МОДАРНОМА

Меҳри модар

Устод Лоиқ Шералӣ аз нахустин қадамҳои эҷодияш ба мавзуи модар таваҷҷуҳ пайдо кардааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир «Ба модарам» ном дорад, ки бори нахуст ибтидои соли 1965 ба табъ расидааст. Баъдҳо ин мавзуъ дар тамоми эҷодиёти шоир мавқеи аввалдараҷа пайдо намуд. Вақте ки «Дасти дуои модар» ном маҷмуаи шоирро варақ мезанем, ба панҷоҳу панҷ шеъри ба модар ва зан бахшида дучор меоем.

Ҳамаи ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ, аз ҷумла шеърҳои «Модар», «Суруди модар», «Қарз», «Қасидаи модар», «Ҷомаи гадоӣ», «Чордард», «Ту монанди замин танҳоӣ, модар», «Дар сари гӯр», «Ҳасрат», «Муноҷот ба модар» ва рубоиву дубайтиҳои маҷмуаи «Дасти дуои модар», ҷовидонаанд. Дар ин шеърҳо хусусияти миллию шарқии модари одии тоҷик, ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Тасвирҳо чунон содаву самимӣ ва ифодаҳо чунон моҳирона ба ҳам омадаанд, ки хонанда беихтиёр ҷавҳари ҳастии инсонро пеши назар меорад:

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,

Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ.

Валекин боз медӯзӣ ту дастурхони гулдӯзӣ,

Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ.

Чӣ дунёест дунёи умеди ту,

Аё модар, аё модар!

(«Ба модарам»)

Дар Модарномаи Лоиқ руҳи халқии тасвир пурқувват аст. Шоир дар тасвири ҳастии модар аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик устодона истифода кардааст. Дар шеъри «Ҷомаи гадоӣ» модар бо ният ба дари хонаи занони серфарзанд, пирони ботадбиру солор, одамони бодавлату бонанг ва арӯсони хушбахт гаштугузор карда, пораҳои матоъ ҷамъ месозад ва аз ин пораҳо ҳамроҳи пиразанҳои худоҷӯ ҷомаи садпораву садранг дӯхта ба кӯдакаш мепӯшонад. Ин ҷома мувофиқи одатҳои мардумӣ бахосият буд:

Тамоми халқ гӯйӣ бар қади ман ҷома пӯшонид,

Тамоми халқ гӯйӣ қисматам бахшид.

Ту гӯйӣ, ҷома неву ҷавшани ман буд,

Ту гӯйӣ, пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.

Ҳамин пайвастагии ногусастанӣ фарзандро водор мекунад, ки назди модар ва Ватан қарзи фарзандии хешро бо тамоми масъулият эҳсос намояд ва ҳастиву истеъдодашро пурра сарфи роҳи хушбахтии халқи азизаш намояд:

Ба ҷойи пораи талбидаат ҳар бор

Орам пораи ашъор,

Ки дар ҳар пораи ашъор

Бошад порае иқбол...

Суханшиносон Модарномаи Лоиқ Шералиро дар радифи модарномаҳои Мирзо Турсунзода, шоирони эронӣ Эраҷ Мирзо, Раҳийи Муайирӣ, «Эй, вой модарам» ном шеъри машҳури Шаҳриёр, «Мактуб ба модар» ва «Мактуби модар» ном шеърҳои шоири рус Сергей Есенин гузошта, услуби нигориши онро саҳли мумтанеъ[206] гуфтаанд.

Мавзуи модар ба Лоиқ имконият додааст, ки таваҷҷуҳи фарзандонро ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти инсон ҷалб намояд. Дар шеъри «Ту монанди замин танҳоӣ, модар» шоир модарро ба замину осмон ва хуршеду моҳ ташбеҳ медиҳад, зеро онҳо ҳам чун модар ягонаанд ва меҳри худро миёни фарзандони инсон тақсим намекунанд. Хуршед ба ҳама мавҷудоти дунё баробар нур мепошад ва оғӯши замин низ ба рӯйи ҳама сокинони сайёраи мо баробар боз аст. Пас, ба қитъаҳо тақсим кардани Ватан гуноҳ аст ва чунин амали манфиатҷӯёна мардумро ба хушбахтӣ намеорад. Ин ҳушдори шоир, махсусан дар замони мо, ки давлатҳои абарқудрат фикри тақсим кардани заминро ҳеҷ гоҳ аз сар дур намекунанд, басо аҳамият дорад:

Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандгони ту

Барои ҳамдигар тақсим карданд,

Вале як рӯз донистанд:

Замин қисмат нахоҳад шуд.

Садоқати фарзанд

Лоиқ дар синни 8-солагӣ аз падар зиндаҷу до мегар дад. Модар тани танҳо тамоми ташвишҳои рӯзгори ноҳинҷори баъди Ҷанги Бузурги Ватаниро ба зимма гирифта, тамоми қуввату ғайраташро дар роҳи тарбияи ҷигаргӯшагонаш сарф мекунад. Шояд, ҳамин вазъияти мушаххаси оилавӣ шоири ҳассосро ба риққат оварда, манбаи тахайюлоту андешапарвариҳои ӯ гардида бошад. Дар Модарномаи Лоиқ ҳатто устод, пир, қиблагоҳ барин тавсифҳо ва унвонҳои ифтихории ба падар ва мард тааллуқдор ба модар нисбат дода мешавад:

Қиблагоҳам!

Модари олампаноҳам!

Рафтаӣ гарчи зи дунёи дудар

Дар сарат қарси сафед,

Дар рухат нури умед, Дастҳо дар пеши бар Дар пеши дар истодаӣ.

.

Ҳамчунин, дар тасвири симои муқаддаси модари Шарқ устод Лоиқ, эҳтимолан, бори аввал дар адабиёти даврони шуравии тоҷик аз калимаҳои Худо, Қуръон, оят, пайғамбар, Ҳафтяк истифода кардааст, ки ин аз ҷасорати адабии шоир дар он айём гувоҳӣ медиҳад.

Калимаҳои мазкур ба шоир имконият додаанд, ки дар тасвири характери модари рустоии тоҷик саҳми боз ҳам бештаре дошта бошад:

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,

Ту доим Ҳафтяк мондӣ ба зери болини кӯдак,

Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад,

Дили пайғамбарон ғунҷад даруни синаи кӯчак...

Хулоса, сар то пойи Модарномаи устод Лоиқро пайванди ҷисмониву руҳонии модари ғамхору фарзанди сипосгузор фаро гирифтааст. Дар шеъри «Муноҷот ба модар» таркибҳои айёми пирӣ, чашмони камбину обрав, боли абрувони шикаста, ларзиши дасту сару абрую лаб ва оҳҳои пурдарду алам андешаи шоирро дар бораи рӯзгори ба сар омадаи модар ифода мекунанд. Қаҳрамони лирикӣ дар натиҷаи мулоҳизаҳои пуршиддат ба хулосае меояд, ки ӯ дар ду дунё вуҷуди худро бе модар тасаввур карда наметавонад:

Модари пирам, Худо умрат диҳад!

Ин мабодо, ки бимирӣ ногаҳон,

Бо ту мирад давлату дунёи ман,

Баъди ту дигар набошам ман ҷавон...

Ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ ба силсилаи шеърҳои Модарнома маҳдуд намешавад. Аз ҷумла, аз силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома» шеъри «Навҳаи Таҳмина бар Суҳроб»-ро ба ёд овардан кофист. Ин шеър аз ҳашт банди чаҳормисраӣ иборат буда, аз матлаъ то мақтаъ тасвири дарду ҳасрат ва сӯзу гудози модари бадбахт мебошад, модаре, ки аз ягона фарзанди бо ҳазор умед парвардааш абадӣ ҷудо шудааст ва боз фарзандаш бо дасти падар кушта мегардад. Ин тазоди зиндагии нобасомон, махсусан, дар бандҳои:

Афтод аз болои зин

Чун ахтар аз чархи барин.

Шири сафедам аз танаш

Дарёи хун шуд бар замин...

Гулчини давронам гузашт,

Гулрези бӯстонам гузашт.

Теғе, ки Рустам зад бар ӯ,

Аз ҷавшани ҷонам гузашт.

бо тамоми қувваи бадеии сухан ифода гардидааст. Ба ахтари аз чархи барин фитода монанд кардани Суҳроби қурбони хиёнатгардида, ба дарёи хун ташбеҳ додани шири сафед ва аз ҷавшани ҷони модар гузаштани теғи ба фарзанд задаи падар тасвирҳоеанд, ки симои модари аз ҷигаргӯшааш абадӣ ҷудошударо возеҳу равшан нишон медиҳад. Сухани пурҳасрати модар: «Дасти кӣ гирад рӯзи марг аз пояи тобути ман?» – халқияти тасвирро боз ҳам афзун намудааст. Хулоса, силсилаи шеърҳои ба модар бахшидаи устод Лоиқ чун беҳтарин дастоварди адабиёти давраи нави тоҷик эътибор дорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Аввалин шеъри Модарномаи Лоиқ чӣ ном дорад ва кай навишта шудааст?
  2. Кадом шеърҳои Модарномаи Лоиқро медонед?
  3. Дар бораи шеъри «Ҷомаи гадоӣ» маълумот диҳед.
  4. Чаро Лоиқ дар тавсифи модар калимаҳои қиблагоҳ, устод ва пирро истифода кардааст?
  5. Ҷасорати адабии шоир дар чӣ зоҳир гардидааст?
  6. Шеъреро аз Модарнома аз ёд кунед.

Реклама