Ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ
Инқилоби нахустини Русия (1905 –1907) дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии сокинони Осиёи Миёна таъсири басо амиқ гузошт. Бар асари ҳодисаи мазкур дар ин сарзамин табақаи синфи коргар арзи вуҷуд кард, ки дар тарбияи маънавии онон нақши коргарони саноатии Русия бузург буд.
Дар айни замон воридоти рӯзафзуни саноати Русия ба саноати косибии маҳаллӣ зарба мезад. Дар Бухорои Шарқӣ – Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, Қаратоғ, Балҷувон истеҳсоли газворҳо, маснуоти кулолию чармгарӣ, асбоби зироаткорӣ, корду шамшер ва ғайра идома дошт, вале он ба саноати Русия рақобат карда наметавонист. Кишоварзон, махсусан сокинони кӯҳистони тоҷикро фишори иқтисодии дутарафа (яке ба воситаи хонҳои вилоятӣ ва дигаре аз ҷониби сармоядорони хориҷӣ) тамоман хору заиф гардонда буд.
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 – 1918) ва сиёсати мустамликадории Русия боиси сар задани шӯриши оммаи мардум дар Хуҷанд (1916) гардид. Аҳволи вазнини кишоварзону мардикорон ва ваҳшиёна пахш кардани шӯриши Хуҷанд кинаву адовати сокинони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷиконро, ба ҳукумати подшоҳии рус ва ҳукуматдорони маҳаллӣ боз ҳам афзуд.
Баъди инқилоби аввали рус дар Осиёи Миёна ҳаракатҳои зиёди зиддиҳукуматӣ пайдо шуданд, ки онҳо бо барномаҳои сиёсии худ амал мекарданд. Дар аморати Бухоро ягона ҷараёне, ки сиёсати мустабидонаи аморатро зери танқид мегирифт, ҳаракати ҷадидия ё ҷамъияти ҷавонон буд. Ҷараёни ҷадидияи Бухоро бо сарварии Абдулвоҳиди Мунзим (1875 – 1934) аз ибтидои асри ХХ фаъолият дошта, ба бедории шуури сиёсӣ ва афкори маърифатпарварии аҳолӣ саҳми муносиб гузошт. Ин ҳаракат, ки дар навбати худ боиси таъсис ёфтани ширкати «Бухорои шариф» (1909) ва ҷамъияти махфии сиёсию фарҳангии «Тарбияи атфол» (1910) гардида буд, бори аввал моҳи апрели соли 1917 ва бори дувум моҳи марти соли 1918 аз тарафи ҳукумати амирӣ бераҳмона пахш шуд. Бинобар ин, табақаҳои меҳнатии аҳолӣ ва зиёиён ба инқилоби Феврал ва инқилоби Октябри Русия бо умед менигаристанд ва дар барқарор намудани Ҳукумати Шуравӣ дар маҳалҳои худ мусоидат намуданд.
Ҳаёти фарҳангӣ
Дар нимаи дувуми асри Х1Х аз тарафи Русияи подшоҳӣ тасарруф намудани Осиёи Миёна боиси дар ин сарзаминҳо васеъ гардидани муносибатҳои фарҳангиву адабӣ гардид. Бо тақозои замон табақаи равшанфикрони ин минтақа ба фарҳангу адабиёти пешқадами Русия муроҷиат намуданд ва адабиётеро эътироф карданд, ки ба қалами А. С. Пушкин, Л. Н. Толстой, И. А. Крилов, А. П. Чехов, Н. В. Гогол барин адибони тараққихоҳи рус тааллуқ доштанд. Мардуми Осиёи Миёна дар ибтидо ба фарҳангу адабиёти аврупоӣ низ ба воситаи заҳматҳои зиёиёни рус шиносоӣ пайдо карданд.
Ба ҳаёти фарҳангию адабии халқи тоҷик инқилоби аввали Русия (1905–1907) ва инқилобҳои Туркия, Эрон ва дигар мамлакатҳои Шарқ (1905–1912) низ такони ҷиддӣ бахшиданд. Устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» (1921) ба ин муносибат навиштааст: «Аз соли 1905 то соли 1908 вазъият хеле тағйир ёфт. Дар байни ин солҳо матбуоти турку тотор, Истамбул, Миср ва Ҳиндустон дар Бухоро хеле хуб кор кард. Хусусан, китоби ба форсӣ таълифёфтаи «Саёҳатномаи Иброҳимбек» дар Бухоро паҳн шуд. Ин китоб доир ба аҳволи Эрон навишта шуда бошад ҳам, ҷойҳои танқидиаш айнан дар Бухоро буданд. Бинобар ин, мутолиаи ин китоб низ ба дигаргунии фикрии баъзе касон сабаб гардид».
Умуман, ибтидои асри ХХ – солҳои 1905 – 1917 дар таърихи халқи тоҷик чун давраи интибоҳӣ[2] – давраи бедорфикрӣ ва озодихоҳиву истиқлолталабӣ сабт гардидааст. Дар ин айём ба Тошканд ва Бухорову Самарқанд аз Оренбург, Қрим, Қазон, Аштархон, Боку, Тифлис барин шаҳрҳои қаламрави Русия ва мамлакатҳои Эрон, Афғонистон ва ғайра рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсӣ, рисолаҳои илмӣ ва асарҳои бадеӣ ворид мегардиданд.
Муносибатҳои адабӣ бештар ба воситаи тарҷума сурат мегирифт. Дар ин айём, одатан, асарҳои дилчаспи адибони арабизабон, фаронсавӣ, италиявӣ ва ғайра аз ҷониби адибони истамбулӣ, ба монанди Аҳмади Мидҳат (таваллуд 1822), ба забони туркӣ тарҷума шуда, баъд ба тоҷикӣ баргардонида мешуданд. Ба ин дас та асарҳои таърихнигори араб Ҷурҷӣ Зайдон (1861 – 1914), Жюл Верн (1828–1905), Александр Дюма (1824 – 1895), Виктор Гюго (1802–1885) ва амсоли онҳоро дохил кардан мумкин аст, ки дар Осиёи Миёна паҳн мешуданд. Дар ҳамин давра «Саёҳат дар се қитъаи рӯйи замин дар 29 рӯз» ном китоби нависанда ва публитсисти Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ таълиф ва дастраси хонандаи тоҷик гардид.
Дар радифи асарҳои мазкур «Тарҷумон» (Қрим), «Мулло Насриддин» (Тифлис), «Ҳаблулматин» (Калкатта), «Сироҷ-улмустақим» (Туркия), «Шуро» ва «Вақт» (Оренбург), «Хуршед» (Қазон) барин рӯзномаву маҷаллаҳо дар бедории фикрӣ ва андешаи сиёсии ислоҳталабӣ дар миёни зиёиёни тоҷик мусоидат намуданд. Дар зери таъсири матбуоти даврии аз хориҷи кишвар омада дар Бухоро ва Самарканд рӯзнома ва маҷаллаҳои «Бухорои шариф» (1912), «Турон» (1912), «Самарқанд» (1913) ва «Ойина» (1913) таъсис ёфтанд, ки ба сабаби тарғиби ғояҳои инқилобӣ баъди чанд муддат аз тарафи ҳукуматдорон баста шуданд.
Инчунин, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Абдуррауфи Фитрат барин зиёиёни тоҷик барои таъсис намудани мактабҳои нав (ё мактабҳои ҷадидӣ) ва таълифи китобҳои дарсӣ баҳри ин мактабҳо саъю талошҳои ҷиддӣ намуданд. Маълум аст, ки дар қаламрави аморати Бухоро шумораи зиёди мактабу мадрасаҳо мавҷуд буд. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дар ибтидои асри ХХ танҳо дар шаҳри Бухоро зиёда аз 200 мадраса фаъолият дошт, ки шумораи умумии хонандагони онҳо аз даҳ ҳазор зиёдтар буд. Вале дар ин мактабу мадрасаҳо асрҳо боз барномаҳои таълимӣ якранг давом карда, боиси қафомонии илму фарҳанг мегардид. Бинобар ин, зиёиёни тараққихоҳи тоҷик дар фикри барпо намудани мактабҳои сохти нав шуданд. Аввалин мактаби нави тоҷикӣ соли 1903 дар Самарқанд аз тарафи Абдулқодири Шакурӣ таъсис ёфт. Дар Бухоро аввалин мактаби ҷадидро соли 1908 Абдулвоҳиди Мунзим созмон дод. Дере нагузашта мактабҳои мазкур аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуданд. Бо вуҷуди ин, ҷамъияти ҷавонон аз соли 1913 сар карда дар шаҳр ва дар баъзе туманҳои Бухоро ба кушодани мактабҳои нав муваффақ гардиданд.
Абдулвоҳиди Мунзим бо ҳаммаслаконаш барои табъу нашри китобҳои дарсӣ, васоити таълимии мактабҳои нав, инчунин адабиёти гуногуни илмию бадеӣ, ширкати «Бухорои шариф» ва ҷамъияти «Тарбияи атфол»-ро таъсис дод. Бо дастгирию мадади ширкат ва ҷамъияти мазкур то инқилоби Бухоро (1920) китобҳои зиёди дарсӣ, аз ҷумла, «Тартил-ул-қуръон»-и С.Айнӣ чоп шуданд. Инчунин, барои мактабҳои нав китобҳои дарсии бис ёре, чун «Раҳбари хат»-и Мунзим, «Таҳзиб-ус-сибён», «Заруриёти диния»-и Садриддин Айнӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Шакурӣ, «Меъёр-ул-а хлоқ»-и Абдурраҳмони Тошкандӣ, «Китоб-улатфол»-и Беҳбудӣ, «Мухтасари таърихи ислом»-и Фитрат ба табъ расиданд.
Дар ҳаёти илмию фарҳангӣ ва бедории тафаккури сокинони аморати Бухоро дигар муассисаҳои сиёсию фарҳангии ҷараёни ҷадидия – ширкати «Баракат» (1914) ва китобхонаи «Маърифат» (1914) низ саҳми муносиб гузоштанд. Бо ёриву мадади ин муассисаҳо як идда ҷавонони болаёқат барои таҳсил ба донишгоҳҳои Истамбул, Оренбург, Қазон, Маскав барин шаҳрҳои Туркия ва Русия фиристода шуданд.
Умуман, аъзои ҳаракати ҷадидия бо ҷиддияти тамом дар паҳн намудани фикрҳои маорифпарваронаву озодихоҳона дар байни мардум кӯшиш карданд: дар шаҳри Бухоро ва туманҳои Вобканд, Ғиждувон, Чорҷӯй, Шаҳрисабз, Қаршӣ, Қароқул ва ғайра рӯзнома, маҷалла ва китобҳои дарсиро дастраси хонандагон намуданд ва бо ҳамин дар пешрафти фарҳанги мардуми тоҷик дар ибтидои асри ХХ саҳми муносиб гузоштанд.
Реклама