Назарияи адабиёт
Ҳикоя (арабӣ – нақл, ривоят, сухан) як навъи асарҳои ҳамосӣ мебошад. Ҳикоя асари хурди бадеӣ буда, як воқеаро аз зиндагӣ ва ҳаёти инсон дар бар мегирад. Муҳимтарин ху-
сусияти ҳикоя ин аст, ки дар он воқеа аз ҷиҳати замону макон ва ҳаҷм маҳдуд ва фишурда мебошад. Нависанда ягон ҳодисаро аз ҳаёти ин ё он шахс ба тасвир гирифта, хусусияти муҳимми зиндагии ӯро ба воситаи ҳамин лавҳа тасвир менамояд.
Дар китобҳои адабӣ, таърихӣ, динӣ ва тасаввуфӣ ҳикояҳои зиёде оварда шудаанд. Намунаи комили ҳикояҳо дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк,
«Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба назар мерасанд. Ҳамчунин, дар асарҳои манзуми «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра ҳикояҳои бисёр ба назар мерасанд.
Аксари ҳикояҳои адабиёти классикӣ дар асоси як ҳодисаи хурд фароҳам омада, дар онҳо миқдори ками персонажҳо ширкат меварзанд. Дар чунин ҳикояҳо зиддият сода буда, нақли воқеаҳо мавқеъ доранд. Ғайр аз ин, дар ҳикояҳои адабиёти классикии тоҷик мавзуъҳои пандуахлоқӣ зиёдтар мушоҳида мешаванд ва мундариҷаи ҳикояҳои насрӣ бо порчаҳои шеърӣ ороиш ёфтаанд.
Таваҷҷуҳ намоед ба як ҳикояи Саъдӣ:
«Ду дарвеши хуросонӣ мулозими[8] суҳбати якдигар сафар карданд. Яке заиф[9] буд, ки ба ҳар ду шаб ифтор кардӣ ва дигаре қавӣ[10], ки рӯзе се бор хӯрдӣ. Қазоро бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд. Ҳар дуро ба хонае карданд ва дар ба гил бароварданд. Баъд аз ду ҳафта маълум шуд, ки бегуноҳанд. Қавиро диданд мурда ва заиф ҷон ба саломат бурда. Дар ин аҷаб монданд.
Ҳакиме гуфт:
– Хилофи ин аҷаб будӣ. Он яке бисёрхор буд, тоқати бенавоӣ наёвард, ба сахтӣ ҳалок шуд. Ва ин дигар хештандор[11] буд, лоҷарам дар одати хештан сабр карда ва ба саломат бимонд.
Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро, Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад. Ва гар танпарвар аст андар фарохӣ, Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад».
Ин ҳикояи ҳаҷман хурд бо забони шево эҷод гардидааст. Сужет ба воситаи образи ду дарвеш фароҳам омадааст. Воқеа ба тасвири ҷузъе аз симои зоҳирӣ (яке заиф, дигаре қавӣ) ва ҷузъе аз хислату табиати (яке қаноатпеша, дигаре боиштиҳо) ду дарвеш инкишоф меёбад ва мундариҷаи ҳикояро сухани ҳаким ба анҷом мерасонад. Нависанда ба воситаи порчаи шеърӣ руҳи пандуахлоқии ҳикояро тақвият медиҳад. Дар ин ҳикоя ягон калима ё таркиби зиёдатӣ, ки боиси тафсилоти фикр гардида бошад, нест.
Тағйирот дар жанри ҳикоя
Аз нимаи дувуми асри ХIХ сар карда, дар жанри ҳикояи тоҷик тағйирот ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, дар адабиёти маорифпарварӣ ва ҷадидӣ доираи мавзуи ҳикоя васеъ гардид, масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ, воқеаҳои мухталифи реалию бофта дар ҳикоя ворид шуданд.
Баъдтар, аз солҳои 20 ва 30-юми асри ХХ сар карда, дар зери таъсири адибони рус ва Аврупо дар шаклу услуби ҳикоянависии адабиёти тоҷик тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Дар ҳикояҳои давраи нави адабиёти тоҷик услуби реалистии тасвир мавқеъ пайдо намуд. Ин ҳолат дар ҳикояҳои Ҳаким Карим, Пӯлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев равшан ба назар мерасад. Ҳаким Карим дар адабиёти тоҷик нахустин силсилаи ҳикояҳоро офарид. Образи асосии ҳикояҳои «Бева», «Кампир» ва «Раиса» як кас – Одинамоҳ мебошад. Ҳамчунин, Ҳаким Карим ба соданависӣ ва кӯтоҳбаёнӣ диққати ҷиддӣ медод. Ба порчаи зерини ҳикояи «Хаппак» таваҷҷуҳ намоед: «Чароғ зихна1 буд. Равшании он аз давра дур намерафт. Ҳаво сарднамо буд. Аз як гӯшаи ин говхонаи дирӯза тик-тик борон чакида, манмании худро дар амал нишон медод. Изғирин2 гоҳ-гоҳ аз тарқиши дар ба хона медаромад, забони оташи лампаро мерақсонд. Нисфи болоии шишаи лампа аз шаби дар берун будагӣ монданӣ надошт».
Устоди ҳикояи рус А.П. Чехов оид ба бандубасти (композитсияи) ҳикоя фикри ҷолиб баён кардааст: «Медонед, чӣ тавр на-
виштан даркор аст, ки ҳикоя нағз барояд? Бояд вай ягон чизи барзиёд надошта бошад. Худи саҳни киштӣ барин: дар он ягон чизи зиёдатӣ нест – дар ҳикоянависӣ низ ҳамин хел кардан лозим». «Бародарон», «Баҳор», «Муаллим» ном ҳикояҳои П. Толис, «Даъво», «Рӯзи дафни усто Оқил», «Роҳ» ном ҳикояҳои Ф.Муҳаммадиев ба ин талабот мувофиқ меоянд.
Баъзан, дар ҳикоя воқеа ва амалиёту муносибати персонажҳо мавқеъ надорад ва мундариҷаи он ба воситаи ҳиссиёту андешаи муаллиф оид ба ҳаёти ҷомеа фароҳам меояд. Чунин ҳикояро ҳикояи лирикӣ меноманд. Дар адабиёти тоҷик «Баҳор» ва «Монанди гул нашкуфтӣ»-и Ҳаким Карим намунаи ҳикояҳои лирикӣ мебошанд.
Реклама