Ҷараёни зиндагӣ
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (ё Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ) шоири тавонову рангинхаёли охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ мебошад. Ҳоҷӣ Ҳусайн соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кангурти вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Гузаштагони шоир аз деҳаи Дашти Канаки мавзеи Сарихосор будаанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн саводи ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъд ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашид таҳсилашро идома медиҳад. Шоир илмҳои расмии замонаш, сарфу наҳви забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ, инчунин ҳунарҳои лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ, муҳрканӣ ва хаттотиро мукаммал аз бар кардааст. Худи шоир аз соҳибҳунариаш ифтихор дорад:
Ҷаҳоне санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам,
Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳангоми таҳсил ба шахсиятҳои шинохтаи илму адаби Бухоро, чун Ҳоҷӣ Рафеъ, Садри Зиё, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ рафтуомад ва муносибати дӯстӣ доштааст. Шоир баъди таҳсил ба сафари ҳаҷ мебарояд ва се сол дар Арабистон мемонад. Ӯ дар мамлакатҳои Фаронса, Ҳиндустон ва Эрон низ мусофират доштааст.
Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди бозгашт дар зодгоҳи худ зиндагӣ ихтиёр мекунад ва дар яке аз мадрасаҳои Кангурт ба дарсдиҳӣ машғул мешавад. Шоир соли 1917 дар айни камолоти эҷодӣ аз олам чашм мепӯшад. Ӯ дар мазори ҳазрати Мавлавӣ Юсуф ба хок супурда шудааст:
Он замоне чашми хоболуди мо дар хоб буд,
Бехабар бигзашт аз мо корвони зиндагӣ.
Мероси адабӣ
Аз Ҳоҷӣ Ҳусайн мероси гаронбаҳо боқӣ мондааст. Куллиёти шоир, ки соли 1913 дар шаҳри Тошканд ба табъ расидааст, аз 6500 байт иборат мебошад. Дар Куллиёт ғазалиёт,
қасидаҳо, рубоиёт, мусамматҳо, манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷавда»[40], «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва мактубҳои манзуму мансури шоир фароҳам омадаанд. Инчунин, миқдори зиёди ашъори шоир дар маҷмуаву баёзҳои оғози асри ХХ сабт гардидаанд. Аз ӯ рисолае бо номи «Ашколи хутути исломия» (дар бораи навъҳои хат ва хаттотӣ) боқӣ мондааст.
Дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн ғазал мавқеи муносиб дошта, шумораи он ба 274 адад мерасад. Дар ғазалиёти Ҳоҷӣ таъсири ашъори Ҳофиз ва Бедил эҳсос мешавад. Ғазалиёти шоир, аксаран, равону салис ва пуробурангу руҳафзо мебошанд:
Он маҳ чӣ ҷафо кард? Намекард, наку буд,
Ӯ тарки вафо кард, намекард, наку буд.
Пайванди муҳаббат ҳама асбоби маишат,
Сад ҳодисаҳо кард, намекард, наку буд.
То кушта шавад мурғи дилам гашта асираш,
Нокушта раҳо кард, намекард, наку буд.
Чун дидаи оҳу зи тамошои саводам
Рам кард. Чаро кард? Намекард, наку буд.
Ҳоҷӣ ба ғаму дарди ту буд аз ҳама фориғ,
Дардаш кӣ даво кард? Намекард, наку буд.
Дар ин ғазал ҷафокории маҳбуба, ба рақибон хӯ гирифтани ӯ ва зорию таваллои ошиқ ба воситаи забони сода, қофияву радиф ва таркибҳои саволӣ басо ҷолиб ифода ёфтаанд. Махсусан, таркибҳои хабарӣ, ки хеле зиёд истифода шудаанд, ба ғазал қувваи ҷозибаи беинтиҳо ато намудаанд. Умуман, дар ғазалиёти Ҳоҷӣ хусусияти ин жанр (қофияи аа, ба, ва..., аз шаш то даҳ будани миқдори байтҳо, дар байти мақтаъ зикр кардани тахаллус, мавқеи асосӣ доштани мавзуи ишқ) пурра риоя гардидаанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ашъори лирикиаш ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳасбиҳолӣ ва ахлоқӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Аз ҷумла, шоир илму дониш омӯхтан, аз суҳбати фозилон баҳравар шудан ва ахлоқи ҳамида доштанро ба ҳар фарди солимақл зарур мешуморад:
Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,
Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво.
В-аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил,
Пайванд агар бувад, дурӣ бинамо.
"Комде ва Мадан"
Дар байни жанрҳои дигари шеърӣ дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн маснавӣ мавқеи сазовор дорад. Шоир соли 1910 дар пайравии маснавии «Комде ва Мадан»-и Бедил достоне суруда, номи онро низ «Комде ва Мадан» гузоштааст.
Мундариҷаи мухтасари достон чунин аст: дар сарзамини Ҳинд дар дарбори шоҳи ишратпарасте Комде ном раққосаи мумтоз ҳунарнамоӣ мекардааст:
Паризоде зи фирдавси таманно,
Сиҳисарве ба боғи ҳусн пайдо.
Нигаҳтезу сабукхезу шакарбез,
Балоангезу шӯромез, тарабрез.
Аз мулки дигар Мадан ном мутриби сеҳрнигор ба шаҳри Комде омада, дар дарбори шоҳ ҳунарнамоӣ мекунад ва соҳиби мукофоти султон мегардад. Чун Мадан мафтуни рақси Комде мегардад, ҷоизаашро ба ӯ медиҳад ва ба ғазаби шоҳ гирифтор шуда, аз мамлакат ронда мешавад.
Шоҳи дигаре ҳангоми шикор ба Мадани овора вомехӯрад ва аз моҷарои ишқи ин ду дилдода огоҳ шуда, ба шоҳи Комде нома мефиристад. Шоҳи Комде ин номаро ба эътибор нагирифта ба ҷанг бармехезад ва ба шикаст дучор мешавад. Шоҳи ғолиб вафодории Комдеро имтиҳон кардан хоста, ба ӯ хабари «марги» Маданро мерасонад. Комде аз шиддати ғусса қолаб тиҳӣ мекунад:
Кунад то корвони яъс афсӯс,
Даройи[41] реҳлаташ[42] овехт ноқус.
Мадан низ аз шунидани ин хабари шум «фидои Комде руҳи равон кард». Шоҳ аз карда пушаймон мешавад ва ба қувваи ҳикмати табибони дарборӣ дилдодагонро ба олами ҳастӣ баргардонда, ба мурод мерасонад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн дар асар дар мисоли ҷанги шоҳи одил ва шоҳи золим масъалаи муборизаи ду қувва – қувваҳои некӣ ва бадиро ба миён гузоштааст. Ҷолиб аст, ки қувваи хайр бар қувваи шар(р) ғолиб меояд. Шоир ба дигар образҳои асар ҳам аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Образҳои асосии асар – Комде ва Мадан шахсони ҳунарманд, софдил, садоқатманд ва фидокоранд ва онҳо оқибат ба мақсад мерасанд. Муносибати шоир ба табибони ҳозиқ, ки ду дилдодаро аз чанголи марг раҳондаанд, хайрхоҳона ва самимӣ мебошад:
Ба дониш ҳар яке Луқмони сонӣ,
Фалотуне[43] дар амрози ниҳонӣ.
Ба ҳикмат Ибни Синоро гаронсанг,
Арастуфитрату[44] идрокаржанг.
Вале симои шахсе, ки хабари дурӯғро ба Комде расонда, сабаби фоҷиаи ду дилдода мегардад, ба афъии заҳрнок ва боди сарди фасли зимистон монанд мешавад.
Тафовути достонҳои ҳамном
«Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ дар баробари монандии мундариҷа аз достони ҳамноми Бе дил фарқ мекунад. «Комде ва Мадан»-и Бедил як қисмати маснавии «Ирфон»-и шоир мебошад, аммо «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ чун достони алоҳида аз оғоз, 10 боб ва анҷом иборат буда, дар вазни дигар[45] (баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур) таълиф гардидааст:
Шабе осори раҳмат карда з-ӯ гул,
Дукон во карда аз дебову сунбул.
Мафоӣлун / мафоӣлун/ фаӯлун
V— — — / V— — —/ V— —
Сарлавҳаи ҳар боб низ ба назм (ва дар вазни дигар) мебошад ва аз мутолиаи пайдарпайи онҳо мазмуни мухтасари достон бармеояд. Инчунин, дар достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ руҳи миллӣ ва пайванд ба замону макон равшан эҳсос мешавад. Шоир дар оғози достон ба тасвири табиати зебои диёри Хатлон мепардозад. Тасвири назаррабо имконият медиҳад, ки хонанда моҳияти Ватанро амиқтар эҳсос намояд:
Чу Хатлон хиттае кам офарида,
Ки фирдавсе ба олам офарида.
Насими файз бар хокаш вазида,
Ғубораш то бихезад, гул дамида.
Шамолаш гар бигардад, мушк резад,
Ҳавояш чун бихандад, атр безад...
Чу нархи шир ширин обшораш,
Лаби Ширин канори ҷӯйбораш...
Зулолаш софии Кавсар гирифта,
Чу маъшуқаш замин дар бар гирифта...
Умуман, Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ашъораш аз анъанаи ғании адабиёти классикии тоҷик бомаҳорат истифода карда, ба комёбиҳои назарраси эҷодӣ ноил гардидааст.
1. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар навиштани маснавии «Комде ва Мадан» ба кадом шоир пайравӣ кардааст?
А) Рӯдакӣ;
Б) Ҳофиз;
В) Ҷомӣ;
Г) Бедил;
Ғ) Сайидо.
Реклама