САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ

(1953 – 2000)

Зиндагинома

Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Дектури ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда дар деҳаи Афардии ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доштанд. Аз ин рӯ, адиб Афардӣ тахаллус гирифтааст.

Сайф Раҳимзод пас аз хатми мактаби миёна чанд муддат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чун рассоми кинотеатр кор мекунад. Ӯ як муддат ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқии мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ва баъдтар коргари комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе буд. Сайф соли 1975 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи дав латии Тоҷикистонро хатм намуд. Чанд муддат дар телевизиони тоҷик фаъолият намуд. Баъдҳо раиси Комитети киносозони ҷумҳурӣ таъйин мешавад. Як давра бо мутахассисони шуравӣ дар Афғонистон кор кардааст. Аз соли 1983 масъулияти сармуҳаррири редаксияи мусиқии радиоро бар дӯш гирифтааст. Аз соли 1997 то охири умр чун раиси Комитети телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. 20 майи соли 2000 риштаи ҳаёти Сайф Раҳимзод канда шуд. Сайф Раҳимзод соли 1995 ба Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ ва соли 2002 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид.

Мундариҷаи эҷодиёт

Аввалин ҳикояи нависанда бо номи «Гунҷишки сафед» соли 1975 ба табъ мерасад. Нахустин маҷмуаи адиб «Ситораҳои сари танӯр» (1984) ном дошта, он қиссаи «Ситораҳои сари танӯр», ҳикояҳои «Гунҷишки сафед», «Падруду пайғом» ва очеркҳои «Як ниҳоле, чанд дарахте», «Момаи Олия»- ро фароҳам овардааст. Китобҳои минбаъдаи Сайф бо номҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1988), «Дурӯғи сафед» (1998), «Васвасаҳои Зикривайҳ» (1999) «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои офтоб» (2003),”Хаёл” (2014), «Чашми саҳар» (2014) дастраси ҳаводорони эҷодиёташ гардидаанд.

Сайф Раҳимзод аз рӯйи қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» бо ҳамин ном филми ҳунарӣ бардоштааст. Ҳамчунин, силсилафилмҳои мустанади нависанда бо номҳои «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чорсе» ва «Зеру рӯйи бомҳо» дилнишину зебо ва табиӣ офарида шудаанд. Осори Сайф Раҳимзод ба русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд.

Сайф Раҳимзод аз нахустин қадамҳои эҷодӣ ба тасвирҳои рангомезу шоирона майл мекунад ва аз чакидаҳои хомаи ӯ нафаси тозаву гарм эҳсос мешавад.

Чунонки мебинем, дар ҳикояи аввалини Сайф – «Гунҷишки сафед» тасвир то чӣ андоза зинда, пуробуранг ва шавқовар буда, ҷумлаҳо хушоянд, пурзарофат ва образнок садо медиҳанд. Хонанда аз шавқу шӯр ва кунҷковии қаҳрамони ҳикоя, ки писараки 6-7-сола мебошад, ба ваҷд меояд ва ҳамроҳи ӯ лаҳзае ба солҳои кӯдакияш бармегардад:

Оча! Сояам ку? Ёфта биёр!

Худат кофта биёв, бачам, – ба гӯшам мерасад овози модарам.

Намедонам, ки ӯ дар куҷост, дар молхона аст ё дар ошхона, гов медӯшад ё хамир мекунад. Ҳеҷ гап не, ҳозир...

Оча, гиря мекунам!

Барои чӣ, бачам?

Сояам нест!

Ягон ҷо хоб будагист. Ҳоло ҳама сояҳо хобанд. Бубин, сояи ман ҳам нест.

Сояҳо дар куҷо хоб мекунанд?

Дар ҳамин наздикиҳо.

Пас, сояи маро бедор мекунӣ?

Дастам хамиролуд аст, андак биист, хамира бихелам...

Насри Сайф Раҳимзод аз як асар то асари дигар такмил меёбад. Қиссаи калонҳаҷми нависанда «Таронаҳо ва тавбаҳо» аз офаридаҳои пешини адиб тафовути ҳунарӣ дорад. Қаҳрамони марказии асар Хугара ҷавонест 14-сола, якраву кунҷков, зираку худшинос ва фаъолияти ғайриодӣ дорад. Дар нигоҳи ӯ ҷойе инсони одӣ пайкари хирад мешавад, ҷойе духтарони пахтакор ба даруни оби заҳролуд ҳусни париро мегиранд ва беолоишу пурназокат мешаванд: «Арвоҳи модари пирам дар саргаҳи ҷӯйбораки хотираҳо ҷомаи дорухӯрдаи умри маро мешӯяд». Ё ки: «Чойник дар кафи ӯ мисли кабк метапад».

Дар чунин ҳолатҳо хонанда дар шахси Хугара, бобову бибии ӯ, Зина ва дигарон ба инсонҳои поксиришту хушахлоқ ва олами маънавиашон бой шинос мешавад. Хугара дар насри муосири тоҷик қаҳрамони тамоман нав аст.

Чанд китоби Сайф Раҳимзод, аз ҷумла «Доғҳои офтоб», баъди марги нависанда чоп мешаванд. Китоби «Доғҳои офтоб» аз се қисм иборат аст: «Доғҳои офтоб», «Доғистони ман», «Рӯйи ману зулфи шамол». Ин китоб хонандаи соҳибзавқро ба лаҳзаҳои зиёда дилнишину хотирмон, рафтору хислатҳои аҷиб ва чеҳраҳои нотак рори нуронӣ рӯ ба рӯ месозад. Аз «Доғҳои офтоб»: «Себест нимгаз ва механдад... Себак лаби пурхоки ин роҳро бӯсида-бӯсида пеш меравад. Малахҳо аз тарс худро дар паноҳи хорҳои бари роҳ мегиранд ва чашмони бузурги бари рӯяшонро ба нақши бӯсаҳои себак медӯзанд». Аз «Доғистони ман»: «Ранги шаб канд, шаб парешону бетоб шуд; тирагии шаб, ки шабеҳи пӯсти муш нарм буду тааффун1 дошт, мекоҳид, шаб сафед мешуд мисли талқон».2

Қисмати «Рӯйи ману зулфи шамол» хотироти нависандаро аз воқеаҳои Афғонистон дар бар мегирад ва хеле ҷолибу пурҷило мебошад: «Ман кӯр нестам, метавонам дунёро бо чашмони худ бубинам... Ин ҷо офтобро мекушанд. Ҳар бегоҳ ба сараш санг мезананд, сангсораш мекунанд. Офтоб зери санг мемонад... Субҳ боз бо ҳазор азобе аз зери санг мебарояд... »

Маҷмуаи «Дурӯғи сафед» аз ҳикояҳои бисёре, чун «Дурӯғи сафед», «Руф», «Аз розҳо, аз розҳо», «Васвасаҳои Зикривайҳ» иборат аст ва дар он орзую умеди нависанда ба воситаи образҳои ҷолиб хеле некбинона ва зиндадилона баён гардидааст. Аз ин ҷиҳат, ҳаёти бачаи панҷсолаи «шумқадам», аз ҳикояи «Додараки фариштаҳо», басо ҷолибу мароқангез аст. Ҳама, ҳатто падару модараш ин писаракро бе пайи қадам медонанд. Кӯдак аз ин муносибати одамони маҳалла ниҳоят дар азоб аст. Аммо худ бовар дорад, ки бе пайи қадам нест. Ва кӯшиш мекунад «шумқадам» набуданашро исбот намояд, ба одатҳои мардумӣ такя карда, рӯзи дафни хоҳари охиринаш ба дасти модар маҷбур дойра медиҳад ва исрор мекунад, ки модар дойра занад. Писарак дар ҳавои дойра ба рақс медарояд: «Як дунё маънӣ дошт ин рақс. Ин ҷо хашм буду нишот, андӯҳ буду бебокӣ ва дилтангӣ... Ин кӯдак, ин одамизода барои зиндагӣ мерақсид. Ин ҷо шӯри зиндагӣ, ҷовидонагӣ мечархид. Писарак бо садои дафу тарона ғамро дур месозад. Он шаб писарак дойра ба даст бихобид. Дойра мисли сипар ӯро гӯё аз ғаму андӯҳ ҳимоя мекард. Вай пирӯз шуда буд. Чи пирӯзии талх, чи кӯдакии душвор».

  1. Тааффун — бӯйи бад.
  2. Талқон — орди гандуми бирёнкарда ё меваи хушкондашуда.

Дар баъзе ҳикояҳои Сайф Раҳимзод оҳангҳои маҳзунӣ эҳсос мешавад. Қаҳрамонҳои ҳикояҳои «Дурӯғи сафед», «Руф» бемор ҳастанд. Майвалӣ (қаҳрамони ҳикояҳои «Тавбатаронаҳои Хугара», «Доғистони ман», «Башорат») девона аст. Майвалӣ девонаи беозор аст ва ҳастии худро дарк менамояд. «Вай бештар аз торикӣ метарсад. Ғуруби офтоб ӯро ғамгин мекунад, ба ваҳшат меорад ва ҷунунаш мегирад. Ҳар куҷое рӯшании чароғ ё оташи дегдон бошад, ба ҳамон ҷо мешитобад. Вақте бибиаш фонусе ба дасташ медод, «ҷаҳоне мешуд фусуномезу пурҷазаба». Яъне, девонагии ӯ ҷониби рӯшноӣ, накуӣ нигаронида шудааст. Мардуми бедард бошад, ба ҳоли ӯ механданд.

Дар ҳикояи «Доғистони ман» заминаҳои аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ нишон дода шудааст. Ин ҳикоя бо манзумаи пурсӯзу гудозе оғоз меёбад ва манзараи даҳшатовареро ба хонанда пешниҳод мекунад. Аз заҳри селитра ҳама – ҳам одамон, ҳам ҳайвоноту парандаҳо ва ҳам наботот дар азобанд, аз одамон бӯйи дору меояд. Баъд ин манзараи мудҳиш ба воситаи образҳо таъкид меёбад. Масалан, кӯдакони дардманд – Булаю Сафар пряникҳояшонро дар оби заҳролуди пахта тар карда мехӯранд. Ё худ, раиси колхоз ба сари Хугара чанд бор заҳр мепошад ва ғайра.

Ҳамин тариқ, образҳои ҳикояҳои маҷмуаи «Дурӯғи сафед» якдигарро аз ягон ҷиҳат такмил медиҳанд ва пурра мекунанд ва ҳама якҷо як образи куллро ба вуҷуд меоваранд. Сайф Раҳимзод инсонеро ситоиш мекунад, ки худ роҳи зиндагиашро муайян карда тавонад ва тақдирсоз бошад. Ин инсон, ки моҳияти ҳастии худро дарк кардааст, қаҳрамони нави адабиёти тоҷик мебошад. Сайф Раҳимзоди Афардӣ барои ба вуҷуд овардани асари асили адабиёт кӯшиш намуда, ба пояи баланди эҷодӣ расидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи зиндагиномаи Сайф Раҳимзод маълумот диҳед.
  2. Эҷодиёти нависанда кай оғоз ёфтааст ва аввалин маҷмуааш чӣ ном дорад?
  3. Чаро Сайф Раҳимзод нависандаи навовар мегӯянд?
  4. Қиссаи «Таронаҳо ва тавбаҳо» аз офаридаҳои пешинаи адиб чӣ тафовут дорад?
  5. Маҷмуаи «Дурӯғи сафед» кадом ҳикояҳоро фаро гирифтааст?
  6. Дар бораи образҳои Хугара ва Майвалӣ маълумот диҳед.
  7. Дар ҳикояи «Доғистони ман» кадом масъала ба миён гузошта шудааст?

Реклама