Муҳтаво ва сохтори қисса
Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» соли 1978 эҷод гардидааст. Воқеа ва ҳодисаҳои қисса дар яке аз деҳоти кӯҳистони тоҷик дар солҳои шаст – ҳафтоди асри XX ба вуқуъ пайвастааст. Деҳае, ки он ҷо гурӯҳи мутахассисон ба кашидани хатти барқ машғуланд. Дар охири деҳа Сайрам ном зани ҷавон бо духтарчаи ҳашт-нуҳсолааш зиндагӣ дорад. Айёми таътили тобистона аст ва Робия ҳангоми дар саҳро будани модараш хонаро нигаҳбонӣ мекунад...
Асар ба бобҳо ҷудо намешавад ва бо чунин сарахбор оғоз меёбад:
— Офтоб аз шаб метарсад!
— Барои чӣ, духтарам?
— Вақте ки шаб меояд, офтоб мегурезад...
— Офтоб аз торикӣ зӯртар аст.
— Барои чӣ, писарам?
— Офтоб, ки баромад, торикӣ ғайб мезанад...
Ин сарахбор гувоҳ бар он аст, ки дар бандубаст ва хатти сужети қисса фаъолияту андешаҳои кӯдак мавқеи асосӣ дорад. Дар ҳақиқат, тамоми мундариҷаи қисса ба Робия ва андешаву ҳаракатҳои ӯ вобаста аст.
Образи Робия
Робия қаҳрамони асосӣ мебошад ва аз лаҳзаҳои аввал чун духтарчаи дилсоф, самимӣ ва орзупарвару ҳассос ба назар мерасад. Робия лухтаку ҳайкалчаҳои бисёре сохтааст ва ҳамеша бо бозичаҳояш машғули бозӣ ва «суҳбат» мебошад. Рӯзе Қодир ном симчӯббардор дар домани ӯ ҳайкалчаҳои бисёреро мебинад ва байни Қодиру Робия чунин гуфтугӯ сурат мегирад:
— Охир, духтаракон аз лой одамча намесозанд!
— Барои чӣ?
— Ин кори мардҳо аст, писаракон...
— Не-е. Маро модарам сохтааст-ку?
— Ту падар надорӣ?
— Маро модарам сохтааст-ку?! Маро модарам сохтааст-ку?!
Дар ҳақиқат, пурсишҳои беҷойи Қодир Робияро озурда сохт, зеро ӯ падарро надида ва мактубҳои модарашро пинҳонӣ хонда, ба он падари фосиқ ғоибона нафрат пайдо карда буд. Аз муколамаи боло ҷавоби асосноку сазовори Робияро эҳсос менамоем (панҷ бор ҷумлаи «Маро модарам сохтааст-ку?!»-ро такрор мекунад).
Робия духтараки мушоҳидакор ва зирак аст. Ҳар як тағйироти олами атрофро зуд ба мушоҳида мегирад. Махсусан, хурдтарин ҳаракат, муносибат ва тағйири ҳолати руҳии модараш аз назари ӯ дур намемонад. Аз мушоҳидаҳои духтарак маълум мешавад, ки модараш ба Қодир меҳр пайдо кардааст. Робия, ки аз симчӯб худро ба замин партофтани Қодирро мебинад, вақти бозӣ яке аз зочаҳояшро «Қодир» ном ниҳода, онро ба болои «симчӯб» мебарорад. «Қодир» аз болои «симчӯб» афтида «мемурад». Робия бо овози баланд «Қодирой...» гӯён гиря мекунад. Модараш:
— Робия! Чӣ кор кардӣ?
— Ҳеҷ чӣ!
— Чаро мегирйӣ?
— Қодир мурд!
— Чӣ! Кӣ мурд?
Модарам давида назди ман омад. Ранг дар рӯяш намонда буд. Лабонаш пир-пир мепариданд. Дока аз сараш афтода буд. Занҷирчаҳои қасабаи гиребонаш ларзида, ҷиринг-ҷиринг садо мебароварданд.
— Чӣ гуфтӣ?
— Ҳеҷ чӣ не, симчӯббозӣ карда истодаем.
Модарам, гӯё зонувонаш шикаста бошанд, якбора ба замин нишаст...
— Об биёр!–гуфт ӯ оҳиста.
Робия дили поку беғаш дорад. Ба касе, ки меҳр дошта бошад, ӯро самимона дӯст медорад. Вале ба шахси бад муросо карда наметавонад. Духтарак модарашро ба дунё монанд мекунад: «Медонам, дунё мисли модари ман аст – сафеду покизаву зебо ва шармгин...» Аз нигоҳи Қодир дилаш равшан мешавад: «Қодир.. рӯяшро ба тарафи мо гардонду хандид, хандаи ӯ софу покиза буд ва чароғ барин дилро равшан мекард». Вале чашмони Бекмурод, ки одами бад аст, дар назараш чунин метобад: «Ман ҳам ба чашми ӯ нигоҳ кардам: чашмонаш тутаи дудагирифтаи печка барин буданд – сиёҳ, чуқур, холӣ».
Робия образи пурқуввати бадеист, аз бригадир Валихӯҷа ва Козим барин мардони нохалаф, ки шомгоҳон чун кӯршабпараки болшикаста ба ҳар баҳона ба хонаи онҳо меоянд, хавф дорад. Бинобар ин, орзу мекунад, ки ӯ ва модараш монанди Қодир муттакое[224] дошта бошанд. Духтарак ба воситаи бозичаҳояш модарашро бо Қодир «тӯй» мекунад.
Симом модар
Образи модар низ ҷолиби диққат аст. Симои ҳақиқии модар ҳангоми бемории фарзанд бармало намоён мешавад. Робия ҳангоми дар касалхона афтидан ҳолати руҳии модарашро чунин мушоҳида намудааст: «Бо алам мегиристу печутоб мехӯрд, гӯё чашму дасти ман не, даруни ӯ месӯхт.
– Духтаракам, барои ту зиндагӣ мекунам,– пичиррос мезанад ӯ, – намемонам, ки дигар дар мӯят хор часпад, духтаракам».
Сайрам зани покдоман ва баору номус аст. Вай ризқу рӯзии худ ва фарзандашро бо меҳнати ҳалол ба даст меорад ва ба шахсони маккору дурӯя нафрат дорад. Рӯзе бригадир Валихӯҷа ба ивази пулу чиз ӯро барои вақтхушии меҳмонони ба колхоз омада истифода карданӣ мешавад. Сайрам ба ин марди берӯ чунин ҷавоби сазовор медиҳад: «Ана, модари бачаҳоятонро баред, тару тоза, соягӣ, ман рӯзи дароз дар таги офтоб будам».
Дигар образҳо
Дар ҳалли зиддиятҳои қисса як қатор образҳои дигар, аз ҷумла Қодир, Бекмурод, па дари Робия, Валихӯҷа, низ саҳм доранд. Дар байни образҳои мардон образи Қодир хотирмону омӯзанда аст. Қодир ҷавони меҳнатӣ, ҳақталош ва собитқадам буда, ба наздикӣ аз сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб шудааст. Таваҷҷуҳи Қодири муҷаррадро дар деҳа зани ҷавон Сайрам ва духтарчаи зираку мушоҳидакори ӯ ба худ ҷалб менамояд. Ин муносибати самимӣ оҳиста-оҳиста ба ишқи ҳақиқӣ табдил меёбад.
Қодир дар ҳифзи шарафу номуси ин оилаи бемардина талош меварзад ва ҳатто барои даҳони бефаровезаш ба Бегмурод, ки аз ӯ калонсол буд, дастбагиребон мешавад. Қодир барои Сайрам ва духтари ӯ нур ва рушноӣ меорад. Ва ин нури чароғи барқӣ рамзи бахту саодати онҳо низ буд. Робия дар равшании чароғи барқӣ тамоми нону кулчаҳои танӯрро аз назар гузаронида чунин андеша меронад: «Шодӣ мекунам, ки офтобаки болои танӯри мо фурӯзон мемонад, дигар нисфи шаб касе ба тирезаи мо нохун намезанад, ҳамсоя ҷорӯби оташгирифтаро ба ҳавлии мо намепартояд. Ман акнун ҳам модар дорам, ҳам... Қодир. Ва мо танӯри баланде дорем».
Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» аз ҷиҳати забон ва услуби нигориш марғуб ва таъсирбахш аст. Забони асар образнок ва рангину гуворост. Махсусан, таркибҳои маҷозӣ тасвирро пурҷозиба кардаанд. Робия шодию сурурашро аз чароғи барқӣ чунин ифода мекунад: «Дар хандаи ман модарам механдад, сафедорҳои назди танӯр низ ҷӯгивор зару зевару тангаҳои сару синаву пеши барашонро ларзонда механданд. Офтобаки болои танӯр низ механдад. Ман ба ситораҳои рахшони сари танӯр – ба чашмони модарам менигараму медавам, рӯямро ба домани пургули куртаи чакани ӯ мемолам ва пойҳояшро оғӯш мекунам».
Дар порчаи боло маъниҳои аслӣ ва маҷозии таркибҳо якдигарро пурра кардаанд. Агар хандаҳои Робия ва модари ӯ ба маънои аслӣ омада бошанд, пас хандаҳои сафедорҳои назди танӯр ва офтобаки болои танӯр маънои маҷозӣ доранд. Такрори пайдарпайи калимаи хандидан болидаруҳӣ ва ниҳояти шодиву хурсандии персонажҳои асарро равшану возеҳ баён менамояд. Ба ҳаракатҳои лӯлизанҳо ташбеҳ кардани ҷунбиши баргҳои сафедорон ва ба офтоб монанд кардани чароғи барқӣ низ дилкашу табиӣ ба назар мерасад. Инчунин, аз матни боло маънои аслии таркиби ситораҳои сари танӯр, ки номи қиссаро фаро гирифтааст, маълум мешавад. Робия чашмони модарашро, ки гоҳи нонпазӣ дар пеши танӯр медурахшиданд, ба ситораҳо монанд кардааст.
Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» намунаи барҷастаи услуби баёни Сайф Рахимзод мебошад. Дар тасвирҳои қисса ҳар калима ва ҳар таркиб ҷилои махсус пайдо мекунад ва ҳама якҷо олами афсонавии кӯдаконро пеши рӯ меоранд. Бекмурод мебинад, ки Робия ҳангоми арӯсакбозӣ «Қодир» ва «модараш»-ро «пеши тахт» мемонад ва ба духтарак таҳдид мекунад, ки ин сирро фош мекунад. Робия чунин андеша мекунад: «Наход бигӯяд! Шояд нагӯяд. Ё касал шаваду то аз хонаи мо рафтани симчӯббардорон сиҳат нашавад! Касали сабукак. Зуком. Ё чашмаш дард кунад. Чӣ чашмони хунуку нигоҳи сарде дорад ӯ... Агар гунг шавад,– чӣ? Не, ин афсона аст, банохост одам гунг намешавад-ку. Ҳама дардҳо ҳасту забондард нест. Афсӯс, бисёр мехоҳам, ки ӯ забондард шавад».
Ҷумлаҳои кӯтоҳ (ҳатто ҷумлаҳои ду ё яккалимагӣ: касали сабукак; зуком) ва пурмаъно, муҳокимаҳои ҷаззоб ва мафҳумҳои наву тоза (забондард) баёнгари сабки фардии эҷоди ин нависандаи борикбин мебошад.
1. Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр»-ро кадом нависанда иншо кардааст?
А) Саттор Турсун;
Б) Сорбон;
В) Ӯрун Кӯҳзод;
Г) Сайф Раҳимзод;
Ғ) Фазлиддин Муҳаммадиев.
Реклама