Судхӯр аз пули худ нон шиканад гар, ба масал
Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.
(Айнӣ)
Устод Айнӣ солҳои сиюми асри ХХ асарҳои худро барои нав расон, аз қабили «Мактаби куҳна» (1935), «Аҳмади девбанд» (1936), «Марги судхӯр» (1939) ва «Ятим» (1940) навишт. Дар қиссаи «Марги судхӯр» падидаи манфии судхӯрӣ[63], ки дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ тамоми ҷомеаи Бухороро фаро гирифта буд, ҳаҷв шудааст.
Садриддин Айнӣ аз нахустин қадамҳои эҷодӣ ба офаридани симоҳои хасису пулпараст таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нависанда дар асарҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», “Ёддоштҳо” судхӯриро чун ҳодисаи номатлуби ҷомеаи инсонӣ накуҳиш кардааст. Дар қиссаи «Марги судхӯр» қуллаи баландтарини фаъолияти ҳаҷвнигории Айнӣ зоҳир гардидааст.
Образи Қориишкамба
Дар маркази қиссаи «Марги судхӯр» ҳаёт ва фаъолияти мумсики гузаро[64] Қориисмат меистад. Нависанда ба воситаи мушоҳидаҳои зираконаи талабаи мадраса муносибату муомилаи Қориисматро ба қиморбозон, дукондорон, кӯкнориён, саройбонон, соҳибони банкҳо ва дигар табақаҳои Бухорои амирӣ нишон медиҳад.
Талабаи мадрасаро, ки дар ҷустуҷӯйи ҳуҷра буд, рафиқаш чунин маслиҳат медиҳад: «Қорӣ-ишкамба» ном як кас ҳаст, ки чанд дар ҳуҷраи зархарид дорад, агар аз вай пурсӣ, шояд яке аз ҳуҷраҳояшро ба ту орият[65] диҳад». Аз ин гуфтор таваҷҷуҳи талабаи мадраса бештар ба калимаи «Қорӣ-ишкамба» ҷалб мегардад ва ӯ дар ҷустуҷӯйи соҳиби ин лақаб мешавад. Дар ҳақиқат, симои ин одам бо маънои лақабаш пурра мувофиқат мекард. Бинобар ин, мардуми шӯхтабъи Бухоро номи ӯро, ки Қориисмат буд, ба лақабаш иваз карда буданд:
«Ӯ як одами миёнақади фарбеҳи шикамкалони гарданкӯтоҳ буда, ғафсии гардан ва пуррагии сару рӯяш ҳам аз ғафсии шикамаш қариб фарқ надошт, агар риши калони ғулии монанди алафи гандадарав ба ҳам печидаашро, ки тамоми рӯяшро фурӯ гирифта буд, тарошида мепартофтанд, сару тани ин одам дар як ҷо ба шикамбаи холӣ карданашудаи шутур монандӣ пайдо мекард, ғояташ ин ки ин аз вай калонтар буд, монанди ҷуссаи шутури ба дарди хориш гирифтор гардидаи мӯяш рехтагӣ сурхчатоб менамуд».
Қувваи тасвири ҳаҷвро ба алафи гандадарав ташбеҳ додани риши ғулӣ ва ба шикамбаи холӣ карданашудаи шутур монанд кардани сару тани Қориисмат меафзояд. Хонанда аз тасвирҳои минбаъда ба ҳам комилан мувофиқ будани зоҳиру ботин ва сурату сирати образи асосиро бармало эҳсос мекунад. Қорӣ-ишкамба дар бозор ба анвои хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва ширавориҳои аз пеши роҳаш баромада беихтиёр даст мезанад ва шиками чун ҷуссаи шутур бузургашро пур мекунад. Ягон сокини бозор гоҳи хӯрокхӯрӣ аз иштиҳои қозгир ва чашми зоғмонанди ӯ эмин намемонад. «Дар вақти гузаштанам аз пеши дукони сандуқфурӯш, – мегӯяд талабаи мадраса, – дидам, ки соҳиби дӯкон... чӯти ҳисобро монанди деворча рост гузошта ва дар паси вай кадом як чизи хӯрданиро монда мехӯрд. Аммо чашми тезбини зоғмонанди Қорӣ-ишкамба он чизи хӯрданиро дида ба он ҷо нишастааст, ки фавран ба як паҳлу ёзида ва дасти худро ба паси чӯт ёзонда, дар хӯрдани он чизи «пинҳон кардашуда» ба соҳиби дукон шарик шуд».
Ҳамин тариқ, дар назди дӯконҳои чинифурӯшӣ ва атторӣ чашмгуруснагӣ, дар назди тоқифурӯш ва сартарошхона хасисӣ, ҳангоми вохӯрӣ ба бойбача хислати мумсикии Қорӣ-ишкамба кушода мешавад. Ин бандаи пул аз хурдтарин шароити маблағҷамъкунӣ истифода мекунад. Ҳатто камтарин имконияти сарфакориро, бигузор бо маҳрумиятҳои зиёд бошад ҳам, аз даст намедиҳад. Дар ҳавлии Қорӣ-ишкамба дар як шабонарӯз танҳо як дона гӯгирд истифода мешуд.
Қорӣ-ишкамба роҳҳои гуногун ва, баъзан, нафратовари пулғундориро истифода карда, маблағи бисёр захира намуд. Маблағҳои Қорӣ ҳама дар бонкҳои Бухоро буданд ва рӯз ба рӯз афзоиш меёфтанд. Соли 1915 ба дараҷаи баланд расидани маблағҳои Қорӣ басо образнок тасвир ёфтааст. «Дар соли дувуми ҷанг... маблағҳояш ҳам аз ду миллион зиёдтар шуда, монанди магасони гӯштхӯр бачагони бешумор мезоиданд».
С.Айнӣ дар баробари тасвири роҳҳои бойшавии Қорӣишкамба боиси бадбахтиҳои гӯшношуниди ӯ гардидани сарвати беҳисобашро нишон медиҳад. Дар ин лаҳзаҳо хусусияти ҳаҷвии образ боз ҳам афзуда, руҳи миллии он пурқувваттар мешавад. Аз ҷумла, вазъият, ҳаракат ва нолаҳои Қорӣ ҳангоми аввалин бор аз даст додани як микдори ками пулаш симои манфур ва ночизи ӯро пеши назар ҷилвагар месозад: «Қорӣ-ишкамба дар ҳолате ки саллаи калонаш каловавор ба гарданаш фуромадагӣ буд, монанди навҳагарон ба ҳар тараф хам хӯрда, торҳои риши худро бо ангуштонаш канда, «вой хонем сӯхт, вой ҷонам ба лаб омад, вой ҷонаки азизам аз даст рафт!» – гӯён фарёд мекашид; гоҳо ба нохунҳои худ рӯяшро харошида хуншор мекард; гоҳо гиря гулӯгираш гардида, бе он ки чӣ гуфтанаш маълум шавад, монанди саге, ки ба обмӯрии боғ дармонда, ба паси худ аз боғбон зарбаҳои ҷонкоҳ мехӯрда бошад, нӯла мекашид».
Дар шароити пурошӯби Бухорои ибтидои асри ХХ чунин ҳодисаҳои ҷонкоҳ дар ҳаёти Қорӣ-ишкамба чанд бор рӯй медиҳанд ва, ниҳоят, ин бандаи пул қурбони сарватҳои худ мегардад. Ӯ ҳангоми намози пешин аз касе хабари аз тарафи болшевикон мусодира кардани пулҳои ҳамаи банкҳои Бухороро шунида «Оҳ, пулакам!» – гӯён аз олам мегузарад.
Дар қиссаи «Марги судхӯр» арбоб Рузӣ, арбоб Ҳамид ва Мирзохӯҷа барин образҳои дигари манфӣ низ ба назар мерасанд. Онҳо ҳокимони деҳот мебошанд ва дар судхӯрию фиребгарӣ аз Қорӣ-ишкамба монданӣ надоранд. Бинобар ин, нависанда Қорӣ-ишкамбаро рӯбоҳи шаҳрӣ ва судхӯрони деҳотро гургони саҳроӣ гуфтааст. Аз ин лиҳоз, тасвири симои Мирзохӯҷа ном судхӯри шаклану мазмунан ҳампояи Қорӣ-ишкамба ҷолиби диққат аст. Нависанда ҳангоми пешвозгирии Қориисмат сурати Мирзохӯҷаро чунин ба қалам додааст: «Лекин давидани ноиб аз давидани сангпушт ҳеҷ фарқ надошт, чунки ӯ ҳам монанди Қорӣ-ишкамба шикамкалон ва фарбеҳ буда, гӯшти зери зақан ва пушти сари ӯ дамида баромада, гарданашро бо шикам ва тахтапушташ ҳамрӯй карда буд. Фарқе, ки ӯ аз Қорӣ-ишкамба дошт, ҳамин буд, ки сараш хурд, ришаш кам ва поҳояш аз поҳои ӯ кӯтоҳ буда, аз фарбеҳӣ ё аз варам монанди зерсутун ғафс менамуданд. Ба ин шаклу шамоил намуди зоҳирии ноиб ба ҷуволи пури гандум монанд буд, ки даҳони вайро як қабза карда бо даҳонбанд бас та бошанд».
Дар қиссаи «Марги судхӯр» ҳамчунин образҳои мусбати талабаи мадраса, тарҷумон, Муҳсин, Ҳамроҳрафиқ, Шодмон,Тӯрамурод амал мекунанд ва дар баёни мундариҷаву ҷараёни инкишофи сужети асар саҳми муносиб доранд. Асар аз забони талабаи мадраса, ки прототипи ӯ худи муаллиф аст, нақл меёбад. Бинобар ин, талабаи мадраса чун шахси масъул, дурандеш, зариф ва кунҷков ба назар мерасад.
Симои дигаре, ки боиси такони ҷиддии ҳолатҳои руҳии Қорӣишкамба гардидааст, тарҷумон аст. Маҳз ба тавассути тарҷумон калимаи «болшевик» дар дили Қорӣ-ишкамба тарсу ҳарос ҷой карда, оқибат сабаби ҳалокати ӯ мешавад. Хабари тарҷумон дар бораи тағйири ҳукумати Русия воситае гардидааст, ки нависанда изтиробу ҳаяҷони қалбии ӯро бо тамоми нозукӣ ба тасвир гирад. Ҳамаи образҳои дигари мусбату манфӣ боиси такмили паҳлуҳои гуногуни хислати Қорӣ-ишкамба гардидаанд.
Меҳнати бисёрсолаи нависанда боиси он шуд, ки «Марги судхӯр» аҳамияти умумиҷаҳонӣ пайдо намояд. Дар адабиётшиносӣ образи Қорӣ-ишкамба ба беҳтарин образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ, чун Шейлоки нависандаи англис Шекспир, Гобсеки нависандаи фаронсавӣ Балзак, Плюшкини нависандаи рус Н.В.Гогол, Иудушка Головлёви нависандаи рус С.Шедрин, Ҳоҷиоғои нависандаи эронӣ Содиқ Ҳидоят дар як саф гузошта шудааст.
1. Қориисмат образи асосии кадом асари устод Айнӣ мебошад?
А) «Одина»;
Б) «Дохунда»;
В) «Ғуломон»;
Г) «Марги судхӯр»;
Ғ) «Ёддоштҳо».
Реклама