РЕАЛИЗМ

Назарияи адабиёт

Реализм (калимаи лотинӣ, маънояш ҳақиқӣ, воқеӣ) методи эҷодӣ буда, дар адабиёти бадеӣ ба таври ҳаққонӣ инъикос намудани зиндагӣ ва ҳаёти одамонро дар назар дорад. Муҳимтарин хусусияти методи реализм инъикоси ҳақиқии воқеъият мебошад. Методи реализмро бисёр олимон шарҳ додаанд, ки дар байни онҳо тавсифи файласуфи немис Ф. Энгелс (1820—1895) мукаммал ва фарогир аст: «Реализм дар баробари ҳаққонияти ҷузъиёт тасвири характерҳои типиро дар шароитҳои типӣ дар назар дорад».

Мувофиқи ин тавсиф барои методи реализм чанд нукта муҳим мебошад: характерҳои типӣ, ба шароитҳои типӣ мувофиқат кардани характерҳои типӣ ва ҳаққонияти ҷузъиёти бадеӣ. Офаридани характерҳои типӣ чунин маъно дорад, ки образҳои асар ҳар кадом бояд чун шахсони воқеӣ дорои хислату табиат ва феълу атвори ба худ хос бошанд. Дар айни замон онҳо хусусият ва майлу рағбати ягон табақа ё гурӯҳи муайяни ҷомеаро дар худ таҷассум намуда тавонанд. Дар қиссаи «Марги судхӯр»-и Айнӣ образи Қориисмат ва дар романи «Духтари оташ»-и Икромӣ образи Дилором-каниз намунаи барҷастаи характерҳои типӣ мебошанд. Зеро дар симои онҳо намояндаи гурӯҳи судхӯрон ва табақаи камбизоати занони Бухорои амирӣ амиқу равшан инъикос ёфтаанд.

Талаботи дигари реализм ба шароитҳои типӣ мувофиқат кардани вазъиятҳои типӣ мебошад. Образи реалистӣ вобаста ба замону макон ва вазъияте, ки дар он амал мекунад, офарида мешавад. Қаҳрамони қиссаи «Одина»-и С.Айнӣ намояндаи ҷавонони камбизоати кӯҳистони Қаротегини ибтидои асри ХХ мебошад, ки мардуми он ҷо аз ҳаракатҳои худшиносии давр бехабар буданд. Нависанда муҳити зиндагӣ, вазъи таърихии ҷомеа ва синну соли қаҳрамонро ба эътибор гирифта, ӯро беҷуръат ва камҳаракат ба қалам додааст. Яъне, характери Одина ба макону замон ва муҳити зиндагии ӯ мувофиқат дорад.

Аҳамияти ҷузъиёт дар реализм

Шарти дигари реализм истифодаи моҳиронаи ҷузъиёти бадеӣ мебошад. Дар тасвири реалистӣ ҷузъҳои бадеӣ мавқеи ҳалкунанда доранд. Аз ҷумла, офаридани симои қаҳрамон, фардикунонии забон ва тасвири манзараҳои табиат бе ҷузъиёти бадеӣ имкон надорад. С. Айнӣ дар романи «Ғуломон» ҳангоми фардикунонии забони персонажҳо аз ҷузъиёти бадеӣ фаровон истифода кардааст. Масалан, аз суханони Қилич-халифаи мӯйсафед хислатҳои дурӯягӣ, риёкорӣ ва табиати золимонаи ӯ равшан ошкор мегардад. Ӯ ҳамвора ба тоату ибодат машғул аст, вале дас таи роҳзанони Абдурраҳмон-сардорро, ки нияти ғорат намудани Ҳиротро доштанд, чунин дуо медиҳад: «Ба даст дароред, ба даст наафтед, пахш кунед, пахш нашавед, Хизру Илёс ёратон, чорёр мададгоратон бод!»

Фарқи натурализм аз реализм

Дар охири асри XIX дар Аврупо ва ИМА ме тоди эҷодии натурализм (аз калимаи лотинӣ, маънояш табиат) ба вуҷуд омад. Натурализм тасвири айнани ҳаёти воқеиро тақозо дорад, ки он хилофи талаботи реализм мебошад. Мувофиқи назарияи асосгузори методи натурализм адиби Фаронса Эмил Золя (1840— 1902) нависанда набояд ба воқеаҳои зиндагӣ танқидан назар андохта, маводи эҷодӣ интихоб намояд. Барои эҷодкор сужетҳои нодаркору мавзуъҳои ношоиста вуҷуд надорад.

Бояд гуфт, ки тасвири айнани ҳаёти воқеӣ боиси дар асари бадеӣ роҳ ёфтани ҳодисаҳои одиву дувумдараҷаи зиндагӣ мегардад ва ин ҳолат ба пастшавии арзишҳои эстетикӣ, маърифатӣ ва ахлоқии эҷоди адибон сабаб мешавад. Тасвири натуралистӣ дар солҳои 20 ва 30 асри ХХ дар эҷодиёти нависандагони ҷавони тоҷик мушоҳида мешавад.

Унсурҳои аввалини методи реализм дар адабиёти тоҷик дар осори адибони аҳди ҷадидия пайдо шуд. Баъдтар ин метод дар эҷодиёти адибони тоҷики аҳди шуравӣ, чун С. Айнӣ, С. Улуғзода, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, М. Қаноат, Л. Шералӣ, Ӯ. Кӯҳзод, Сорбон, С. Турсун, А. Самад ва дигарон инкишоф ёфта, паҳлуҳои гуногуни услубии он мустаҳкам гардид. Алҳол методи реализм методи асосии тасвир дар адабиёти давраи нави тоҷик мебошад.

Методи реализм дар адабиёти тоҷик

Методи реализм тасвирҳои пуробуранги муболиғавӣ, романтикӣ, рамзӣ, асотирӣ, ривоятӣ, афсонавӣ, тамсилӣ, ҳузнангез ва ғайраро инкор намекунад. Аз ҷумла, дар асарҳои «Одина», «Дохунда», «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Вата ни Шодӣ», «Ду нишон», «Тоҷ ва байрақ», «Парии Бахт»-и А. Ло ҳутӣ, «Тахти хунин», «Баҳори Тоҷикистон ва нолаи чӯпонӣ», «Манораи Марг»-и П. Сулаймонӣ, «Хазон ва баҳор», «Писари Ватан»-и М. Турсунзода, «Қишлоқи тиллоӣ», «Панҷи ноором»-и М. Миршакар, «Рустам ва Суҳроб», «Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло, «Тоҷи давлат»-и Ғ. Мирзо, «Достони оташ»-и М. Қаноат, баъзе асарҳои Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ӯ. Кӯҳзод, М. Бахтӣ, Сорбон, А. Самад ва дигарон тасвирҳои номбурдаро мушоҳида кардан мумкин аст.

«Баҳори Тоҷикистон ва нолаи чӯпонӣ» ном шеъри Пайрав ҳамагӣ аз чор банди чаҳормисраӣ иборат мебошад. Се банди аввал қофияи абба ва банди охир қофияи аабб дорад. Вале тасвир чунон дилкаш ва пурмуҳтаво мебошад, ки манзараи сеҳрангези баҳори Тоҷикистон бо тамоми рангомезӣ ва назокат пеши назари хонанда ҷилвагар мешавад:

Дашти васеву боғи латифу ҳавои хуш,

Саҳрову ҷангалу чаману кӯҳу лолазор;

Аз ҳар канор чашма равон асту обшор,

Ҳар сӯ баланд замзамаву нолаву хурӯш...

Дар банди аввал тасвир ба воситаи санъатҳои сифатчинӣ (исмҳои дашт, боғ, ҳаво, саҳро, ҷангал, чаман, кӯҳ, лолазор, чашма, обшор, замзама, нола, хурӯш) ва тавсиф (сифатҳои васеъ, латиф, хуш) сурат гирифтааст. Шоир ба воситаи истифодаи пайдарпайи исму сифат таваҷҷуҳи хонандаро ба манзараи баҳор ҷалб менамояд.

Дар банди дувум тасвир аз кулл ба ҷузъ мегузарад. Манзараи баҳори Тоҷикистон дар мисоли гулҳои ҳарранга ба бар кардани дарахтони ҷавон таъкид мешавад. Санъатҳои бадеии ташбеҳу истиора ва тавсифу сифатчинӣ хотири хонандаро болида дошта, ӯро ба вазъият ва ҳолати руҳии чӯпони найнавоз мутаваҷҷеҳ месозад. Матлаби шоир дар ду банди охир чунин ифода ёфтааст:

Биншаста буд шубонписаре ной дар даҳон

Зери дарахти бед, лаби ҷӯйи босафо.

Озода гирди ӯ барае чанд дар чаро,

Бо сӯзи дил хурӯш ҳамекард най, ки ҳон–

Устоди зуфунуни[178] забардасти рӯзгор,

Яъне табиат аз нахи абрешими баҳор,

Нозук иёр[179] бофта қолини махмалин

Густарда, то ки ёр ниҳад пой бар замин...

Манзараи табиат воситаи муҳимми тасвири вазъият, орзую омол ва андешаҳои ширини образи чӯпонписар ба шумор меравад. Найи чӯпонӣ аз эҷозкориҳои «устоди зуфунуни забардасти рӯзгор» башорат медиҳад. Табиат ба ҳолати руҳии қаҳрамон чунон созгор ва мувофиқ аст, ки гӯё ба хотири ташрифи маҳбубаи чӯпонписар аз сабза пояндоз густардааст. Ин созгории манзараи табиат ба вазъияти умедворонаи чӯпонписар, ба заминаи реалистии тасвир ишора карда, аз қадру манзалат ва муҳаббати поки инсони меҳнатӣ дарак медиҳад.

Ҳамин тариқ, методи реализм аз нависандагон талаб дорад, ки онҳо воқеаҳои муҳим ва аввалдараҷаи зиндагиро интихоб карда, ба воситаи образҳои эътимодбахш ҳақиқати зиндагиро ба ҳақиқати бадеӣ табдил диҳанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Методи реализм кадом нуктаҳоро фаро мегирад?
  2. Ҷузъиёт чист ва дар тасвири реалистӣ чӣ аҳамият дорад?
  3. Тасвирҳои натуралистӣ аз тасвирҳои реалистӣ чӣ фарқ доранд?
  4. Методи реализм дар адабиёти тоҷик кай мавқеъ пайдо кард?
  5. Шеъри «Баҳори Тоҷикистон ё нолаи чӯпонӣ»-ро аз ёд намоед ва онро аз лиҳози тасвирҳои реалистӣ таҳлил кунед.

Реклама