НАСР ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Насри солҳои истиқлол давом ва инкишофи насри солҳои пешин аст. Насри имрӯз дар заминаи фаъолияти эҷодии нависандагони ботаҷрибаву баркамоли тоҷик Сотим Улутзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Баҳром Фирӯз, Абдулҳамид Самад, Сайф Раҳим, Ҷонибек Акобир, Абдурофеъ Рабизода ва амсоли онон инкишоф ёфтааст. Аз ин рӯ, романҳои «Кӯҳ беварта нест» (М. Хоҷаев), «Зарафшон», «Росу» (Сорбон), «Санг дар бағал ба туфон» (Саттор Турсун), «Дар орзуи падар» (К. Мирзо), «Бозгашт» (А. Зоҳир), қиссаҳои «Дили гумҷӯ», «Соҳилҳои мурод» (А. Баҳорӣ), «Оташи дил» (Раҷаб Мардон), «Ишқи ғук» (Ҳилолиён Аскар), «То рӯзи растохез» (А. Рабизода), «Дурӯғи сафед» (Сайф Раҳим), «Вопасин парвози лошахӯр» (Сайдалӣ Саид), «Ҳайҷо» (Ӯ. Кӯҳзод), «Ишқи духтари кулаҳпӯш» (Ю. Аҳмадзода), «Бори каҷ дар роҳи каҷ» (З.Ғулом), «Оташ дар хонаи қадим» (М. Саидзода) «Шиҳаи аспи сиёҳ» (М. Ёрмирзоева), “Сарнавишт” (И. Қосимзода), «Достони Роғун» (Ш. Мусо) ва ғайра мавзуъҳои гуногунро фаро гирифтаанд.

Воқеаҳои нангини ибтидои солҳои навадум дар шууру афкори адибон таъсири амиқ гузошт. Алҳол ин мавзуъ дар чанд асари насрӣ, аз ҷумла, «Қиссаи Нодир»-и А. Баҳорӣ, «Се раҳакӣ аз се ҳизб»-и Ӯ. Кӯҳзод, қисми дуюми «Гардиши девбод»-и А. Самад, “марги бегуно”-К.Мирзо, «Лаб-лаби ҷар»-и С. Турсун, «Гунги хобдида»-и Салими Аюбзод, «Ишқро анҷом нест»-и М. Амиршоҳ ба тасвир омадааст. Дар ҳикояи «Се раҳакӣ аз се ҳизб» нависанда кӯшиш намудааст, ки сабабҳои иҷтимоии ба ҷанги шаҳрвандӣ печидани тарафкашиҳои гурӯҳҳои сиёсиро ошкор созад. Дар шаҳри Себароз бар асари демократия ва ошкорбаёнӣ ҷойи яккаҳизбиро бисёрҳизбӣ ишғол менамояд. Мирвафо, Мирбақо ва Мирризо чун вакилон аз ҳизбҳои гуногун ба воситаи тайёра озими Шаҳри Шаҳрҳо мешаванд ва ҳангоми парвози тайёра баҳсу мунозираи тӯлонии вакилони нолоиқ ба ҷанг мепечад.

Романи «Зарафшон»-и Сорбон ва қиссаи «Нишони зиндагӣ»-и Кароматуллоҳи Мирзо ба муносибатҳои оилавӣ бахшида шудаанд. Образи марказии ҷилди дувуми «Зарафшон» Шарифа ва қаҳрамони асосии «Нишони зиндагӣ» Соҳиба мебошанд. Онҳо занҳои боақл, дурандеш ва баору номус буда, иродаи қавӣ доранд. Бинобар ин, дар мубориза ба муқобили душманони пурқувват ҳам ғолиб мебароянд.

Романи «Ҳайҷо»[236] ба воқеаҳои пурдарду мудҳиши нимаи дувуми садаи ХIХ дар Осиёи Миёна ва, махсусан Бухоро, бахшида шуда, аз ду дафтар иборат аст. Дафтари якум – «Ҳамоқат дар аморат» аз ташвишу тараддуди гаҳворахарии аҳли дарбор барои фарзанди ҳанӯз ба дунё наомадаи амир оғоз меёбад. Ба 4000 тиллои сурх як гаҳвораи тиллокорӣ ва як гаҳвораи нуқракӯб харидорӣ мешавад. Баъд ба ҷанги аскари рус раҳсипор шудани амир ва лашкариёнаш тасвир меёбад. Амире, ки бо ғурур «лашкарам як наъра кашида ба ҳуҷум гузарад, гарди салоти русро мебарорад» мегуфт, аз як садои тиру гулулаҳои армияи рус қафо гашта, шикаст мехӯрад ва ба ивази товони зиёд дар Зирабулоқ соли 1868 ба саркардагони рус шармандавор сулҳ мебандад.

Дар дафтари дувум – «Талоши салтанат» давоми сулолаи манғитҳо – Абдулаҳад ва Олимхон дар Бухоро ва Самарқанд ба тасвир омадааст. Инҳо дар ҳарисӣ, фисқу фуҷур ва золимӣ аз падар ва бобои худ – амир Музаффар гузаронданд. Дар асар як қатор образҳои мусбат чун Дӯстмурод, Рӯзимурод, Азизмурод, Гулмурод амал мекунанд, ки баёнгари қувваҳои равшанфикр ва солими ҷомеа буда, то метавонанд, баҳри адлу инсоф ва номуси шаҳрвандӣ талош меварзанд. Умуман, Ӯрун Кӯҳзод дар романи «Ҳайҷо» тамоми фисқу фуҷури аморати Бухороро фош намуда, хонандаи имрӯзро ба андеша ва шукргузорӣ аз тинҷиву масъулияти ватандорӣ водор мекунад.

Рӯйдоди дигар ба наср рӯ овардани шоирон Ғаффор Мирзо, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор, Ато Мирхоҷа, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғоиб, Салими Зарафшонфар ва Абдулқодири Раҳим мебошад. Ҳикояҳои «Сагвафо», «Хайрухуш бо полиз ва Сияҳгӯш», «Ду зӯр дар як пода», «Тақдир, ту тарафи кистӣ?»-и Ғ. Мирзо ба масъалаҳои муҳимми рӯз бахшида шуда, пур аз ҷузъиёти тозаву тасвирҳои хонданбоб мебошанд.

Дар айёми истиқлол Баҳманёр, Шералӣ Мусо, Диловари Мирзо, Марямбонуи Фарғонӣ, Карим Давлат, Маҷид Салим, Мираҳмади Амиршоҳ, Аброри Зоҳир, Салими Зарафшонфар, Юнус Юсуфӣ, Лутфӣ Саид, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Равшани Махсумзод, Азизхони Ниёз барин як зумра адибон дар соҳаи насри бадеӣ қадамҳои ҷиддӣ гузоштанд. Ҳикояҳои «Дуди ҳасрат» ва «Шошо»- и Баҳманёр бо тасвирҳои рамзию асотирӣ ҷолиби диққатанд. Ё худ, мавзуи асосии эҷодиёти Маҷид Салим, чи хеле ки аз «Гурги похӯрда», «Зоғеву доғе», «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот», «Аз пайи паланг» ном маҷмуаҳояш бармеояд, тасвири олами ҳайвонот ва парандаҳо мебошад. Талқини дӯстдорию ғамхории одамон ба табиати зинда аз вазифаҳои муҳимми адабиёти бадеӣ ба шумор меравад.

Насри таърихӣ

Дар замони истиқлол насри таърихӣ боз ҳам ривоҷ ёфт. Асарҳои «Гули бодом»-и Ҷ. Икромӣ, «Пайроҳаи қисмат»-и А. Сидқӣ, «Уқоби захмӣ», «Рӯзгори родмард» ва «Дар чорсӯйи Хуршед»-и Ш. Ҳаниф, «Достони писари Худо»-и Сорбон, «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-и Р. Ҳодизода, «Девори Хуросон»-и Муҳаммадзамони Солеҳ, «Данонир» ва «Рӯдакӣ»-и Равшани Ёрмуҳаммад, «Куру ши Кабир»-и Б. Абдурраҳмон, «Ҳафт руъё»-и Ю. Аҳмадзода, «Роҳи абрешим» ва «Садди Хатлон»-и А. Ҳамдам, Л.Чигрин, «Вахш»-и Сайидаҳмади Зардон, «Масъуди сипаҳсолор»-и Сайид Раҳмон, «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр, «Саройи санг»-и А. Мирхоҷа, «Борон пайҳоро мешӯяд» ва «Алихуши Найистонӣ»-и Д. Мирзо хонандаро ба таърихи дуру наздики халқи тоҷик ва фаъолияту ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди он шинос менамоянд.

Муҳимтарин хусусияти насри бадеии даврони истиқлол назари тозаи нависандагон ба мавқеи шахс дар таърих мебошад. Дар адабиёти даврони шуравӣ вобаста ба сиёсати давр мақоми таърихии шахс нисбат ба мақоми омма ночиз нишон дода мешуд. Замони нав тақозо дорад, ки нависандагон ба шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангӣ ва қаҳрамонони миллат бештар рӯ оварда, хонандаро дар руҳи ифтихор аз ниёгони бузург тарбия намоянд. Дар романи М. Солеҳ «Девори Хуросон» кору пайкори шахсияти дурахшони таърихӣ Исмоили Сомонӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба тасвир омадааст. Ин асар аз нигоҳи тасвири воқеаҳо фарогир, аз ҷиҳати ширкати образҳо бой ва аз назари услуби нигориш ҷолиб мебошад. Романи Сорбон – «Достони писари Худо» ба давраи боз ҳам қадими таърихӣ бахшида шудааст. Дар асар сипоҳдориву ҷаҳондорӣ, макру ҳила ва набардҳои Искандари Мақдунӣ (356 – 323), инчунин, таърихи давлатдории империяи бузурги Ҳахоманишӣ, буздилии шоҳи охирини он Дорои III ба таври воқеӣ ва дилкашу ҷолиб тасвир гардидааст.

Дар ин давра тасвири зиндагиномаи шахсиятҳои фарҳангӣ низ мавқеи муносиб пайдо кардааст. Китоби «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-и Р. Ҳодизода аз ҳаёту фаъолияти яке аз шахсиятҳои машҳури равияи сӯфия[237] – Мансури Ҳаллоҷ (858 – 922) ҳикоя мекунад. «Данонир» ном қиссаи Равшани Ёрмуҳаммад ба як лаҳзаи фоҷиабори хонадони Бармакиён[238] бахшида шуда, оид ба ғурур, мубориза ва нокомии як нафар духтари сарбаланди тоҷик маълумот медиҳад.

Солҳои охир нависандагони тоҷик ба эҷоди хотирот, ёддошт, сафарнома ва очеркҳо таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намудаанд. Бо кӯшиши Убайд Раҷаб, Юсуфҷон Акобиров, Шодон Ҳаниф, Холмурод Шарифов, Сорбон, Мутеулло Наҷмиддинов, Ҷонибек Акобир, Раҷаб Мардон, Мирзо Шукурзода, Абдулқодири Раҳим як зумра симоҳои таърихию фарҳангӣ, чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон Ғафуров, Лоиқ Шералӣ, Турсун Ӯлҷабоев, Сайф Раҳим офарида шуданд, ки рӯзгору зиндагии онҳо дар таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон басо ибратомӯз аст.

Очерки Ҷонибек Акобир «Назаркардаи Худованд» ба зиндагӣ ва фаъолити эҷодии ҷангноманавис шодравон Раҳмон Сафаров (1930-2005) бахшида шудааст. Дар тасвири нависанда, ин марди 75-сола тамоми умри бобаракати хешро ба дарёфти санадҳои зиндагӣ ва муҳорибаи писарони тоҷикистонӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарф намудааст. Ин аст ки танҳо китоби бисёрҷилдаи «Ҳазору як корнома» аз корнамоӣ ва қисмати 50 ҳазор ҷанговаре, ки аз Тоҷикистон барои мудофиа рафта, дар ҳайати қариб 400 дивизия ва 200 бригада далерона ҷангидаанд, ҳикоят мекунад. Дар очерки мазкур чеҳраи Р. Сафаров чун шахси меҳнатдӯсту фидоии миллат равшан намоён гардидааст.

Хулоса, насри давраи истиқлол аз нигоҳи мавзуъ, услуби тасвир ва ҳунари нигорандагӣ сол то сол такмил меёбад ва наслҳои гуногуни нависандагони тоҷик кори эҷодиро бо дарки масъулият идома медиҳанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Намунаи асарҳои насрии дар даврони истиқлол навиштаро номбар кунед.
  2. Кадом асарҳо ба насри таърихии даврони истиқлол мансубанд?
  3. Шоирони ба навиштани асарҳои насрӣ рӯ овардаро ном баред.
  4. Кадом романҳо ба тасвири шоҳон ва сиёсатмадорон бахшида шудаанд?
  5. Очерки “Назаркардаи Худованд” ба зиндагии кадом адиб бахшида шудааст?

Реклама