Мавзуи баҳс
Ягона романи Ф. Муҳаммадиев – «Палатаи кунҷакӣ» бо эпиграфи «Чароғи падаронро фурӯзон дор» оғоз меёбад ва аз 33 боб иборат аст.
Дар роман як ҳуҷраи бемористон, ки дар дохили он чаҳор кат гузошта шудааст, тасвир ёфтааст. Шахсони муолиҷашаванда раиси кумитаи назорати халқ Носир Аббос, нафақахӯр ва иштирокчии ҷангҳои шаҳрвандию ватанӣ Ивонамак, коргар Каримҷонака ва филмбардор Иброҳимҷон Олимӣ мебошанд. Ҳамаи инҳо дучори сактаи дил шудаанд ва табиби ҷавон Алихон Зардодхон ба табобаташон машғул мебошад.
Баъд аз тасвири ҳуҷра – палата нависанда симоҳои дар ҳолати беморӣ қарордоштаро ба суҳбат медарорад. Ивонамак, Носир Аббос ва Каримҷонака аз норасоиҳои рӯзгор андеша ронда, сари мушкилоти он баҳс менамоянд. Насли ҷавон – Иброҳимҷони 27-сола бодиққат баҳси онҳоро ба мушоҳида мегирад. Ӯ ба андешаҳои наслҳои калонсол розӣ мешавад ва онҳоро дар ботин ҳақ мебарорад.
Наслҳои калонсол камбудиҳои ҷомеаро бо дарду ҳасрат қабул менамоянд. Муҳокимаву мулоҳизаҳои Носир Аббос ва Ивонамаку Каримҷонака аз пешомади харобиовари ҷомеаи шуравӣ дарак медиҳад. Яъне, андешаҳои онҳо аз муҳити танги як ҳуҷраи кунҷакӣ берун баромада, тамоми ҷомеаро фаро мегирад. Онҳо худ дар бистари беморӣ қарор дошта, дар фикри табобати дардҳои ҷомеа буданд. Ба қавли онҳо, ҷомеаро «камҳавсалагӣ ва коҳилӣ» фишор меоварад ва ин вазъият, асосан, ба шахсоне иртибот дорад, ки дар вазифаҳои масъуланду «виҷдонашон, имонашон, инсофашон, ғайрату ҳамияташон1 миёни чарб монда нопадид гаштаанд». Хусусан, Носир Аббос, ки вазифаи пурмасъулияти назоратиро ба уҳда дошт, чунин нобасомониҳоро борҳо мушоҳида намуда, ба хулосае омадааст, ки «ҳар як зараркунанда ҳам душман аст».
Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 70-ум дар сохторҳои давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ нобасомониҳоро ба мушоҳида мегирад. Нависанда гӯё 20 – 25 сол пеш хатари барҳамхӯрии ҷомеаи шуравиро пешгӯйӣ кардааст. Зеро сафи зиёнкорон рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ин ҷиҳат чунин маънӣ дошт, ки оқибати Давлати Шуравӣ дар хатар аст. Персонажҳои калонсоли «Палатаи кунҷакӣ» низ як вақтҳо дар сари вазифаҳои расмӣ буданд ва дар сохтмони ҷомеа заҳматҳо кашида, барои фарзандон шароити мусоид фароҳам оварданд. Акнун дар ҳолати беморӣ ҳама сарнавишти хешро пеши назар меоранд. Онҳо бештар аз камбудиҳои ҷомеа, ки ба фаъолияти роҳбарҳо вобастагӣ доранд, баҳс менамоянд. Ба ақидаи Иброҳимҷон: «Инсон, охир ҳамон аст, ки на фақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад...
Агар дар вуҷуди навъи башар ҳамин чизи муқаддас, ҳамин нури пок намешуд, таҳаввулот намебуд, дар бадали ин даҳ ҳазор соли охир аз табари сангӣ то ба киштии атомӣ ё ракетаҳои кайҳоннавард намерасид, бешак».
Хатти аввали сужет
Романи «Палатаи кунҷакӣ» ду хатти сужет дорад. Самти якум ба фаъолияти се насли аввали одамон дар ҷомеаи сотсиалистӣ иртибот дорад. Дар тасвири адиб инҳо шахсонеанд, ки дар сохтмони ҷомеаи шуравӣ иштироки фаъол доштанд. Акнун харобшавии онро мушоҳида карда ба ташвиш омадаанд, вале ғайр аз байни худ муҳокима кардану афсӯс хӯрдан дигар чора надоранд. Дар афкори онҳо таҳлилҳои илмӣ кам ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки муаллиф барои пурқувват намудани мантиқи баён нутқи онҳоро бо ривоят, мақолу зарбул масал ё порчаҳои шеърии шоирони машҳур оро медиҳад.
1 Ҳамият — номус, нанг, ҳаё.
Ибораҳои рехта, суханҳои ҳикматнок ва мақолу зарбулмасалҳо, махсусан дар сухани Носир Аббос мақоми сазовор дорад. Нависанда андешаи Носир Аббосро дар бораи Бекназар ном падаре, ки духтарашро аз ғайри хоҳиши ӯ ба каси дигар ба шавҳар доданӣ мешавад, чунин ба қалам додааст: «Фарзанд – меваи ширин. Баъзан дар ҳисси ғамхориву парасторӣ ҳам кас қадаре аз ҳад гузаштанашро нафаҳмида мемонад. Чуноне ки баъзе модарон кӯдаки навзодро аз рӯйи меҳр сахт оғӯш карда, нафасгардон мекунанд. Рафиқаш ҳам, Носир Аббос ҳам ин нуктаро хуб медонанд... Лекин гуфтаанд, ки илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ бояд кард».
Ф. Муҳаммадиев дар «Палатаи кунҷакӣ» ба Хайёму Саъдӣ, Камоли Хуҷандиву Ҷалолуддини Румӣ ва Ҳилоливу Бедил муроҷиат менамояд, аз адабиёти Аврупо мисол меорад ва ба ин восита хусусияти маърифатнокӣ ва андешапарварии асарашро пурқувват менамояд. Аз ин ҷиҳат, ба миён гузоштани масъалаи аз рӯйи нусхаи асл қироат кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷолиби диққат аст. Каримҷонака мухлиси «Шоҳнома» буд ва ҳар сари чанд вақт лаҳзаҳои ҷангро аз матни ба наср гардондаи асар қироат мекард. Иброҳимҷон «ҳеҷ шарҳу тафсиру дигару дигар нусха ба аслаш баробар шуда наметавонад. Як худи сабти мисраъҳояш, оҳанги баёнаш – кони лаззат, олами ҳаловат» – гӯён таваҷҷуҳи Каримҷонакаро ба нусхаи аслии «Шоҳнома» ҷалб менамояд. Каримҷонака нусхаи аслии ин асарро ба воситаи писараш дастрас мекунад. Оҳиста-оҳиста аз хониши он ба ваҷд меояд. «Каримҷонака дасти озодашро дар ҳаво алвонҷ дода, чунон саргарми шеърхонӣ буд, ки ба паҳлуяш омадани духтурро, ҳатто ақаллан яктаҳи сафеди ӯро пай набурд:
Ду лашкар ба сони ду дарёи Чин,
Ту гӯйӣ, ки шуд ҷунб-ҷунбон замин.
Биёмад дамон Қорани Размзан
В-аз он сӯй Гарсевази пилтан.
Зи овози аспону гарди сипоҳ
На хуршед пайдо, на тобанда моҳ.
Дурахшидани теғи алмосгун,
Синонҳои оҳордида ба хун...»
Дар ҳақиқат, ягон нусхаи фаръ[177], ягон тарҷума ҷойи аслро гирифта наметавонад ва хонандагонро зарур аст, ки барои сайқал додани табъу завқ ба асли «Шоҳнома» таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Хатти дувуми сужет
Хатти дувуми сужет ба сарнавишти Иброҳимҷон ва Хиромон иртибот дорад. Иброҳим Олимӣ, ки касби филмбардорӣ дорад, аз аввал то охир воқеаҳои романро ба мушоҳида мегирад. Ин ҷо шохае аз фаъолияти касбии адиб, ки солиёни зиёд бо идораи филмсозии тоҷик ҳамкорӣ дошт, дида мешавад.
Иброҳимҷон ва Хиромон то ҷое аз таҷрибаи зиндагӣ бархурдоранд, вале ҳар ду ба шикасту рехти рӯзгор гирифтор шудаанд. Хиромон намояндаи занони солҳои 70-уми тоҷик аст, ки дар сохт моне вазифаи ронандагии кранро адо мекунад. Шавҳарашро ноҷавонмардон куштаанд, аз ин рӯ, ба мардон нафрат дорад.
Иброҳимҷон вобаста ба касби филмсозиаш ба Хиромон шинос мешавад ва ин шиносоӣ рафта-рафта тақдири онҳоро ба ҳам мепайвандад. Хиромон дар аввал Иброҳимҷонро аз қабили мардони ношуд медонист, баъдҳо ақидаашро тағйир дода, ба ӯ унс мегирад. Воқеа чунин ҷараён мегирад, ки Хиромони дар баландии кран қарордошта бо гуноҳи як марди нобакор аз кран чаппа мешавад. Ӯ нимишабӣ ба ҳуш омада, худро дар беморхона мебинад. Иброҳимҷон ин хабари мудҳишро шунида, ба беморхона мешитобад. Вақти суҳбат бо Хиромон аз ҷайби Иброҳимҷон даъватномаи тӯйи арӯсии онҳо намоён буд. Ин тасвир аз он шаҳодат медиҳад, ки Иброҳимҷону Хиромон тақдирашонро ба ҳам пайванд месозанд.
Ҷолиб аст, ки оғозу анҷоми сужети роман ба палатаи кунҷакӣ пайвастагӣ дорад. Ин ҳамон палата – ҳуҷраест, ки дар гӯшаи боғи истироҳатии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буд ва як вақтҳо худи нависанда бар асари бемории қалб дар ҳамин хуҷра табобат мегирифт. Метавон гуфт, ки асари мазкур то ҷое ба саҳифаҳои рӯзгори нависандаи он далолат мекунад.
Ф. Муҳаммадиев дар «Палатаи кунҷакӣ» масъалаҳои инсону инсонгароиро тарғибу ташвиқ кардааст. Қиссаҳои «Одамони куҳна» ва «Дар он дунё» ҳам сари ҳамин мавзуъ баҳс кардаанд.
1. Образҳои Носир Аббос, Ивонамак, Каримҷонака ва Иброҳим ба кадом асари Ф. Муҳаммадиев тааллуқ доранд?
А) «Палатаи кунҷакӣ»;
Б) «Шоҳии япон»;
В) «Одамони куҳна»; Г) «Сози Мунаввар»;
Ғ) «Варта».
2. «Одамҳои боз нағзтар тарбия карданӣ бошед, корам боз пешрав шавад гӯед, ҳама додар, бародар барин аз як гиребон сар бардоранд гӯед, арақа манъ кунетон». Ин сухани кӣ ва аз кадом асари Ф. Муҳаммадиев аст?
А) Носир Аббос, аз «Палатаи кунҷакӣ»;
Б) Усто Оқил, аз «Рӯзи дафни усто Оқил»;
В) Зиёбобо, аз «Одамони куҳна»;
Г) Мунаввар, аз «Сози Мунаввар»;
Ғ) Ашраф, аз «Савдои умр».
Реклама