РОМАН

Назарияи адабиёт

Роман (аз калимаи фаронсавӣ – roman) жанри маъруфи ҷинси ҳамоса (эпикӣ) мебошад ва аз дигар жанрҳои ҳамосӣ, чун қисса, достон, ёддошт, ҳикоя, новелла, афсона фарқ мекунад.

Роман асосан ба наср ва баъзан ба назм навишта шуда, дорои имконияти васеи тасвир мебошад.

Замону макон дар роман васеъ ва пурвусъат мебошад ва воқеаҳо дар чанд маҳал рӯй медиҳанд. Агар воқеаҳои «Дохунда» дар минтақаҳои Бухорои Шарқӣ ва Бухоро 30 сол давом ёбанд, пас, ҳодисаҳои «Ғуломон» дар маҳалҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон зиёда аз 100 солро фаро мегиранд.

Вобаста ба ҳудуду моҳияти воқеаҳо ва масъалаҳои тасвиршаванда дар ҳалли низоъҳои романҳои «Ғуломон»-и С. Айнӣ, «Шӯроб»-и Р. Ҷалил, «Духтари оташ»-и Ҷ. Икромӣ зиёда аз 100 персонаж ширкат доранд. Асарҳои калонҳаҷми манзуму мансуре, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои зиёд бо тамоми мураккабӣ ва печдарпечиашон тасвир меёбанд, эпопея ном доранд. Романҳои калонҳаҷми «Ҷанг ва сулҳ»-и Л.Н. Толстой, «Зиндагии Клим Сангин»-и М. Горкий, «Дони ором»- и М. Шолохов, «Ғуломон»-и С. Айнӣ, «Абай»-и М. Авезовро эпопея мегӯянд.

Баъзан, мавзуъ ва персонажҳои як роман дар романҳои минбаъдаи нависанда идома ёфта, боиси муттаҳидии сохту сужети асарҳо мегарданд. Романҳои дорои мавзуъ ва образҳои ягона агар аз ду китоб иборат бошанд, дугона (ё дилогия), аз се китоб – сегона (ё трилогия), аз чор китоб – чоргона (ё тетралогия) ном мегиранд. Дар адабиёти тоҷик мисоли романи дугона «Ситорае дар тирашаб» ва «На, ситораҳо мерезанд»-и Расул Ҳодизода ва намунаи романи сегона «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун»-и Икромӣ мебошанд. Образҳои «Духтари оташ» чун Фирӯза, Ҳайдарқул, Асо дар асарҳои дувум ва сеюм низ ширкат варзиданд. Чанд романеро, ки мавзуи умумӣ ва персонажҳои ягона доранд, силсилаи романҳо меноманд. «Мазҳакаи инсонӣ»-и нависандаи фаронсавӣ Оноре де Балзак, ки зиёда аз 20 ҷилдро дар бар кардааст, мисоли барҷастаи силсилаи романҳо мебошад.

Пайдоиш ва инкишофи роман

Роман ҳамчун истилоҳи адабӣ дар Аврупои асрҳои миёна пайдо шуда бошад ҳам, таъ рихи қадим ва бой дорад. Асарҳои ба роман монандро дар адабиёти қадими Юнон, Ҳиндустон, Чин, Япония пайдо кардан мумкин аст.

Пайдоиши романро дар адабиёти форсу тоҷик ба асрҳои 4-5 мелодӣ («Корномаи Ардашери Бобакон») нисбат додаанд.

Асарҳои машҳури асримиёнагӣ, аз ҷумла «Абумус лимнома», «Доробнома», «Самаки айёр», «Қиссаи Амир Ҳамза», «Замчинома», «Баҳром ва Гуландом», «Саргузашти Ҳотами Той», «Чор дарвеш»-ро, ки ба талаботи асосии жанри мазкур ҷавоб дода метавонанд, роман номидан мумкин аст.

Дар адабиёти давраи нави тоҷик роман дар асоси анъанаҳои насри бадеии гузаштаи тоҷик ва адабиёти русу халқҳои дигари олам инкишоф ёфт. Нахустин романи адабиёти давраи нави тоҷик «Дохунда» мебошад, ки ба қалами Садриддин Айнӣ тааллуқ дорад. Баъдҳо наслҳои гуногуни нависандагон ба таълифи роман рӯ оварда, ба комёбиҳо ноил гардидаанд.

Навъҳои роман

Роман дар ҷараёни таърихи пайдоиш, ташаккул ва такомули худ аз ҷиҳати мавзуъ ва услуби баён беш аз пеш васеъ ва доманадор гардида, паҳлуҳои гуногуни зиндагию фаъо-

лияти ҷомеаи инсониро фаро гирифт. Вобаста ба ҳамин роман ба навъҳои гуногун тақсим шудааст, ки маъмултаринашон инҳо мебошанд: романи иҷтимоию оилавӣ, романи фалсафӣ, ро мани таърихӣ, романи таърихию инқилобӣ, романи тарҷумаиҳолӣ, романи асотирӣ, романи моҷароӣ, романи ҳаҷвӣ ва ғайра. Дар адабиёти давраи нави тоҷик романҳои иҷтимоиву оилавӣ, таърихӣ, таърихию инқилобӣ, тарҷумаиҳолӣ ва сар гузаштӣ бештар мушоҳида мешаванд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Роман чист ва аз дигар жанрҳои эпикӣ чӣ фарқ дорад?
  2. Хусусияти асосии романро номбар кунед.
  3. Дар бораи эпопея маълумот диҳед.
  4. Кадом асарҳоро дугона, сегона, чоргона ва силсила меноманд?
  5. Дар бораи таърихи роман чӣ гуфта метавонед?
  6. Роман дар адабиёти давраи нави тоҷик кай ва чӣ хел пайдо шуд?

Реклама