ДОСТОНИ «СУРӮШИ СТАЛИНГРАД»

Мундариҷаи достон

«Сурӯши Сталинград» солҳои 1965 – 1970 эҷод гардида, бори аввал соли 1972 ба табъ расидааст. Ин асар ба шадидтарин муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ – муҳорибаи Сталинград[191] бахшида шуда, аз оғоз, ҳашт сурӯш[192] ва хотима («Сурӯши модарон ва фарзандон») иборат мебошад. Шоир достонро бо эпиграф – сухани ходими ҷамъиятии Испания Долорес Ибаррури (1895 – 1989), ки «барои ман агар дар бораи шаҳре сухан гуфтан муҳол бошад, он шаҳри Сталинград аст» гуфта буд, шуруъ менамояд. Ҳамчунин, дар охири ҳар боб (ғайр аз боби ҳаштум ва хотима) аз дафтари хотираи як сарбози немис порчаҳо оварда мешавад.

Дар оғози асар М. Қаноат суханро васфу ситоиш менамояд. Шоир аз каломи бадеъ тамкину устуворӣ, қудрати ҷонофарин ва дили сарбоз доштанро таманно мекунад, то ки «дар равони мурда ҷон оварда» дуои модаронро гирад:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд,

Дили сарбозу мисли ту камин бояд,

Замини ман,

Ки дастони туро хонад...

Сухан бояд раҳи тақдирро гирад,

Дуои модарони пирро гирад,

Ки бо ҳикмат дами шамшерро гирад,

Ба нимовоз эъҷози туро гӯяд.

Муъмин Қаноат сурӯши якумро «Замин» ном ниҳодааст. Замин ҷойи таваллуд, макони зиндагӣ ва шарики шодию ғами инсон мебошад. Шоир аз санъати ташхис истифода карда, заминро ба сухан даровардааст. Замин худро гаҳвораи фарзанди одам меномад ва таъкид мекунад, ки ин ҳама ғамхориву меҳрубониҳои модаронаи ӯ барои хушбахтӣ ва зиндагии осудаи инсон аст. Бадбахтона, аз Ғарб фарзандони нолоиқе пайдо шудаанд, ки ба қадри меҳрубониҳои модар нарасиданд. Сухани замин дар охир оҳанги имдодталабона мегирад:

Ба ҳам часпид лабҳоям,

Диҳедам косаи обе...

Диҳедам косаи обе,

Ки бе хуни ҷигар бошад!..

Мадад, эй зодагони ман!

Ҳазар, эй қавмҳои ҷонситони ман...

Маро озод бинмоед,

Ман сайёраам[193],

Дар банд мемирам.

Тамсил дар боби дуюм бо номи «Дарё» идома ёфтааст. Дарё низ фарзанди замин аст ва фарёди имдодталабонаи модар – замин ӯро ба ҳимоя бармехезонад. Дар ин боб матлаби шоир, ки муборизаву ҷонфидоӣ барои хоку оби Ватан мебошад, возеҳтар ифода меёбанд. Дарё чун як ҷузъи замин ба он пайванди ногусастанӣ дорад. Ин аст, ки аз фоҷиаи замин ба қаҳр омада бар зидди поймолкунандагони замин ба мубориза бармехезад ва чун Гурдофарид ҷавшани пӯлод ба бар мекунад. Дарё худро хоҳар ва ҷанговарони Ватанро бародар медонад ва бо тамоми ҳастӣ ба ин пайвандони ҳамхун мадад мерасонад. Ӯ дар зимистон яхбанд шудааст, то ки бори вазнини танку тӯпҳоро ба дӯш гирифта, хомӯшона ба соҳил гузаронад, ҷанговарони тирхӯрдаро дар оғӯш гирифта, монанди садаф дар синаи софаш ҷой диҳад ва ғайра.

Дар боби сеюм – «Маллоҳи[194] Баҳри Сиёҳ» тасвир аз кул(л) ба ҷузъ мегузарад. Шоир дар образи маллоҳи Баҳри Сиёҳ мардонагӣ ва шуҷоати ҷанговарони шуравиро барҷаста тасвир намудааст. Миша аз дарё гузаштан замон фармони «ба сӯйи танкҳо оташ!»- ро мегирад ва аз саҳар то шом ба ҳамлаҳои пайдарпайи танкҳои душман истодагарӣ мекунад. Дар дасташ танҳо як шишаи тарканда монда буд. Ногоҳ рӯ ба рӯяш танкеро дар ҳаракат мебинад ва бо ҳамин шишаи тарканда ба муқобили танк мебарояд:

Вале таркид шиша дар сари дасташ,

Зи китфаш шуълае бархост монанди қаду басташ.

Шарар ҷони ҷавонаш сӯхт,

Нидои охиринро дар лабонаш сӯхт.

Саропо оташи зинда

Ба сӯйи танк метозад,

Ба ин дастур Данкоро[195] замоне зинда месозад...

Шоир шуълаи оташи ҷисми Мишаро ба шуълаи оташи дили Данко монанд карда, бо ҳамин қувваи беҳамтои ин шуълаи душманкушро таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаи тасвир воқеа ба баландтарин нуқтаи шиддат мерасад ва хонанда қадру қимати Ватану меҳру садоқати ватандорро бармало эҳсос мекунад.

Боби «Матвей Путилов» давом ва инкишофи боби «Маллоҳи Баҳри Сиёҳ» мебошад. Матвей Путилови алоқачӣ фармон мегирад, ки симҳои кандаро дарёфта, алоқаро барқарор намояд. Ӯ, ки як дасташ маҷруҳ буд, бо машаққат роҳи душвореро тай намуда, торҳои кандаро меёбад ва ҳангоми барқарор кардани алоқа дасти солимаш низ тир мехӯрад. Алоқачӣ бо азоб нӯгҳои симро ба дандон гирифта, лаҳзае алоқаро барқарор мекунад. Вале ҷисми тирхӯрдаи ҷавон тадриҷан фано мешавад. Андешаи вопасини Матвей, ки муассиру ҷонсӯз ба қалам омадааст, ормони кулли шаҳидони Ҷанги Ватанӣ мебошад:

Видоъ, ёрон!

Ба ҷойи ман

Шумо хандед,

Дил бандед,

Гул бӯйед,

Дил ҷӯйед,

Бибӯсед,

Об нӯшед аз лаби чашма,

Ки ман лабташнаам, Ташна...

Аз боби панҷум самти ҳаракати воқеаҳо тағйир меёбад. М. Қаноат минбаъд ҳимояи модари ҷисмониро ба миён мегузорад ва ин масъаларо дар симои Робиа (аз «Сурӯши панҷум»), Аҳмад Турдиев (аз «Сурӯши шашум») ва момои Асал (аз «Сурӯши ҳафтум») мавриди тадқиқи бадеӣ қарор медиҳад.

Робиа, духтари соҳибҷамоли ҳисорӣ, дар рӯзҳои Наврӯз ба Аҳмад ном писар хонадор мешавад. Вале ҷанги хонумонсӯз имкон намедиҳад, ки ин ду дилдода аз дидори якдигар сер шаванд. Робиа ҳамроҳи хушдоманаш момои Асал баъди чанд рӯзи тӯй Аҳмадро ба ҷанг гусел мекунанд. Шоир ҳолати руҳӣ ва туғёни қалбии Робиаро дар охирин лаҳзаҳои васл тасвир намуда, дорои хислати наҷиб ва тимсоли ишқу муҳаббати инсонӣ будани ӯро таъкид намудааст. Муроҷиати ӯ ба олиҳаи ҳусн – Зуҳраи осмон басо рамзӣ ва дилнишин мебошад:

Ту, эй Зуҳра,[196] кунун дар торҳои тираи мӯям

Бизан чанге, ки ман сози сухангӯям.

Барор оҳанги софи осмонӣ аз мани хокӣ,

Ки бахшам зумраи нопокро як зарраи покӣ!

Манам конунаи олам,

Манам сарманшаи одам!

Дар боби шашум таваҷҷуҳи хонанда боз ба муҳорибаи Сталинград ҷалб мешавад. Ҷанговари тоҷик Аҳмад Турдиев ҳамроҳи ёронаш «Хонаи Павлов»[197]-ро муҳофизат менамуданд. Дар он хона тифле ба дунё меояд ва ҷанговарон ба хотири ин навзод талош меварзанд, ки хона дигар ба дасти душман наафтад. Тифл, дар тасвири шоир, рамзи зиндагӣ мебошад ва дар хонаи валангор таваллуд шудани он гувоҳ бар он аст, ки ҳаёт дар ҳама шароит идома меёбад.

Шароити душвори Ҷанги Ватанӣ таъсири манфии худро ба тамоми сарзамин, аз ҷумла ба зодгоҳи Аҳмад Турдиев – деҳаи Синаи Ҳисор низ расонда буд. Момои Асал ва Робиа бесаробон монда буданд. Чунин вазъият махсусан барои Робиа, ки дар батнаш тифл мепарварид, тоқатфарсо буд. Шоир барои нишон додани сахтиҳои айёми ҷанг тазоди аҷиберо дар ҳаёти инсон нишон додааст: Аҳмад Турдиев дар «Хонаи Павловҳо»-и Сталинград тифли навзодеро «бо дастуру бо дастони мардона» ҳифз менамояд, аммо дар зодгоҳ ҳамсараш тифли мурда ба дунё меорад. Тасвири ғами модар басо ҷигарсӯз аст:

Кунун гаҳвораи бетифл чун тобут меҷунбид,

Ба маҳди кӯчаке дарди гарон бо зӯр меғунҷид.

Сурӯши охирин – «Василий Иванович Чуйков»[198] хусусияти ҷамъбастӣ дорад. Қаҳрамони лирикӣ ҷанги 200-рӯзаи Сталин град ва бо фатҳи ҷанговарони ватанӣ анҷом ёфтани ин муҳорибаро пеши назар меорад ва дар ин муддати тӯлонӣ бори аввал хандаи модарро мебинад:

Ту хандидӣ,

Агарчанде ки дар бар доштӣ пироҳани мотам,

Чу модар дидамат имрӯз аз фарзандҳо розӣ.

Хандаи модар рамзи идомаи ҳаёт ва бахти фарзандон аст ва ин ханда ҷангро маҳкум ва сулҳро ситоиш мекунад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. «Сурӯши Сталинград» бо кадом эпиграф оғоз меёбад?
  2. Достон кадом бобҳоро фаро мегирад?
  3. Чаро бобҳои якум ва дуюм – «Замин» ва «Дарё»-ро бобҳои тамсилӣ номидем?
  4. Дар бораи корномаи маллоҳи Баҳри Сиёҳ чӣ медонед?
  5. Боби «Матвей Путилов» чӣ хел ҷамъбаст гардидааст?
  6. Чаро боби охир «Василий Иванович Чуйков» ном дорад?

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Шеъри «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» ба кадом жанри бадеӣ тааллуқ дорад?

А) Қасида;

Б) Қитъа;

В) Ғазал;

Г) Рубоӣ;

Ғ) Мустазод.

Реклама