ЛИРИКА (шеъри ғиноӣ)

Назарияи адабиёт

Ба ҷинси лирика[256] асарҳое тааллуқ доранд, ки дар онҳо фикру ҳиссиёти аз зиндагӣ ва ҳодисаҳои давр ҳосилкардаи адиб бевосита тасвир меёбанд. Гулрухсор гуфтааст:

Надорам орзуи умри ҷовид,

Ватан бигзор монад ҷовидона.

Ҳамехоҳам ба ту баъди сари ман,

Ватан монад, Ватан монад нишона!

Мафҳуми қаҳрамони лирикӣ

Асарҳои лирикӣ аз номи адиб баён мешавад ва дар ин гуна асарҳо шахсияти адиб равшанд ба назар мерасад. Ба ин маънӣ мунаққиди барҷастаи рус В.Г. Белинский (1811–1848) гуфтааст: «Шоири бузург дар бораи худаш – дар бораи «Ман» сухан ронда, умумӣ гап мезанад, зеро дар симои ӯ он чизе, ки дар зиндагии халқ аст, таҷассум ёфтааст. Бинобар ин, ҳар кас дар ғами ӯ ғами худ ва дар шахсияти вай худашро мебинад».

Ҳамин тавр, шахсеро, ки шеъри лирикӣ аз номи ӯ навишта шудааст, дар адабиётшиносӣ қаҳрамони лирикӣ мегӯянд ва қаҳрамони лирикӣ, аксаран, худи шоир аст. Дар шеърҳои лирикӣ ғайр аз қаҳрамони лирикӣ боз образҳои лирикии маъшуқа, рақиб, қалам, кӯҳ, дарё ва ғайра мушоҳида мешавад. Вале ҳамаи дигар образҳо ба салоҳдид ва назари фардии қаҳрамони лирикӣ вобаста аст. Дар ин байт қаҳрамони лирикӣ назари фардии худро оид ба мавқеи таҳсилу кӯшиш дар зиндагӣ чунин муайян кардааст:

Ин ки рӯзӣ бетараддуд мерасад, афсонаест,

Панҷаи кӯшиш калиди ризқро дандонаест.

(Соиб)

Шеърҳои лирикӣ танҳо ба мавзуи ишқу муҳаббат тааллуқ надоранд ва чун асарҳои ҳамосию драмавӣ ба тамоми масъалаҳои зиндагӣ дахл менамоянд. Аз ин рӯ, лирика ба навъҳои ишқӣ, манзаравӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайра ҷудо мешавад.

Агар асарҳои лирикӣ ба шавқу шӯри ишқ ва васлу хиҷрони ёр оид бошанд, лирикаи ишқӣ ном мегиранд. Асарҳое, ки дар онҳо қаҳрамони лирикӣ дар бораи манзараҳои табиат фикр баён намояд, лирикаи манзаравӣ ном доранд. Асарҳое, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи зиндагӣ мавриди муҳокима қарор гиранд, ба лирикаи иҷтимоию фалсафӣ оид мебошанд.

Навъҳо ё жанрҳои асосии шеъри лирикӣ фард, дубайтӣ, рубоӣ, маснавӣ, қасида, қитъа, ғазал, мусаммат, тарҷеот ва мустазод мебошанд. Ин навъҳои шеъри лирикӣ ҳам дар назми асримиёнагӣ ва ҳам дар назми давраи нави тоҷик мавқеи муносиб доранд. Ба баъзе хусусияти жанрҳои мазкур таваҷҷуҳ менамоем: Фард (арабӣ – ягона, танҳо) аз як байт иборат буда, гоҳ бо қофия ва баъзан аз қофия озод навишта мешавад. Шакли ҷамъи фард муфрадот ё фардиёт буда, мавзуъҳои гуногунро дар бар мегирад:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,– б

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд. – а

(Рӯдакӣ)

Ё:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, – а

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ? а

(А. Лоҳутӣ)

Дубайтӣ аз ду байт (чор мисраъ) иборат мебошад ва дар вазнҳои ҳазаҷи мусаддаси мақсур (мафоӣлун, мафоӣлун, фаӯлон: V – – – V– – – /V– ~) ё ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (мафоӣ лун, мафоӣлун, фа ӯлун: V – – –/V – – –/ V – –) навишта мешавад. Дубайтӣ мавзуъҳои гуногунро фаро гирифта, аксаран дар шакли ааба ва баъзан дар шаклҳои аааа ва аабб қофия баста мешавад. Бобо Тоҳири Урён дар мавзуи ишқу муҳаббат гуфтааст:

Диле дорам харидори муҳаббат,–а

К-аз ӯ гарм аст бозори муҳаббат.–а

Либосе бофтам бар қомати дил–б

Зи пуди меҳнату тори муҳаббат.–а

Рубоӣ (арабӣ–чоргона) аз ҷиҳати миқдори мисраъҳо ва қофия мисли дубайтӣ мебошад, вале дар вазн фарқ дорад. Вазни рубоӣ шаҷараи ахраб ё ахрами баҳри ҳазаҷ мебошад. Яъне, мисраъҳои рубоӣ ё бо зиҳофи ахраб (мафъӯлу: – –V) ва ё бо зиҳофи ахрами (мафъӯлун: – – –) баҳри ҳазаҷ оғоз меёбанд. Рубоӣ паҳншудатарин жанри назми тоҷик мебошад ва онро Умари Хайём ба дараҷаи камолот расондааст:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,–а

Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.–а

Ҳуш дор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон–б

Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.–а

– – V /V – V –/ V – – V / V –

Маснавӣ (арабӣ–дутоӣ) шакли шеъриест, ки мисраъҳои он ду-ду бо ҳам қофия мешаванд: аа, бб, вв... Имконияти маснавӣ аз ҷиҳати қофия васеъ аст. Бинобар ин, бештари достонҳои адабиёти тоҷик дар шакли маснавӣ эҷод гардидаанд. Шеърҳои лирикӣ низ дар шакли маснавӣ эҷод мешаванд. Маснавиҳои лирикӣ аз ҷиҳати ҳаҷм гуногун, мавзуи марказии онҳо панду ахлоқ мебошад. Ин шеъри машҳури Саъдӣ дар шакли маснавӣ аст:

Банӣ одам аъзои як пайкаранд,–а

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.–а

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,–б

Дигар узвҳоро намонад қарор.–б

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,–в

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.–в

Ба асарҳои ғиноӣ достони лирикӣ ва ҳикояи лирикӣ низ дохил мешаванд, ки мундариҷа ва муҳтавои онҳо ба воситаи таассуроту андеша ва муносибати бевоситаи қаҳрамони лирикӣ ифода меёбанд. Ҳамчунин, дар адабиёти давраи нави тоҷик дар баробари жанрҳои анъанавӣ шаклҳои нави лирикӣ пайдо шудаанд ва онҳо навъҳои гуногуни шеъри озод ва шеъри сафедро фаро гирифтаанд. Умуман, лирика чун қадимтарин ҷинси адабӣ дар ташаккули завқи бадеӣ ва камолоти маънавии инсон саҳми муносиб дорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чӣ хел асарҳоро асарҳои лирикӣ меноманд?
  2. Оид ба мафҳуми қаҳрамони лирикӣ маълумот диҳед.
  3. Жанрҳои лирикӣ ё ғиноӣ кадомҳоянд?
  4. Рубоӣ аз дубайтӣ чӣ фарқ дорад?
  5. Чаро достонҳо, асосан, дар шакли маснавӣ навишта мешаванд?
  6. Оид ба мафҳумҳои достони лирикӣ ва ҳикояи лирикӣ чӣ медонед?

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Ин дубайтӣ ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?

Надорам орзуи умри ҷовид,

Ватан бигзор монад ҷовидона.

Ҳамехоҳам ба ту баъди сари ман,

Ватан монад, Ватан монад нишона!

А) Гулрухсор;

Б) Гулназар;

В) Лоиқ Шералӣ;

Г) Бозор Собир;

Ғ) Камол Насрулло.

2. Ин шеъри Лоҳутӣ ба кадом жанри бадеӣ тааллуқ дорад?

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

А) Дубайтӣ;

Б) Рубоӣ;

В) Қитъа;

Г) Қасида;

Ғ) Фард.

Реклама