«ФАРЁДИ БЕФАРЁДРАС» – ДАРДНОМАИ МИЛЛАТ

Маҷмуаи «Фарёди бефарёдрас», асосан, шеърҳои дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва сарсониҳои халқи тоҷик навиштаи Лоиқ Шер алиро дар бар кардааст. Ин маҷмуа аз 30 шеъри гуногунмавзуъ, 88 ғазал, қисматҳои «Аз «Ҷоми Хайём», «Идомаи «Резаборон», «Хурдаҳо ва такбайтиҳо» ва «Рӯйи одамҳо» иборат буда, аксари шеърҳо таърихи эҷод доранд. Шеърҳои «Соқиномаи имрӯзин», «Зангӯлаи бедорӣ», «Барои соҳибназарон», «Алорағми маҳалгароён», «Зарафшон, модари зорам», «Хонаи шоир», «Ману ту», «Гӯри Дониш дар куҷост?», «Чашмони Олимпур» бо таърихи таълифашон иртиботи комил доранд. Шеъри «Илтиҷо аз камонмардон» декабри соли 1994 навишта шудааст ва дар Тоҷикистон ин айёме буд, ки силоҳбадастон бо роҳнамоии хоҷагони худ рехтани хуни ноҳақро идома медоданд. Шоири озурдахотир силоҳбадастонро ҳушдор медиҳад, ки силоҳро ҳар чӣ тезтар ба замин гузоранд. Дар акси ҳол дер мешавад ва пушаймонӣ фоида надорад:

Камонмардон!..

Агар ҳоло намефаҳмед,

Рӯзе нек мефаҳмед, ки тир аз камон рафтаст

Ва рӯзе нек мефаҳмед ҳар тире, ки афкандед,

Ба мағзи устухони тоҷикон рафтаст.

Шумо як рӯз мефаҳмед,

Ки худ ёрӣ ба душман кардаед, эй вой!

Ки худ бунёди меҳан кандаед, эй вой!

Фоҷиаи ба сари мардум омада боис гардид, ки дар назми даврони истиқлоли тоҷик марсиясароӣ мавқеъ пайдо намояд. Шеърҳои Лоиқ Шералӣ «Чашмони Олимпур», «Падарам, во падарам», «Марсияи Ҷамшед», ки ба марги фоҷиавии ҳунарманди шинохта Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигору вакили халқ Муродуллоҳ Шералӣ ва табиби ҳозиқ Ҷамшед Осимӣ бахшида шудаанд, пурсӯзу ҷонгудоз мебошанд. Такрору хитоба, рамзу киноя ва тавсифҳои ҳузнангез қувваи ифоданокии марсияҳои мазкурро афзуда, ба хонанда таассуроти гароне боқӣ мегузорад:

Наъши[207] хунини падар дар назарам,

Хоки олам ба сарам!

Ашки хунин бичакад аз басарам.

Тири ноҳақ, ки аду бар ҷигари ӯ зада буд,

Мехӯрад ҳар нафасе бар ҷигарам.

Ҷавҳари маънии дунё, падарам,

Падарам, во падарам, во падарам!

Мазаммати маҳалгароӣ Лоиқ Шералӣ кӯшиш намудааст, ки саба би ба ин фоҷиа гирифтор шудани мардуми ҷафокаши тоҷикро муайян кунад. Дар тасвири шоир падидаи номатлубе, ки боиси cap задани ҷанги шаҳрвандӣ гардидааст, маҳалгароӣ мебошад. Маҳалгароӣ натиҷаи тафаккури маҳдуд ва сатҳи пасти ҷаҳонбиниву фаросати нокифояи гурӯҳи одамон буда, ғайр аз муноқиша, тафриқаандозӣ ва норозигӣ дигар самаре ба бор намеорад. Моҳияти харобиовари маҳалгароӣ ва табиати зиддихалқии он дар таркиббанди «Ману ту» хеле воқеӣ таъкид гардидааст:

Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ[208] гуфтем,

Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем...

Баски бегонапарастем, амон аз ману ту,

Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту.

Шоир дар чордаҳ банди шашмисраӣ тамоми паҳлуҳои харобиовари маҳалгароиро пеши назар меорад. Маҳалгароӣ аз ҳавсалатангӣ, даббаву дангӣ, гиҷу гарангӣ ва дурӯйиву дурангӣ сар мезанад, нишонааш бефарҳангӣ, бегонапарастӣ, беҳунарӣ ва натиҷааш зиддият, қатлу ғорат, муҳтоҷӣ, сарсониву саргардонии халқ ва харобиву гирифтории мулк мебошад. Ҷанг чун натиҷаи ниҳоии маҳалгароӣ зиддиятҳои тарафҳоро ба авҷи аъло расонда, роҳи оштӣ ва гузаштро ниҳоят душворгузар менамояд. Шоир бо сӯзу гудоз дилу дидаи кӯр, кӯтоҳии ақлу шуур ва бадхоҳии ҳамдигарии гурӯҳҳои маҳалгароро сарзаниш намуда, ягона роҳи аз ин вартаи ҳалокат раҳондани халқу Ватанро дар оштиву аҳду паймони ҳамватанӣ медонад. Ин маънӣ дар байти ҷамъбастӣ таъкид гардидааст. Таркиби амон[209] аз ману ту, ки 28 бор ба паҳлуҳои маҳалгароӣ ва ҷудоиандозӣ ишора мекунад, дар байти мақтаъ тобиши дигар дорад:

Пас, биё, даст ба ҳам додаву паймон созем,

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,

На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке инсон созем!

То дигар бор нагӯем, амон аз ману ту!

То ба такрор нагӯем, амон аз ману ту!

Муборакнома

Шоир падидаи маҳалгароӣ ва ба қисматҳои шимолию ҷанубӣ ҷудо кардани халқи тоҷикро ба сангҳои зерину болои осиё монанд кардааст, ки аз бархӯрди онҳо миллат соиш ёфта орд мешавад ва мавҷудияташ дар зери хавф мемонад.

Ҳолати руҳии устод Лоиқ баробари ба ифоқа омадани тарафҳои даргир болида мегардад ва аввалин шуда бо муборакномаи худ сулҳу оштии миллиро ба ҳамдиёрон табрик мегӯяд. Ин муборакнома, ки январи соли 1997 навишта шудааст, дар шакли ғазал буда, аз 12 байт иборат аст. Дар он шодиву хурсандӣ ва умеду орзуи мардуми тоҷик бо тамоми ифоданокӣ ва дилрабоӣ ба қалам омадааст:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад...

Пири Канъоно, чашми ту равшан!

Юсуфи дилфигори мо омад.

Дар ин ғазал ҳар як калимаву ибора боиси афзоиши ифоданокии матн гардидааст. Вазну қофия ва радиф, санъатҳои бадеии талмеҳу тазод ва ташбеҳу тавсиф дар ҳаёти мардуми ҷабрдидаи мо чи қадар зарур будани сулҳи деринтизорро талқин менамояд. Аз ҷумла, ба Пири Канъон (падари Юсуф) нисбат додани мардуми тоҷик ва ба Юсуф ташбеҳ кардани сулҳи деринтизори тоҷикон хеле табиӣ ва самимӣ мебошад. Чи хеле ки чашми аз ҳаҷри фарзанд нобиношудаи Яъқуб аз дидори Юсуф боз нур мегирад, мардуми тоҷик низ аз омадани сулҳи деринтизор комгору шарафёб мегардад.

Масъалаи дигаре, ки дар ғазали мазкур ба миён гузошта шудааст, масъулиятшиносӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебо шад. Барқарор гардидани сулҳу оштии миллӣ масъулияти қаҳрамони лирикиро назди халқу Ватан меафзояд. Ӯ аҳд меку над, ки минбаъд халқашро аз шарри гурӯҳҳои ҷудоихоҳ эмин дорад. Ин нуктаро байти зерин басо ҷолиб ифода намудааст:

Кӯҳсоро, бубахш пастии мо,

Нангу ному виқори мо омад.

Қаҳрамони лирикӣ аз он қаноатманд аст, ки гурӯҳҳои даргири қавми тоҷик хатои худро зуд дарк намуда, чун мулки кӯҳсорашон боз бовиқору сарбаланд гардиданд. Ин ғазал эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти ватандории хонандаи ҷавонро тақвият медиҳад. Сухан кӯтоҳ, ашъори даврони истиқлоли устод Лоиқ ба шароити давру замон мувофиқати комил доранд. Дар онҳо дарду ҳасрат ва орзуву ормонҳои халқи тоҷик ба таври возеҳ ба тасвир омадаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи маҷмуаи «Фарёди бефарёдрас» маълумот диҳед.
  2. Шеъри «Илтиҷо аз камонмардон» кадом масъаларо дар бар мегирад ?
  3. Оид ба марсияҳои Лоиқ сухан гӯед.
  4. Шеъри «Ману ту» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
  5. Фоҷиаи миллати тоҷик боз дар кадом шеърҳои Лоиқ акс ёфтааст?
  6. Ғазали муборакномаи Лоиқро аз ёд кунед ва шарҳ диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Шеърҳои «Забонгумкарда», «Хоки Ватан», «Деҳи кӯчида», «Ганҷи кӯҳистон» аз они кадом шоир аст?

А) Лоиқ Шералӣ;

Б) Муъмин Қаноат;

В) Гулрухсор;

Г) Гулназар;

Ғ) Раҳмат Назрӣ.

2. Байти зерин ба кадом шеъри «Модарнома»-и Лоиқ тааллуқ дорад?

Як нигаҳи шуълавари модарон,

Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.

А) «Модар»;

Б) «Қасидаи модар»;

В) «Қарз»;

Г) «Ҷомаи гадоӣ»;

Ғ) «Волотар аз ҳама».

Реклама