӣ, фиребгарӣ, ҳаққи мардумхӯрӣ дигар коре накардааст. Аз ҳама хислатҳои баде, ки мӯйсафедро дар дами марг ба ором ҷон додан имкон намедоданд, бахилӣ ва ҳарисӣ буданд: «Вай бахил буд... Ба дараҷае бахил буд, ки касе бо ягон одами дуруст ҷӯрагӣ кунад ҳам, «ман аз кӣ кам, чаро ин одам бо вай ҷӯрагӣ мекунаду бо ман не» – гуфта, дилу ҷигараш еми[225] мору каждум мешуд. Ҳатто касе аз ҳад зиёд хурсанд намояд ҳам, «чаро даҳони ин одам ба баногӯшаш мерасаду даҳони ман не» – гуфта ғашаш меомад».
Нависанда дар тасвири симои манфии Назар услуби худфошкуниро истифода кардааст. Мӯйсафеди бемор ба ёд меорад, ки Султон аз майдони ҷанг баргашта ба ӯ гуфта буд: «Ин ноодамии шуморо то дами марг аз ёд намебарорам. Баъди маргам устухонам ҳам ёд мекунад». Ва писараш – Воҳид низ сухани Султонро тақвият дода буд: «Ман ҳеҷ вақт ин гуноҳи додомро намебахшам».
Хислатҳои номуносибу ғайриинсонии Назар ба воситаи тасвири симои ӯ дар дами марг басо ҷолиб таъкид ёфтааст: «Рӯйи мӯйсафед пахтаи куҳнаро мемонд... Дастони лоғари то оринҷ лучаш чун ду чӯби хушк дар рӯйи кӯрпа беҳаракат мехобиданд. Рагҳои бозувон ва пушти дастони ӯ аз зери пӯсти лимувор зарди ҷо-ҷо доғи кунҷитакдораш ба монанди симтӯри зангхӯрда тира метофтанд». Ташбеҳҳои пайдарпай (рӯйи ба пахтаи куҳна, ду даст ба чӯби хушк, зардии бадан ба лиму, пӯсти доғикунҷитакдор ба симтӯри зангхӯрда) гувоҳ бар он аст, ки мӯйсафед миёни ҳамдеҳагон ва аҳлу ақрабо эътиборе надорад. Ҳамин тариқ, аксари ҳикоёти Саттор Турсун асоси воқеӣ дошта, ҳикмати тоҷикии «мукофоти амал»-ро ба хотир меоранд.
Дар қиссаҳои «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам», «Пайванд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Девор», «Санг дар бағал ба туфон» муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ, сарнавишти инсон дар ҷомеа ва ахлоқу маънавияти одамон тасвир ёфтаанд. Мавзуи қиссаи «Камони Рустам» ҳаёти оилавӣ ва муҳаббати ҷавонон мебошад. Нависанда дар образҳои Фирӯз, Назокат, Шарофатхола, Носир, Шарифи шабкӯр ва дигарон ба масъалаҳои ҳалолкорӣ, сарбаландӣ ва ростқавлӣ эътибор додааст. Образҳои асосӣ – Фирӯз ва Назокат дар роҳи бахт талош меварзанд ва баъди маҳрумияти зиёд ба мақсад мерасанд. Ҳолати руҳӣ ва туғёни қалбии ошиқонро дар охири асар манзараи баҳори дараи Оҳувон боз ҳам равшантар ифода намудааст. Онҳо дар пешорӯ тирукамонро[226] мебинанд ва ба хушбахтии худ бовар мекунанд: «Фирӯз сар бардошта, дар пеш, дар домани сабзи дараи Оҳувон... тирукамонро дид, ки гӯё ҳама рангҳои замину осмонро дар худ ҷамъ оварда, ба як тарзи муассир ҷилва мекард.
— Боре модарам гуфта буданд, ки агар кас дар пеши роҳаш тирукамонро бинад, хушбахт мешавад,– гуфт Назокат.
— Кошки хушбахт мешудем...»
Забони қиссаи «Камони Рустам» равон, пуробуранг ва нишонрас мебошад. Воситаҳои гуногуни тасвир таровати матнро афзуда, табиату хислатҳои образҳои асарро саҳеҳтар ошкор месозанд. Мақолхои халқии кал додари кӯр, аввал андеша, баъд гуфтор, тавсифҳои чашмони фаттонаш, каси меҳрубон, духтари хандонрӯй, зани бадқавоқ, китфи бақувват, чеҳраи заъфарон, шайтони лаъин хусусияти миллӣ ва тобишҳои услубии асарро афзудаанд: «Зан худи ҳамон замон мисли кабӯтари зебои болҳояш нуқрафом ба осмон рафт». Ба кабӯтари зебои болҳояш нуқрафом ташбеҳ кардани руҳи модари Фирӯз муносибати хайрхоҳона ва самимонаи хонандаро ба ин зани ноком таъкид менамояд.
Дар эҷодиёти Саттор Турсун романи «Се рӯзи як баҳор» мавқеи калон дорад. Ин асар мухолифати табақавии мардуми тоҷикро дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ дар бар мегирад ва аз ҷиҳати тарзи тасвири образ дар адабиёти тоҷик нав аст. Образи асосии асар – Усмон Азиз ба сиёсати Ҳукумати Шуравӣ муросо карда наметавонад. Бинобар ин, ба ҳукумат ва одамони ҳукуматӣ мухолифат карда, оқибат ба ҳалокат мерасад. Ӯ ватанашро дӯст медорад ва ҳангоми сафари маҷбурӣ аз деҳааш–Нилу ба нафаронаш чунин маслиҳат медиҳад: «Мегӯянд, ки хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар. Пас, тадбир ин аст, ки ба саратон ҳар чӣ ояд, дар ватан монед. Ғам нахӯред, ки мо ба мақсад нарасидем... Шояд фарзандонатон роҳи дуруст ёбанд».
Каломи Усмон Азиз мантиқан қавӣ буда, бо мақолу зарбулмасал ва ҳикматҳои халқӣ тақвият ёфтааст. Анвар, Комрон, Таманно барин образҳои романи «Се рӯзи як баҳор» низ пурқуввату омӯзандаанд.
Реклама