ЁДДОШТНАВИСӢ ДАР АДАБИЁТ

Назарияи адабиёт

Ёддошт дар қатори очерк ва сафарнома ба гурӯҳи жанрҳои махсуси ҳамосӣ дохил мешавад. Қонунияти марказии ин жанрҳоро ҳодисаҳои воқеӣ ё ҳуҷҷатӣ ташкил медиҳад. Дар ёддошт нависанда чизҳои дидаву аз сар гузаронида ва вохӯриву мулоқотеро, ки дар нигоҳи ӯ муҳиму арзишманд мебошанд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор медиҳад.

Дар ёддошт воқеаҳое тасвир меёбанд, ки маҳсули замони гузашта буда, дар инкишофи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми муносиб доранд. Дар ёддошт на пайдарпайӣ, балки моҳияти онҳо шарти зарурӣ мебошад. Методи ягонаи ёддошт реализм мебошад. Барои тасвири дилкаш ва рағбатноки ҳодисаву воқеаҳо нависанда гоҳо аз тасвири романтикона низ истифода мекунад. Вале тасвироти хаёломез ба ҳодисаву воқеаҳои ҷудогона иртибот дошта, ба заминаи воқеии ёддошт халал намерасонад. Дар ёддошт имконияти офаридани образу характери барҷаста камтар аст. Танҳо нависандагони забардаст дар офаридани образҳои барҷаста муваффақ мешаванд. Образҳои падар ва Тӯтапошшо (аз «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ) намунаи чунин образҳо мебошанд.

Ёддошт дар адабиёти ҷаҳон таърихи қадима дорад. Нахустин таҷрибаи ёддоштнависӣ ба қалами нависандаи Юнони қадим Ксенофонт (430–355 то милод) нисбат дода шудааст. Пайдоиши ёддошт ба маънои имрӯзааш ба давраи эҳё мутааллиқ аст. Дар байни асарҳои ёддоштии адибони ҷаҳон «Тавба»- и нависандаи Фаронса Жан Жак Руссо (1712–1778) ва «Бачагӣ», «Дар байни мардум» ва «Университетҳои ман»-и нависандаи рус М. Горкий мақоми арзанда доранд.

Дар адабиёти форсу тоҷик ёддоштнависӣ таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Дар рисолаи «Саргузашт»-и Абуалӣ ибни Сино, «Макорим-ул-ахлоқ»-и Хондамир, «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ, «Чор унсур»-и Бедил маводи фаровони ёддоштӣ гирд оварда шудаанд. Вале барҷастатарин асарҳои ёддоштӣ «Бадоеъ-улвақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш мебошанд. Восифӣ рӯйдодҳои таърихию сиёсӣ ва фарҳангию адабиро аз назари намояндаи аҳли миёнаҳоли шаҳр тасвир намудааст. Мувофиқи тасвири адиб, донишҷӯёни мадраса зимистон аз хунукӣ азоб доштанд. Восифӣ бар ивази маблағе, ки аз қасидааш гирифта буд, ба онҳо ёрии моддӣ мерасонад. Аммо дар зимистони дигар шабнишинии писари вазирро тасвир кардааст, ки дар он зиёда аз 50 ҳазор танга барои айшу нӯш сарф гардида буд. Чунин тасвирҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» фаровонанд ва хонандаро ба таърихи давлатдориву маишати аҳолӣ дар асри ХVI муфассал шинос мекунанд.

Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» бенизомию бетартибии иҷтимоии замонро дар бедонишию бемаърифатӣ дидааст, бинобар ин, омӯхтани илмҳои дунявиро дар мадрасаҳо тарғиб кардааст. Дониш ба воситаи асари ёддоштиаш «Наводир-улвақоеъ» тарзи нави тасвири реалистиро ба вуҷуд овард, ки онро имрӯз реализми маорифпарварӣ меноманд.

Асари барҷастаи ёддоштии адабиёти давраи нави тоҷик «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ мебошад, ки воқеаҳои солҳои 1880–1903-ро дар аморати Бухоро фаро мегирад. Устод Айнӣ дар таълифи «Ёддоштҳо» анъанаи навиштани «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ва «Наводир-ул-вақоеъ»-ро давом ва инкишоф дода, хаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии Бухорои охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ-ро бо тамоми маҳорат тасвир намуд. Воқеаҳое, ки дар «Ёддоштҳо» баён шудаанд, дар таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик муҳим ва арзишманданд.

Минбаъд дар адабиёти тоҷик асарҳои зиёди ёддоштӣ ба вуҷуд омаданд, ки «Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода, «Устоди ман, мактаби ман ва худи ман»-и Ҷ. Икромӣ, «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил, «Ёди ёри меҳрубон»-и М. Миршакар намунаи онҳо мебошанд. Нависандагони тоҷик дар асарҳои ёддоштии худ бештар ба аҳли зиё таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Агар Икромӣ дар маркази асараш ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айниро қарор дода бошад, пас, Миршакар вохӯрию мулоқоташро ба Деҳотӣ, Турсунзода ва дигар зиёиёни тоҷик баён намудааст.

Дар адабиётшиносӣ мафҳуми ёддоштро бо истилоҳи мемуар (калимаи фаронсавӣ – ёддошт) ҳам баён мекунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чаро ёддоштро ба гурӯҳи махсуси асарҳои ҳамосӣ дохил мекунанд?
  2. Кадом махсусияти ёддоштро медонед?
  3. Ёддоштнависӣ дар адабиёти ҷаҳон кай оғоз ёфтааст?
  4. Кадом асарҳои ёддоштии адабиёти тоҷикро медонед?
  5. Ёддоштро боз ба кадом истилоҳ ном мебаранд?

Реклама