Жанрҳои шеърӣ
Дар эҷодиёти Муъмин Қаноат ашъори ғиноӣ (ё лирикӣ) мавқеи босазо дорад. Шеърҳои ғиноии шоир ҳам дар жанрҳои суннатии назми тоҷик, чун ғазал, мустазод, маснавӣ, рубоӣ, қитъа, мураббаъ, мусаллас ва ҳам дар қолабҳои нави шеърӣ суруда шудаанд.
Дар давраи аввали эҷодиёти М. Қаноат жанри маснавӣ аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал меистад. Шоир ин шакли шеъриро дар ифодаи мавзуъҳои гуногун бомаҳорат истифода кардааст. Ӯ дар шеъри «Пири гулфурӯшон» манзараи як гӯшаи назаррабои диёри Тоҷикистонро чунин тасвир намудааст:
Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,
Гӯиё пири гулфурӯшон аст.
Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,
Локии[180] шоҳӣ дар камар дорад.
Саллаи суф гирди сар дорад,
Сабади гул ба пеши бар дорад.
Шоир дар ифодаи фикр аз жанри маснавӣ (қофияи аа, бб, вв), радиф (такрори калимаҳои аст ва дорад) ва санъати ташбеҳ (ба пири гулфурӯшон монанд кардани кӯҳи Варзоб) истифода кардааст. Таркибҳои ҷомаи беқасаб, локии шоҳӣ, саллаи суф ва сабади гул чун сабаби монандӣ руҳи миллии тасвирро таъмин кардаанд ва хонанда аз ин шеър намунаи табиати сеҳрангез ва баҳори кӯҳистони тоҷикро бо тамоми рангорангӣ ва дилрабоӣ пеши назар меорад.
Жанри мустазод низ дар давраи аввали эҷодиёти М. Қаноат васеъ истифода мешавад. Шоир навъҳои гуногуни мустазодро ба кор мебарад: баъди як мисраъ, як байт ё се мисраъ аксаран як мисраи кӯтоҳ илова мешавад. Ин мисраи иловагӣ мазмуни мисраъҳои комилро такмил дода, боиси возеҳии тасвир мегардад. Маҳорати нигорандагии шоир, махсусан дар мустазодҳои «Аҳсант ба одам», «Садди назар», «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» бармало эҳсос мешавад. Шеъри «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» дар ниҳояти содагӣ ва самимият эҷод гардидааст. Мисраъҳои иловагии «ҳамчу шири модар аст», «чунки меҳри модар аст», «дӯст медорам варо» баёнро боз ҳам диққатҷалбкунанда ва хотирмон намудаанд:
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо!
Дар мустазоди мазкур забони тоҷикӣ чун манбаи панду ахлоқ, лаззатҳои маънавӣ ва соҳиби неруи созанда тавсиф ёфта, дар айни ҳол ягонагии таърихии забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ низ таъкид гардидааст.
Аз қолабҳои нави шеърӣ дар эҷодиёти М. Қаноат шеърҳои бандҳояшон чаҳормисраӣ ё чаҳорпора серистеъмол мебошанд. Бандҳои чунин шеърҳо чор тарзи қофия доранд: 1. аааа, 2. ааба, 3. аабб, 4. абвб. Шоир, баъзан, дар як шеър тарзҳои гуногуни қофияи мазкурро истифода кардааст. Аз ҷумла, дар шеъри «Кӯҳи маъшуқ», ки ба хотираи шоири рус М.Ю. Лермонтов (1814 – 1841) бахшида мешавад, ду тарзи қофия истифода шудааст:
Чун шишаи қалби поки шоир – а
Бар санги ҷаҳолати замон зад.– б
Як олами ишқ аз дили ӯ – в
Афтиду ба хок бо фиғон зад.– б
Ишқи кули[181] он замони нопок–а
Дар ин дили шоири ҷавон буд. – б
Сад ҳайф, ки ин дақиқа дар хок – а
Афканда муҳаббати замон буд. – б
Ҳамчунин, дар эҷодиёти М. Қаноат шеъри озод, ки дар он баробарвазнии мисраъҳо ва қофияи онҳо ба таври қатъӣ риоя намешавад, низ мавқеъ дорад.
Мундариҷаи ашъор
Шеърҳои М. Қаноат дар ду давраи аз нигоҳи сиёсӣ фарқкунанда эҷод шудаанд. Шоир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти инсонӣ, аз ҷумла ба мавзуъҳои ишқу муҳаббат, зан ва фаъолияти иҷтимоию тарбиявии ӯ, Ватан ва ҳимояи он, сулҳу дӯстӣ, забон ва фарҳанги миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва байналхалқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Қисмате аз ин мавзуъҳо дар шеърҳои «Обшор», «Нарав, қуи сафеди ман», «Дар паноҳи шохсорон», «Давоми нек роҳатро», «Гули бодом» ҳалли бадеии худро ёфтаанд.
Дар шеъри тасвирии «Обшор», ки аз ёздаҳ банди семисраъгӣ иборат аст, ҳунари шоирии М. Қаноат ба таври барҷаста ошкор гардидааст. Махсусан, тасвири ҳусну ҷамол, нозу карашма ва ҳаракату хироми дилбар басо табиӣ, самимӣ ва гуворо буда, хонандаро ба ваҷд меорад:
Дорӣ ба ёд лаҳзае, марғуб манзаре,
К-омад ба об субҳидам он куртапарпарӣ,
Пойи бараҳна рӯйи гул он чӯҷаи парӣ?
Мӯйи сиёҳ бар қади мавзун чу обшор,
Чашме чу чашмаи сафо, рӯйе чу навбаҳор,
Қадде ба мисли шаршара ларзону беғубор...
Моҳияти тасвирии шеърро ташбеҳ, истиора ва тавсифҳои табиӣ боз ҳам афзудаанд. Шоир, аз ҷумла, мӯйи дарози маҳбубаро ба обшор ва қомати мавзуни ӯро ба шаршара нисбат додааст.
Шеърҳое, ки ба шахсиятҳои воқеӣ бахшида шудаанд, баъзан аз лиҳози баён тафсил меёбанд. Қаҳрамони лирикии шеъри «Гули бодом» иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саидаҳмад Каримов мебошад. Дар ҳаҷми 17 банди шашмисраӣ ҳусни таваҷҷуҳ ва рағбати Каримов ба аспи дӯстдоштаи худ баён мегардад. Човандози хатлонӣ ин аспро аз Ҳисор гирифта, ба он Гули бодом ном мениҳад ва ҳар ду се баҳору се зимистон роҳи душвори ҷангро тай намуда, душманро ба лонаи худ бармегардонанд. Мутаассифона, асп дар бешазорҳои канори Одер[182] тир мехӯрад ва човандози хатлонӣ маҷбур мешавад, ки минбаъд роҳашро бе Гули бодом идома диҳад.
Дар ин шеър Гули бодом ҳамчун дӯсти содиқ ва такягоҳи беминнати инсон самимӣ ва муассир тасвир ёфтааст. Маҳорати ҷангии Гули бодом Рахши Рустамро ба хотир меорад. Асп нисбат ба душман беамон аст ва чун туфон қувваи бузурги пахшкунанда дорад, дар айни ҳол рафтори ин ҳайвони безабон барои инсонҳо пандомӯз аст:
Агар душман ба по бошад,
Зи рӯяш хез мекардӣ.
Агар афтода бошад, зер не,
Парҳез мекардӣ.
Аҷаб рафтори пандомез мекардӣ,
Гули бодом!
Дар охири ҳар банд чун мухотаб такрор ёфтани таркиби Гули бодом қувваи ифоданокии матнро меафзояд. Махсусан, навҳаи қаҳрамони лирикӣ бар марги Гули бодом чун марсияи пурсӯзу гудоз аз садоқат ва меҳру муҳаббати инсон ба ҳайвоноти вафодор дарак медиҳад. Ба фоҷиаи инсонӣ баробар кардани марги аспи дар майдони корзор саҳмдошта ҷавононро водор мекунад, ки қадру қимати амали некро бештар эҳсос намоянд:
Чу одам гиря кардӣ,
Чашм пӯшидию ларзидӣ,
Ҷаҳонро лолагун дидию хандидӣ,
Маро ду пой бубридӣ, Гули бодом!
Кушо чашмони бодомӣ,
Бубин, дар пеш як дарё,
Бубин, дар пушт як дунё,
Бихез аз ҷо, бихез аз ҷо!
Намур, эй муждаи гулҳо, Гули бодом!
Муносибати шоир ба масъалаи миллию нажодӣ дар шеъри «Тахти Ҷамшед» (аз силсилаи шеърҳои «Созҳои Шероз») боз ҳам возеҳтар ба мушоҳида мерасад. Шоир дар қисмати аввал ба садоқати бепоёни худ ба духтари тоҷик ишора карда, баъд таассуроти сафарашро баён менамояд:
Кунун дар Қасри Доро[183] ҷоми Ҷамшед[184] аст
дар дастам,
Зи бӯйи бодаю мӯйи бути Шероз сармастам,
Лабамро бар лабони оби Рукнобод[185] пайвастам,
Ба рӯят лаҳзае оҳиста дар бастам.
Қаҳрамони лирикӣ аз дидан ва тамошои Қасри Доро, тахти Ҷамшед, оби Рукнобод, бути Шероз, ки ба таърихи ниёгони ӯ пайвастагӣ доранд, ба ваҷд меояд ва як лаҳза худро дар олами пурасрори дерин эҳсос менамояд. Дар шеъри «Тахти Ҷамшед» шукӯҳу шаҳомати гузаштагон ва пайванди ногусастании онҳо ба ҳамзамонони мо дар пояи баланди миллӣ тасвир гардидааст.
Хулоса, ашъори ғиноии М. Қаноат ба қалбу руҳи хонанда таъсир расонда, ӯро ба дӯстдорӣ, худшиносӣ, ватанхоҳӣ ва покию некукорӣ ҳидоят мекунад.
Реклама