Назарияи адабиёт
Анъана ва навоварӣ чун истилоҳоти асосии назарияи адабиёт тамоми рукнҳои адабиёти бадеиро фаро мегирад. Ин ду мафҳум чун гӯшту нохун ба ҳам пайваст буда, шарти асо-
сии мавҷудият ва инкишофи адабиёти бадеӣ ба ҳисоб мераванд.
Анъана калимаи арабӣ буда, маънои луғавии он аз забони касе ҳикоя кардан, аз гузаштаи худ фахр кардан мебошад. Дар адабиётшиносии Аврупо ва рус ин мафҳум бо калимаи лотинии традитсия ифода мешавад. Дар адабиётшиносии классикии форсу тоҷик мафҳуми анъана ба воситаи калимаҳои суннат, урф баён мегардид:
Лекин чу суннатест қадимӣ, раво бувад
Эҳёи суннати шуарои бузургвор.
(Анварӣ)
Дар адабиётшиносӣ ҳангоми эҷоди асар аз таҷриба ва дастовардҳои адабиву эстетикии адибони пешин истифода кардани шоиру нависандагонро анъана меноманд. Анъана ба ду қисмат – анъанаи шоиста (хуб, пешқадам) ва анъанаи ношоиста (куҳнашуда, маҳдуд) ҷудо мешавад. Анъанаи пешқадам ба наслҳои оянда ба тариқи мерос боқӣ гузоштани он таҷрибаи эстетикию бадеӣ мебошад, ки дар беҳтарин осори даҳонию хаттии ниёгон ифода ёфтааст. Анъана дар ҳамаи унсурҳои адабиёти бадеӣ, чун мавзуъ, ғоя, сужет, образ, жанр, сабк, санъатҳои бадеӣ, қолибҳои адабӣ, забон, метод, мушоҳида мешавад. Вале нисбат ба унсурҳои мундариҷа ҷузъҳои шакл бештар чун анъана давом карда, умри дарозтар мебинанд.
Маданияти қадим, завқи баланди эстетикӣ, забони хушоҳанг ва муҳити адабии муътадил халқи тоҷикро соҳиби анъанаи бой ва мустаҳками адабӣ намудааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки дар шеъри тоҷик анъанаи арӯз, қофия, ғазал, мусаммат, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ идома дорад. Аз тарафи дигар, анъана дар инкишофи адабиёти бадеӣ мавқеи калон дошта, барои ривоҷи минбаъдаи он ҳамчун таҳкурсӣ ва заминаи муҳим хидмат мекунад. Дар рушду камоли эҷодии намояндагони барҷастаи адабиёти давраи нав, чун С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М.Турсунзода, С.Улуғзода, Ф.Муҳаммадиев, М.Қаноат, Ш.Лоиқ, анъанаи ғании адабиёти классикии форсу тоҷик мавқеи бағоят муҳим дорад.
Истилоҳи навоварӣ низ чун истилоҳи анъана қадимӣ буда, дар адабиёти асримиёнагии форсу тоҷик бо мафҳумҳои нав, навовар, нав овардан ифода мешавад:
Фасона гашту куҳан шуд ҳадиси Искандар,
Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар.
(Фаррухӣ)
Дар адабиётшиносӣ он чизи наве, ки дар ҷараёни эҷод адиб дар баробари истифодаи анъана дар асарҳояш ворид менамояд, навоварӣ ном дорад. Навоварӣ барои дар сатҳи боз ҳам баландтар ҷилвагар шудани ҳунари нигорандагии адиб, ба талаботи замон ва завқи бадеии ҷомеа мувофиқ омадани асарҳои бадеӣ зарур аст. Навоварии адабӣ омили муҳимми равнақи адабиёт аст ва бе навоварӣ адабиёти бадеӣ на танҳо инкишоф намеёбад, балки ба дараҷаи нестӣ мерасад.
Навоварӣ дар шакл ва дар мазмуни асари адабӣ рӯй диҳад ҳам, он бештар дар мундариҷа ба амал меояд, зеро мундариҷаи адабиёт табиати иҷтимоӣ дорад. Ҳар давраи таърихӣ ба нависандагон мавзуъҳои мушаххас пешниҳод мекунад. Адибе, ки ин мавзуъҳоро бо маҳорати баланд ва мувофиқи идеали ҷомеа инъикос карда тавонад, адиби навовар аст. Муҳимтарин масъалае, ки ибтидои асри X ба адабиёти форсу тоҷик пешниҳод намуд, мавзуъҳои дӯстиву рафоқат ва омӯхтани илму дониш буд ва ба ин талаботи давр, беш аз ҳама, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷавоби сазовор дода тавонист. Нимаи дуюми асри X дар назди адабиёти бадеии мо масъалаи ватанпарвариро ба миён гузошт, ки ба он Абулқосими Фирдавсӣ ҷавоби арзанда дод.
Масъалаҳои асосии адабиёти тоҷик дар давраи истиқлолият худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва рӯ овардан ба илму арзишҳои волои фарҳангӣ мебошанд.
Адибони ҳунарвар ҳангоми эҷод бояд ин зарурат ва эҳтиёҷи замонро ба назар гиранд.
Навоварӣ ҳам, мисли анъана, шоиста (пешқадам, ҳақиқӣ, холисона) ва сохта (ғайри ҳақиқӣ, ғаразкорона) мешавад. Агар навоварии адиб худсарона, аз ҳавову ҳавас, ғайри талаби замон ва завқу зебоишиносии мардум ба вуқӯъ пайваста бошад, навоварии сохта аст. Масалан, навпардозии шоир Баҳриддин Азизӣ (1895 – 1944), ки анъанаи ҳазорсолаи арӯзро инкор мекард, навоварии худсарона буд ва бинобар ин, умри дароз надид. Навоварии сохта ба инкишофи адабиёти бадеӣ ва завқи сухансанҷии мардум таъсири манфӣ мерасонад.
Навоварии шоиста ё пешқадам мувофиқи талаботи замон, ҳунари нигорандагии нависанда, завқи сухансанҷии ҷомеа ва дараҷаи тафаккури адабию эстетикии умумиҷаҳонӣ ба амал омада, боиси пешрафти минбаъдаи адабиёти бадеӣ мегардад. Достонҳои «Ҳасани аробакаш»-и М.Турсунзода, «Сурӯши Сталинград»-и М.Қаноат намунаи барҷастаи асарҳои навоваронаи адабиёти давраи нави тоҷик мебошанд. Ин аст, ки навоварии шоиста аз тарафи аҳли адаб зуд дастгирӣ ёфта, чун «Xамса»-и Низомии Ганҷавӣ минбаъд пайравони зиёд пайдо мекунад.
Анъана ва навоварӣ ба ҳам пайваста буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Навоварӣ ба анъана такя намуда, аз инкишофи минбаъдаи он ҳосил мешавад ва бо мурури замон худ ба анъана табдил ёфта, барои чизи нав замина фароҳам меорад.
1. Робитае, ки адабиёти гузаштаро ба адабиёти имрӯза пайваст менамояд, чӣ номида мешавад?
А) Жанр;
Б) Руҷӯъ;
В) Навоварӣ; Г) Анъана;
Ғ) Тасвир.
Реклама